logo

иқтисод

МЕЪМОРӢ. ЧӢ ТАВР АЗ МУШКИЛОТ БИРАҲЕМ?

Тайи чанд соли охир пойтахти кишварамон - Душанбеи азиз, ба як шаҳри наву дилрабо ва диданиву тамошобоб мубаддал гаштааст. Ва пӯшида нест, ки дар бунёди иншооти наву замонавӣ бо истифода аз рукнҳои санъати миллии таърихии тоҷикон саҳми меъморони ватанӣ хеле бузург аст. Баҳром Юсуфов, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи байналмилалии меъморӣ, академики Академияи байналмилалии мамлакатҳои Шарқ, барандаи Ҷоизаи байналмилалии меъмории ИДМ, бурду бохт, мушкилот ва нақшаҳои минбаъдаи меъморони кишварро ба хабарнигори рӯзнома чунин шарҳ дод:
- Баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ Иттифоқи меъморони Тоҷикистон низ ҳамчун ташкилоти ҷумҳуриявии мустақил узви баробарҳуқуқи Ассотсиатсияи байналмилалии иттифоқҳои меъморони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Иттифоқи меъморони байналмилалӣ гардид. Яке аз самтҳои муҳими кори мо роҳандозии робитаи қавӣ бо меъморони ҷавон мебошад. Бо ин мақсад дар Хонаи меъморон клуби “Меъморони ҷавон” ташкил шудааст, ки дар он донишомӯзони факултаи меъморӣ ва дизайни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барномаҳои электронии тарҳрезии Архикад, Автокад ва тартиб додани лоиҳаҳои кориро меомӯзанд.
Солҳои охир гузарондани намоиш - озмунҳои ҷумҳуриявии меъморон ба ҳукми анъана даромада, дар онҳо соҳибкасбон аз дастовардҳои якдигар ва равияҳои нави меъмории муосир огоҳ мегарданд.
Дар ин доира, моҳи октябри соли гузашта вакилони мо дар чорабиниҳои байналмилалии меъморӣ - конфронси Ассосиатсияи байналмилалии иттифоқҳои меъморон, намоиш - озмуни байналмилалии меъмории мамлакатҳои ИДМ ва намоиш - озмуни байналмилалии меъморони ҷавон «БОКУ - 2015» иштирок намуданд. Дар ин намоиш – озмунҳо меъморони тоҷик бо пешниҳоди лоиҳаҳои беҳтарини худ сазовори 5 ҷойи аввал, аз ҷумла, тарҳҳои маҷмааи биноҳои истиқоматии «Green Tawn” дар шаҳри Душанбе (ширкати лоиҳакашии «GM ва партнёрҳо», сармеъмори лоиҳа Ғайрат Аноров) сазовори ҷойи сеюм ва диплом, «Осорхонаи миллии шаҳри Хуҷанд» (ширкати лоиҳакашии «Архпроект» - и Иттифоқи меъморон) сазовори ҷойи аввал ва «Маҷмааи биноҳои истиқоматии «Ориён групп» дар шаҳри Душанбе (ширкати лоиҳакашии «GM ва партнёрҳо», сармеъмори лоиҳа Ғайрат Аноров, меъмор Фирдавс Азизов) сазовори ҷойи севум гардиданд.
Гузашта аз ин, лоиҳаи “Маҷмааи биноҳои маъмурии Хадамоти алоқа дар шаҳри Душанбе” дар Намоиш - озмуни байналмилалии меъморони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Алма – Ато сазовори Шоҳҷоиза ва медали тиллои Ассосиатсияи байналмилалии иттифоқҳои меъморон гардид.
Меъморӣ ин эҷодиёти коллективона мебошад ва меъморон набояд лоиҳаро дар танҳоӣ эҷод намоянд. Фикри як меъмор хуб аст, фикри сарҷамъонаи якчанд меъмор боз беҳтар.
Сарвари давлат доимо таъкид менамоянд, ки биноҳои сохташаванда бояд симои хоси меъмории миллӣ дошта бошанд. Мутаассифона, ҳангоми бунёди онҳо унсурҳои миллӣ нокифоя ва баъзан нодурусту номувофиқ истифода бурда мешаванд. Аз ин рӯ, ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ бояд шоҳкориҳои меъмории миллиро дуруст, бамаврид ва илман асоснок истифода барем. Дар ин ҷода омӯхтани таҷрибаи меъморони мамлакатҳои ҳамфарҳанг ва умуман Шарқ мувофиқи мақсад мебошад. Хуб мешуд, агар бо мақсади баланд бардоштани сатҳи меъморӣ ва пайдо намудани симои хоси миллии иншооти сохташаванда дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои кишвар лоиҳаҳои беҳтарини мутахассисони баландпояи меъморӣ фақат дар асоси гузарондани озмуни кушоди ҷумҳуриявӣ (на тендер) интихоб карда шаванд.
 Барои ноил гаштан ба ин ҳадафҳо дар навбати аввал савияи дониши донишҷӯёнеро, ки касби меъмориро меомӯзанд, дар сатҳи зарурӣ баланд бардоштан лозим аст. Мутаассифона, тайёрии касбӣ дар мактабҳои меъмории ҷумҳурӣ ба вазифаҳое, ки меъмори муосир бояд иҷро кунад, пурра ҷавобгӯ нест. Сабаби асосӣ дар он аст, ки меъморони пуртаҷрибаи пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ бо сабаби паст будани маоши омӯзгор барои гузарондани дарсҳои амалӣ аз рӯи ихтисос ба донишгоҳ барои кор намераванд. Мехоҳам зикр намоям, ки барои қадрдонии меҳнати пурсамари меъморони ҷумҳурӣ таъсис додани унвони фахрии «Меъмори халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба манфиати кор аст. Унвони фахрии пешинаи «Меъмори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро, ки бо сабабҳои номаълум аз байн рафт, эҳё намудан низ ба манфиати рушди соҳа ва ҳавасмандии меъморон хоҳад буд. Ҳоло дар байни омӯзгорони соҳаи меъморӣ ҳунармандони ботаҷриба хеле кам ба назар мерасанд. Ҳамин омилҳо ба сифати тайёр кардани кадрҳо таъсири манфӣ мерасонанд.
Барои рушди соҳаи меъморӣ мушкилӣ ҳанӯз зиёд аст ва мо доимо кӯшиш мекунем, ки бо ҳар роҳ онро паси сар кунем. Масалан, Иттифоқи меъморон имконияти пардохти сафархарҷи меъморонро барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии меъмории мамлакатҳои хориҷ надорад. Нашри маҷаллаи махсуси меъморӣ, ки таъсиси онро дар назар дорем, низ маблағи калон металабад ва барои нашри аввали он дастгирии сарпарастон лозим аст.
Бо вуҷуди мушкилиҳо дар оянда нақшаҳои зиёд дорем. Раёсати Иттифоқи меъморон соли 2016 ба истиқболи ҷашнҳои 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 80 - солагии ташкилёбии созмон гузарондани як қатор чорабиниҳои эҷодӣ ва ҷашнӣ, аз ҷумла нашри китобҳо дар бораи таърихи иттифоқ ва дастовардҳои меъморони тоҷик дар давраи истиқлолият, нашри маҷалла ва якҷо бо Иттифоқи рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон гузарондани фестивал - намоиши ҷумҳуриявии эҷодиёти меъморон, рассомон ва дизайнерони тоҷикро ба нақша гирифтааст. Ғолибони ин фестивал - намоиш барои иштирок дар Намоиш - озмуни байналмилалии меъморони ИДМ дар шаҳри Минск роҳхат мегиранд.
Дар маҷмӯъ эҳё намудан ва такмил додани соҳаи меъмориву лоиҳакашӣ бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, ҳамчунин меъмории замони навтарин мақсади асосии мо мебошад.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2016    №: 19    Мутолиа карданд: 776

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед