logo

иқтисод

ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ – ПЕКИН БОЗ ХОҲАД ШУД

- Муҳимтарин рӯйдоди соли 2015 дар заминаи ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» таъсис додани Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон» мебошад. Айни замон корҳо оид ба ташаккули сохтор ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки фаъолияти ҷамъиятиро танзим менамояд, дар арафаи анҷомёбианд.
ҶСК «Тоҷик Эйр» соли 2015 фаъолияти худро тавсеа дода, барои иҷрои саривақтии парвозҳо, бехатарӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон чораҳои мушаххас амалӣ намуд. Дар соли сипаришуда ширкат ба феҳрасти ширкатҳое, ки парвозҳояшон бехатар арзёбӣ мешаванд, ворид шуд, ки аз ҷониби тораи мустақили Airlinerating.com пас аз таҳлили фаъолияти 407 ширкати ҳавопаймоии дунё таҳия гардидааст, - зикр гашт дар нишасти матбуотии ҶСК «Тоҷик Эйр».
Бино ба иттилои масъулони ҷамъият дар соли 2015 ҶСК «Тоҷик Эйр» бо ширкати «Xinjiang Jin Ruixiang air ticket agent service Co LTD» - и Хитой оид ба ифтитоҳи хатсайри Душанбе – Пекин – Душанбе шартнома ба имзо расонд ва мутобиқи он дар нимаи дуюми моҳи феврали соли ҷорӣ парвозҳо аз Душанбе ба Пекин оғоз меёбанд. Ҷамъият тасмим дорад, ки дар соли 2016 хатсайри нави Хуҷанд – Урумчи – Хуҷандро низ боз намояд.
Соли гузашта дар асоси технологияҳои муосири ҳамкорӣ дар соҳаи ҳавопаймоӣ шартномаҳо ба имзо расида, беш аз 2 миллион доллар даромад ба даст омадааст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2016    №: 19    Мутолиа карданд: 408

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед