иқтисод
ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ ДАР ФАРХОР ЧӢ ҲОЛ ДОРАНД?
Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон парвариши зироат ва боғу токзор 45 дарсад тавассути пойгоҳҳои обкашӣ сурат мегирад.
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ватан, Дарқад, Деҳқонариқ, Гулшан, 20 – солагии Истиқлолият ва Ғайрат самари ранҷу заҳмати марди деҳқон ба фаъолияти ин пойгоҳҳо вобастагӣ дорад. Солҳои охир бар асари муътадил ҷараён нагирифтани таъмини об дар мавсими кишту кор меҳнати пахтакорону ғаллакорон зоеъ рафта, теъдоди зиёди саҳмдорон аз пайи шуғли дигар шудаанд.
Ашур Карим, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия қайд кард, ки проблемаи асосии таъмин накардани хоҷагиҳо бо об ин сари вақт пардохт накардани ҳаққи хизматрасонӣ мебошад. Имсол аз ҳисоби хоҷагидорон пардохти ҳаққи об 24 дарсад иҷро шуд, ки ин хело нишондиҳандаи паст аст.
Қарзи хоҷагиҳо дар назди идораи хоҷагии об 1997223 сомониро ташкил медиҳад, ки ин хело нигаронкунанда аст.
Ҳар сол барои таъмири пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз тарафи Ҳукумат маблағи муайян ҷудо карда мешавад, то ин ки кишоварзон дар мавсими кишту кор бо об таъмин бошанд.
Натиҷаи тадбирҳои андешидашуда буд, ки деҳқонони ноҳия соли 2015 баъди танаффуси чандсола нақшаи пахтасупориро иҷро карданд.
Дар ноҳия 3 пойгоҳи обкашӣ бо 32 агрегат мавҷуд аст. Ҳоло 12 агрегати он пурра аз таъмир бароварда шуд ва боқимонда чархҳои корӣ ва муҳаррикҳо дар ноҳияи Восеъ таъмир шуда истодаанд.
Мо тасмим гирифтем, дар соли 2016 хоҷагиҳоро сари вақт бо об таъмин намоем, идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ба 9 ассотсиатсия ва ду хоҷагӣ шартномаи вобаста ба об дорад.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.01.2016 №: 20 Мутолиа карданд: 445