logo

ҳуқуқ

МУБОРИЗА АЛАЙҲИ МАВОДИ МУХАДДИР МУБОРИЗА БАР ТЕРРОРИЗМ АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таваҷҷуҳ намуда, даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ хонд ва мубориза бар зидди ин зуҳуротро ҷузъи муқовимат бо терроризм ва экстремизм арзёбӣ кард.

Тавре дар Паём зикр гардид, аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Тоҷикистон беш аз 113 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 34 тонна героин мусодира шудааст, ки ин миқдор метавонист, қариб 50 миллион нафарро ба бемории нашъамандӣ гирифтор созад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно дар садри мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар қарор гирифта, дар муқовимат бо ин падидаи марговар тадбирҳои нав ба нав меандешад. Дар ин робита, агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари дигар чораҳои судманд, бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ дар шоҳроҳҳои ҳудуди вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ тафтишоти силсиладори яксола мегузаронанд.
Бино ба иттилои мудири дафтари матбуотии агентӣ Хушнуд Раҳматуллоев, ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ба мақсади пешгирии ҳодисаҳои интиқоли маводи нашъаовар дар шоҳроҳҳои асосии ҷумҳурӣ гурӯҳҳои сайёр ташкил кардаанд. Дар пайи ин тадбир, ахиран зимни гузарондани корҳои оперативӣ, дар дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Айнӣ ҳангоми тафтиши мошини «Мерседес-Бенс», ки ба сокини 32-солаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ дорад, 10 бастаи селофанпеч бо маводи хокамонанди зардчатоб дарёфт шуд.
Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД-и вилояти Суғд маводи дарёфтшуда героин буда, вазни холиси он 9 кг 915 граммро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. Инчунин, кормандони раёсати агентии назортаи маводи нашъовар дар вилояти Хатлон аз зиёд шудани қочоқчиёни маводи нашъадор дар ноҳияи Ёвон нигаронанд. Мутобиқи омори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия соли 2015 дар қаламрави ин кишвар барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 50 нафар сокини ноҳияи Ёвон дастгир шудаанд, ки ин нишондод дар муқоиса бо дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳама баланд мебошад.
Соли сипаришуда бо иштироки намояндагони сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ду бинои нави Агентии назорати маводи нашъаовар дар ноҳияҳои Ҷиргатол ва Дарвоз ба маблағи умумии 2 миллион доллар, ки дар чаҳорчӯбаи барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир (CENTCOM) маблағгузорӣ гардидаанд, ба истифода дода шуд. Ин ду иншооти нав ба баланд бардоштани иқтидори ниҳоди мазкур дар мубориза бар зидди маводи мухаддир, муайяну пешгирӣ кардан ва аз байн бурдани қочоқи маводи мухаддир дар ноҳияҳои Ҷиргатол ва Дарвоз мусоидат хоҳанд кард. Илова бар ин, ҳукумати ИМА соли сипаришуда 87 адад нақлиёти соҳавии худро ба маблағи умумии 5 миллион доллар ба Ҳукумати Тоҷикистон дастрас намуд. Аз ин шумора, 25 адад нақлиёт ба Агентии назорати маводи нашъаовар тааллуқ дорад. Ин воситаҳои нақлиёт дар шароити кӯҳистон ва релефи мураккаби кишварамон барои назорати гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор мусоидат хоҳад кард. Имрӯзҳо ҷараёни бо камераҳои назоратӣ таъмин намудани дидбонгоҳҳои сарҳадӣ босуръат идома дорад.
Ҳамзамон, моҳи декабри соли гузашта, боз як шуъбаи Агентии назорати маводи нашъаовар дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба фаъолият шурӯъ кард. Шуъбаи нав бо мақсади пешгирии қочоқи маводи мухаддир тавассути сарҳади давлатӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкории сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон кушода шуд.
Ҳоло кормандони агентӣ ба мураттаб сохтани солномаи илмиву таҳлилии «Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015» машғуланд, ки моҳи феврали соли ҷорӣ ба табъ мерасад. Ҳамзамон, амалиёти «Кӯкнор - 2016» ба зудӣ оғоз хоҳад шуд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2016    №: 19    Мутолиа карданд: 1700

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед