logo

сиёсат

ҶАСОРАТ ВА ИМОН

Аз мушоҳидаи фаъолият ва тавонмандиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мурғи андеша боли парвоз мекушояд ва ҷиҳати андозагирӣ солҳои ба арсаи иҷтимоъ гом ниҳодани ӯ бо даҳсолаҳои қаблӣ аз доираи тасаввур мегузарад ва худ ба худ ин пурсиш пеши рӯ меояд: чӣ омил ва ангезаҳое будаанд, ки ин ҷавони неруманду гармситораро ба майдони боз ҳам бузургтари кору мубориза фаро хонданд ва аз ин озмунгоҳ пирӯзу сарбаланд берун омад? Посухи саҳеҳ, ба назари мо, ин гуна хоҳад буд:

- Фитрату заковат, пиндори нек, имони росих, ҷасорат, азми қавӣ, истеъдоди худододии раҳбарӣ, эҳсоси худшиносиву меҳандӯстӣ, дуои Модари азиз ва ҳамчунин сифатҳои хуби дигар, ки қалам аз баёни онҳо оҷиз аст, ӯро озими майдони корзор (таъбири Фирдавсӣ) гардонд.
Ба ин чеҳра, сареҳан ба ин шахсият, аз замони намояндагӣ дар маҷлиси Шӯрои Олӣ ва серталошиҳояшон дар ҷараёни баррасии масъалаҳо таваҷҷуҳ пайдо карда будам. Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович дар байни вакилони ҳавзаҳои интихоботии минтақаи Кӯлоб, ба монанди Ҳикмат Шарипов (ба русӣ баҳс мекард), Ғайбулло Афзалов, Адолат Раҳмонова ва чанд тани дигар, аз ҷумлаи пешқадамон буд.
Аслан маро камфаъолиятии, балки бефаъолиятии ҳайати вакилони водии Қаротегин (ҳоло Рашт) дар маҷлис ба ин тараф мутаваҷҷеҳ сохт. Яъне, чӣ гуна?
Дар аҳди шӯроӣ ҳар ду минтақа ба проблема мувоҷеҳ буд ва интихобкунандагон умед доштанд, ки намояндагон талаботи онҳоро иҷро менамоянд. Аз ҷумлаи мушкилоти доғи водии Қаротегин ва ҳатто Бадахшон роҳи пурхавфу хатари миёни деҳаҳои Сичароғу (дурусташ Сечроғ) Алигалабон (тобеи собиқ ноҳияи Комсомолобод, акнун Нуробод) буд, ки бо номи «Кабудҷар» машҳур аст ва ин мушкил аз замони бунёди он то ба имрӯз вуҷуд дорад ва аз одами одӣ то ба котиби райком (ҳоло раиси ноҳия) садҳо нафар бо чизу чораашон ба коми дарёи Сурхоб (Вахш) фурӯ рафтаанд. Ман худ шоҳиди талафот дар ин роҳ шудаам.
Ва умед дорем, ки дар қатори сохтмони нақбҳои бузурги кишвар, ки бо иқдоми Ҷаноби Олӣ анҷом ёфтанд, навбати дуруст кардани ин роҳ низ фаро мерасад.
Ба фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз раиси вилояти Кӯлоб гирифта то ба раиси Шӯрои Олӣ ва ниҳоят ба мақоми Президенти мамлакат интихоб гардиданашон ҳамвора диққат додаам, яъне, «қаҳрамон»-и баргузидаам ҳамеша дар маърази андешаам будааст. Ду бор ҳузури суҳбаташонро дарёфтаам: яке дар маҷлисе ба муносибати 70-умин солгарди таъсисёбии нахустин донишгоҳи омӯзгории кишвар, ки бо Иди муаллимон якҷо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод С. Айнӣ баргузор шуд, дигаре ба ифтихори бузургдошти ҷашни Наврӯз дар толори Ҳукумат.
Аз суҳбатҳои воқеӣ ва табиии Ҷаноби Олӣ бардоштҳои фаромӯшнопазир дорам.
Аллома Аҳмадмахдуми Дониш ҳам рисолати инсонро ба ҳамин ҷиҳати нигоҳи ӯ ба воқеият мансуб донистааст.
Яъне, «қаҳрамон»-и ман, боз ҳам ба қавли Аҳмадмахдуми Дониш, ба ин ҷоҳу маносиби олия ҳавоӣ тараққӣ накардааст, балки зина ба зина, бо калиди идораи ҷамъият дар даст ба сӯйи корнамоиҳо роҳро пеш гирифтааст…
Чунонки зикр ёфт, шахсияти ӯ батадриҷ ташаккул ёфтааст. Ва ҳангоме ки дар бораи Президенти маҳбуби халқ ва обрӯву эътибори ӯ дар арсаи ҷаҳон сухан мегӯем, ба хотир мавзӯи мақом ё ҷойгоҳи (роли) шахс дар таърих, ки марбут ба илми ҷомеашиносӣ мебошад, мерасад, яъне, як шахс метавонистааст Ватан ва мардумро ба хоку хун оғӯшта намояд ва шахси дигар аз ин варта наҷот диҳад.
Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба тоҷикону тоҷикистониён умри дубора бахшид. Ҳар хонадони тоҷик нисбат ба Президент муҳаббат ва эътимод дорад.
Чун телевизион аз ҷангу бедодгариҳои кадоме аз нуқоти олам хабар пахш мекард, писараки мактабхон диду гуфт:
- Чӣ,онҳо президент надоранд? Президенти моро баранд!
Хулоса, дар мавриди самтҳои кори хуби Ҷаноби Олӣ бисёр гуфтанду навиштанд ва бемуболиға, ягон паҳлуи зиндагии халқ аз доираи назари эшон берун намондааст. Президенти гиромӣ, Ҷаноби Олӣ барои мо ва шахсан барои ман то қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» кайҳо дар ин маснад қарор доштанд. Ва ҳоло ки ин мақоми шоиста ҳукми расмӣ гирифт, ин эътирофро ба Президент ва мардуми шарифи Тоҷикистон, ки паҳлу ба паҳлу истода, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро эъмор менамоянд, шодбош мегӯям.

 Сулаймон АНВАРӢ,
устоди ДМТ, узви Иттифоқи
рӯзноманигорони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2016    №: 19    Мутолиа карданд: 577

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед