logo

сиёсат

ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

27 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти чанде аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид намуд.

Марҳабо Ҷабборӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.
Худоёрзода Бахтиёр Тавар аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва номзадиаш барои тасдиқ ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гашт.
Раҳмон Озода Эмомалӣ аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ озод ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Эркинхон Раҳматуллозода, ки то ин вақт ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ буд, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ таъйин гашт ва Солиев Рустамҷон Абдуллоевич аз ин вазифа озод гардид.
Шарифӣ Аъзамшо Латифзод аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати Арабистони Саудӣ озод ва ба вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ таъйин шуд.
Қосимов Эркин Садриддинович бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ озод карда шуд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Неъматов Маликшо Маҳмадшоевич ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша таъйин гардид.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нозирӣ Хусрав ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия таъйин шуд.
Хидирзода Махфират Умар аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оила озод ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси вилояти Хатлон таъйин гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон озод ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъйин шуд.
Ба вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Раҷабзода Маҳмадулло таъйин гардид.
Ҳамчунин Вализода Рустам Файз муовини вазири нақлиёт, Абдуллозода Исматулло Файзулло директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва Раҳимов Хайрулло Зубайдуллоевич директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр” таъ-йин гардида, Халиков Рустам Исупович аз вазифаҳои директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр” озод карда шуд.
Шерзода Ситора Маннон бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон озод гардид.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Кабиров Мизроб Саидович ба вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳое, ки солҳои тӯлонӣ дар вазифаи роҳбарӣ содиқона адои вазифа намуданд, арзи сипос карда, кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъйиншударо ба кору хизмати софдилона ба манфиати халқу Ватан ҳидоят намуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2016    №: 19    Мутолиа карданд: 539

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед