logo

иқтисод

НАҚБИ ДАНҒАРА ДАР МАДДИ НАЗАР АСТ

- Ҳолати нигоҳдорӣ ва истифодаи нақби обрасони Данғара аз мадди назар дур нест, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Баҳром Ғаффорзода, муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ. – Аз ин рӯ, ҳар сол дар ин ҷо ба маблағи 100 – 150 ҳазор сомонӣ корҳои таъмири ҷорӣ анҷом дода мешавад. Вале нақб ба таъмири асосӣ ниёз дорад.
Агентӣ соли 2015 қатъи назар аз мушкилот нақшаи тоза кардани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва таъмири иншооти гидротехникӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудиро ба иҷро расонд. Тибқи дархости истифодабарандагони об ба кишоварзон 4 миллиарду 160 миллион метри мукааб об дода шуд, ки назар ба соли қаблӣ 24 миллион метри мукааб зиёд мебошад. Дар соли рафта пойгоҳҳои обкашии Дилварзин – 2-и ноҳияи Мастчоҳ, Ёрии шаҳри Панҷакент, Чумчуқҷари ноҳияи Ашт, Файзободқалъаи ноҳияи Панҷ, Оқҷари ноҳияи Ҷилликӯл ва Кӯлобдарёи ноҳияи Восеъ бо муҳаррикҳои нави барқӣ таъмин шуданд. Мутаассифона, ҳарчанд соли гузашта истифодаи қувваи барқ дар пойгоҳҳои обкашӣ афзуда, қарзи агентӣ дар назди ШСХК «Барқи тоҷик» зиёд шуда бошад ҳам, истифодабарандагон ҳамагӣ 59 дарсади ҳаққи хизматрасонии обро пардохтанд. Ҳоло қарзи истифодабарандагони об 47 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 28,3 миллионаш ба соли 2015 рост меояд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти агентӣ беҳтар намудани ҳолати заминҳои обии кишоварзӣ мебошад. Тибқи нақша бояд ҳолати мелиоративии 8051 гектар беҳтар карда мешуд. Бо заҳмату кӯшишҳои пайваста нақша барзиёд иҷро гашта, ҳолати 8829 гектар замин беҳтар гардонда шуд.
Мирзои ФИРӮЗ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2016    №: 19    Мутолиа карданд: 410

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед