logo

фарҳанг

АЗ ҲАЙРАТ ТО ҲАСРАТ АЗ ҲОЛИ ТАБОҲИ ХОНАҲОИ ФАРҲАНГ

Қаблан қасру клубҳои фарҳангии ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб фаъолияти назаррас доштанду овозаи санъаткоронашон то ба хориҷи кишвар расида буд. Боиси таассуф аст, ки алъон иддае онҳо аз меҳвари таваҷҷуҳ дур мондаю ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтан мераванд. Баҳри муайян ва возеҳ намудани вазъи кунунии ин марказҳои фарҳангӣ хабарнигори «Ҷумҳурият» мавзӯъро пайгирӣ намуд.
Агар ҳолати феълии Хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлобро инъикос намоем, шояд барои бархе боварнакарданӣ бошад. На шишаи тиреза дораду на дар. Ҳангоми вориди бинои он гардидан, як макони торику воҳимадорро мемонад. Чакидани оби зиёд аз бом девору фаршашро валангор кардааст. Бо эҳтиёт гом мегузорӣ, то тахтачӯбҳои аз таъсири намнокии зиёд пӯсида, фурӯ нараванд. Кулли утоқҳои кориаш хароб гардидаанд. Толори васеи консертию намоишӣ  ҳам рӯ ба харобӣ ниҳодааст. Ороишоти сақфу деворҳояш афтидаю боқӣ «ҳайрон» овезонанд. Аз ҳама дардноку афсусовар: саҳнаи намоиширо ба мавзеи тапакхушккунӣ табдил додани масъулон мебошад. Қазоват кунед, саҳнае, ки садҳо ҳунармандонро парвардаю ба зинаҳои баланди касб расондааст, имрӯз ба чунин макон мубаддал гаштааст. 
Гулбаҳор Холназарова, директори хонаи фарҳанг, зимни мусоҳиба афзуд, ки: «Солҳост, ки дар ин ҷо фаъолият дорам. Дар гузашта як макони ободу зебо буд. Иштирокчии чандин ҳамоишу чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ҳастем. Аз ҷумла, соли 1988, ки он вақт қасри фарҳанг ҳамчун Комплекси маданӣ, спортӣ амал мекард, моро барои ширкат дар фестивали умумиҷаҳонӣ ба Ҳиндустон фиристоданд. Санъати баланди тоҷикро дар миёни дигар давлатҳо нишон додем. То солҳои 1995 – 1996 қаср дар ҳолати хуби корӣ қарор дошт. Худ, ки парвардаи ин макони фарҳангӣ ҳастам, дилам ба ҳолаш месӯзад. Алҳол 17 - нафар корманд дорем. Кулли хонаҳои корӣ садамавиянд. Аз ин рӯ, сарфи назар аз фаслҳои гармою сармо, корамонро дар даҳлези қаср пеш мебарем. Шароиташ бениҳоят бад мебошад. Тайёрии саҳнаҳои намоиширо бошад, дар маркази фарҳангии шаҳр мегузаронем».
  Маълумоте дастрас гардид, ки гӯиё иморати хонаи фарҳанги деҳот аз ҷониби кадом соҳибкоре харида шудааст. Ба иттилои як масъули ҷамоат, ки исмашро махфӣ медорем, на танҳо қасри фарҳанг, балки бинои кории ҷамоати деҳотро низ хусусӣ намудаанд.
- Воқеан, рӯзҳои ахир ашхоси барои мо комилан ношинос омада, қасрро аз назар мегузаронанду мераванд. Ҳатто аз мо иҷозати даромадан намепурсанд. Мегӯянд, ки ин бино моли шахсии онҳост, - тазаккур дод Г. Холназарова.
Авзои  қасри фарҳанги  Ҷамоати деҳоти Даҳана ҳам басо ҳузнангез аст. Девори қисмати пушти бино ҷойи ободе надорад. Вақти боздид намудан аз қасри фавқуззикр, ҳеҷ маъмуре дар ҷойи корӣ набуд. Масъулони идораи ҷамоат посбонро даъват намуданд, то дари ин маркази маданиро кушояд. Харобии даруни қаср аз долонаш шурӯъ мешавад. Деворҳояш аз чакидани оби барфу борон берангу баднамуд гардидаанд. Толораш 420 ҷойи нишаст дорад. Дару девору тирезаҳои ошёнаи дуюми иморат ҳам фарсуда гаштаанд. Баъзан утоқҳои  кориаш ба кафтархона табдил ёфтаанд.
- Тайи се сол мешавад, бинои қасри фарҳанг бо ҷурми садамавӣ будан, аз истифода бозмондааст. Чандин сол аст, рӯи таъмирро надидааст. То ҳол аз ҳеҷ сарчашмае барои таъмираш маблағгузорӣ нашудааст. Ба вазорату идороти зидахл хаттӣ нома навиштем, то баҳри тармими қаср кумак намоянд. Аммо ба ҷуз ваъда, суде нагирифтаем, - иброз намуд Давлатбӣ Одинаева, ҷонишини раиси ҷамоати деҳот. – Алъон 12 нафар корманд дорад. Аз сабаби набудани шароити корӣ дар берун меистанд. Вале, бо вуҷуди ҷой доштани мушкилот, ҳунармандонаш қариб дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат меварзанд.
Китобхонаи марказии ҷамоат ҳам, дар ошёнаи дувуми бинои қасри фарҳанг мустақар мебошад. Дари он низ қуфл задаю  мутасаддиёнаш набуданд. Аҷабо, дар биное, ки аз хунукию валангорӣ ва бешароитӣ кормандонаш «гурезон»-анд, кӣ ҷуръат карда, барои китобхонӣ меомада бошад?
Дар деҳаи Ҳакимободи Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб клуби фарҳангие ҳаст, ки ғайри бинои харобгашта, ягон ашё надорад. Иморат масоҳатан васеъ мебошад. Ҳамаи ҳуҷраҳои кориаш вайрон гардидаанд. Аз рӯйи гуфтаҳои раиси ҷамоати деҳот Таманно Мирова, дар ҳудуди ҷамоат 1 қаср ва 4 клуби фарҳангӣ амал мекунад. Клуби деҳаи Ҳакимобод дар тавозуни шуъбаи фарҳанги шаҳр мебошад. Бетаваҷҷуҳию беэътиноӣ онро ба чунин ҳолу рӯз расондааст.     
Бино ба иттилои Хайрулло Тоиров, мудири шуъбаи фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, зимнан дар ҳудуди музофот 133 муассисаҳои фарҳангии клубӣ амал мекунад. Аз ин шумора, 33-тоаш таъмирталаб буда, 13 – тои дигараш дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
- Ягона маркази фарҳангие, ки соли 1983 дар намоишгоҳи умумииттифоқӣ миёни марказҳои фароғатию маданиятии давлатҳои СССР сазовори ҷойи аввал гардида буд, Хонаи маданияти Ҷамоати деҳоти Кӯлоб (дар гузашта колхози Шаталов) мебошад. Алҳол бубинед, ки дар чӣ вазъ қарор дорад. Қасри фарҳангии Ҷамоати деҳоти Даҳанаю клуби Ҳакимобод  дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Тавони таъмири ин муассисотро надорем. Дар ҷамъомаду маҷлисҳо борҳо пешниҳоди тармими онҳоро кардаем, - бо нигаронӣ изҳор кард, мудири шуъба.
Таҳлил нишон дод, ки муҷиби асосии ба вайрона табдил ёфтани марказҳои мадании мазкур, танҳо чакидани бомашон гаштааст. Магар нигаронкунандаю таассуфовар нест, ки дар пойтахти фарҳангии ИДМ – шаҳри Кӯлоб маконҳои фарҳангӣ чунин хору зор бимонанд?

Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2016    №: 20    Мутолиа карданд: 550

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед