logo

иқтисод

БА ДАШТИ СИЖД ОБ ОМАД

Ба дашти лабташнаи деҳаи Сижди Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон об омад. Дашти Сижд бештар аз 70 гектар замини бекорхобида дошта, ҳанӯз солҳои 80-уми  асри гузашта барои шодобкунии  заминҳои он  маблағҳои  муайян  равона гардида  буданд. Канал  сохта  шуд, вале   бо  сабаби ҷой доштани нуқсонҳои ҷиддӣ  дар  тарҳрезӣ  он  дар  шодобкунии заминҳои   дашт   хизмате  расонда  натавонист. Ин  нияту  мароми  хайр  танҳо дар замони соҳибистиқлолии кишвар   ҷомаи амал пӯшид. Солҳои  аввали соҳибистиқлолӣ бо  кумаки  молии   Хазинаи  Оғохон   ба  ин  мавзеъ  аз  деҳаи  Ривак  дар  масофаи 3  километр  қубури  обгузар кашида  шуд. Вале  он  наметавонист  тамоми   заминҳои  даштро  шодоб  кунад. Аз  ин  рӯ,  мутахассисон  пешниҳод намуданд, ки  ба ин  ҷо   аз  деҳаи  Мун  канал  бароварда  шавад.  Бо  дастури  Президенти  мамлакат, соли 2010 барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои дашти Сижд бо  дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бригадаи сохтмонӣ ва техникаи корӣ сафарбар гардид. Инак,  дар масофаи  3 километру 50 метр аз деҳаи Мун ба ин ҷо канали обгузар сохта шуд.
Тибқи маълумоти сардори қитъаи сохтмони шуъбаи беҳдошти замин ва обёрии вилоят Толибек Зикиллобеков дар  сохтмони  канал  сохтмончиён  ба   баъзе душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд. Чунончи, дар  баъзе  қисматҳои  канал  талафоти  зиёди  об  ба  мушоҳида  расид. Бинобар  ин,  лозим  омад, ки  дар  масофаи  1  ҳазору 227 метр канал бетонпӯш карда шавад.    
Ба мақсади пешгирии ҳолатҳои садамавӣ обанбор низ  сохтанд. Маблағи умумии барои сохтмони канал масрафшуда қариб 1,5 миллион сомониро ташкил дод.               
Ба гуфтаи Назрӣ Назриев, сардори раёсати кишоварзии вилоят, ба истифода додани канал имконият фароҳам меорад, ки заминҳои бекорхобидаи дашти Сижд обёрӣ ва кишт гарданд. Баҳори имсол мутобиқи нақшаи пешбинишуда дар дашти Сижд  картошка, сабзавот, зироатҳои ғалладона, алафҳои бисёрсола кишт ва инчунин боғ барои парвариши дарахтони мевадор бунёд мешавад.      
Ба истифода дода шудани канал  инчунин  барои шодобкунии  заминҳои деҳаи Турбати  Ҷамоати деҳоти Навобод, мусоидат  менамояд.    

Раҳмони  ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2016    №: 20    Мутолиа карданд: 397

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед