logo

сиёсат

ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ АЗ СИЛОҲИ ЯДРОӢ КАМ НЕСТ

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шароите ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ки ҷаҳони муосир шоҳиди буҳрони амиқи идеологист. Яке аз зуҳуроте, ки ҳоло ба вабои аср мубаддал гардидаву ба амнияти аҳолии сайёра таҳдид менамояд, ин тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимии мавзӯъ, дар мавриди хатарҳои глобалӣ ин зуҳуроти нангинро “хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир” хондаву паёмадҳои нохуши онро “на камтар аз силоҳи ядроӣ” арзёбӣ карданд.

Дарвоқеъ, ҷои таассуф аст, ки дар чанд даҳсолаи охир терроризму ифротгароӣ зери ниқоби гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ баромад намуда, хусусиятҳои диниву мазҳабӣ касб мекунанд. Яъне, гурӯҳҳои тундрав бо истифода аз ному мақоми дин ба қатлу куштор ва даҳшату ғорат даст мезананд. Чун ағлаби фирқаву ҷараёнҳои ифротӣ аз номи дини мубини ислом баромад намудаву аз ин оини муқаддас чун василаи татбиқи ҳадафҳои муғризона истифода мекунанд, дар натиҷа номи ислом ва пайравони он чун “дини терроризм” ва “террорист” доғдор мегардад. Дар ин маврид Президенти кишвар дуруст таъкид доштанд, ки “зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”.
Дар асл, шариати исломӣ зуҳуроти номатлуб ва даҳшатноки терроризму ифротгароиро шадидан маҳкум намуда, мусулмононро ба ваҳдату бародарӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, раҳму шафқат, эҳтироми байниҳамдигарӣ, иззату икроми волидайн ва дар маҷмӯъ ба аъмоли нек раҳнамоӣ мекунад. Чунончи, Худованд дар ояти 195-уми сураи “Бақара” мефармояд: “Ва дар роҳи Худо харҷ кунед ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед ва некукорӣ кунед! Ҳамоно Худо некукоронро дӯст медорад”.
Яъне, иштироки ҷавонон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳоро метавон “хештанро ба дасти худ ба вартаи ҳалокат афкандан” номид. Ин зумра ҷавонон аслан аз ноогоҳиву камсаводӣ ба ваъдаҳои пулу мол ва “биҳишт”-и ифротгароён бовар карда, ба сафи онҳо мепайванданд. Президенти кишвар дар Паёми худ барҳақ таъкид доштанд, ки сабаби аслии ба гурӯҳҳои тундрав пайвастани ҷавонон аз сатҳи пасти донишҳои замонавии онҳост.
Ба ҳар сурат, терроризму ифротгароӣ имрӯз аз мушкилоти рақами яки сайёра аст, ҳар як давлат муваззаф аст, ки барои пешгирӣ аз паёмадҳои ин зуҳурот аз тадбирҳои мушаххас ва муассир кор гирад. Чун ба андешаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “таърихи ду даҳсолаи ахири Афғонистон собит кард, ки терроризм ва ифротгароиро наметавон танҳо бо роҳи низомӣ решакан кард”. Ҷои баҳс нест, ки пайравони гурӯҳҳои ифротӣ, махсусан гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” барои таблиғ ва ҷалби ҷавонон ба сафи худ аз технологияи муосир фаровон истифода мекунанд. Дар ин росто, дастури Сарвари давлат ба мақомоти қудратӣ ҷиҳати ироаи пешниҳоди асоснок дар мавриди таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат саривақтӣ ва қобили дастгирист.
Аз нуктаҳои дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикршуда ба хубӣ ҳувайдост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби замон омода аст ва дар ин самт аз роҳу василаҳои мавҷуда истифода хоҳад кард. Зеро мардуми шарифи тоҷик, ки ҳанӯз дар солҳои нахустини мустақилияти кишвар чунин таҳдиду хатарҳоро дида буд, дар ин самт таҷриба дорад.
Аз ин рӯ, мутмаинем, ки мо, бо назардошти вазъи ҳассоси минтақа ва ҷаҳон дар партави сиёсати созандаи Президенти мамлакат ба гурӯҳҳои ғаразҷӯ имкон намедиҳем, ки суботи моро халалдор созанд.

Афшини МУҚИМ,
котиби матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2016    №: 18    Мутолиа карданд: 643

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед