logo

фарҳанг

САҲИФАИ «ШОМИ ШАНБЕ»

Саъдии ШЕРОЗӢ
ҲИКМАТҲО

На ҳар кӣ ба сурат некуст, сирати зебо дар ӯст. Кор андарун дорад, на пӯст!

Тавон шинохт ба як рӯз дар шамоили мард,
Ки то куҷош расидаст пойгоҳи улум.
Вале зи ботнаш эман мабошу ғарра машав,
Ки хубси нафс нагардад ба солҳо маълум.

* * *
Ҳар кӣ бо бузургон ситезад, хуни худ резад.

Хештанро бузург пиндорӣ,
Рост гуфтанд: як ду бинад луч.
Зуд бинӣ шикастапешонӣ,
Ту, ки бозӣ кунӣ ба сар бо ғуч.

 

 

ДАР ҲОШИЯИ «МАРГИ СУДХӮР»


Қорӣ – ишкамба арраро дар хонааш роҳ намедод, ки дандон дораду чизеро  мехӯрад.

* * *

Ӯ ҷуссаи бузурги худро низ бад медид, ки барои ҷелак дӯзондан матои зиёд сарф мешуд, вале аз нафси бад ҷои гурез надошт, то харобтар гардад.

* * *
Боре як шарикаш, ки дар хасисӣ аз ӯ монданӣ надошт, мепурсад:
- Ману ту дер боз рафиқем. Рост гӯй, ки дар ҷанозаи ман чӣ меорӣ?
- Хайр, ана,- бо ҳайрат мегӯяд  дӯсташ,- ду газ карбос, чӣ буд?
- Ҳамон ду газ карбосро ҳозир биёр, дар ҷанозаам наоӣ ҳам, мешавад,- бо илтиҷо мегӯяд Қорӣ.

* * *
Қорӣ як калимаро иваз карда, доимо ин байтро зери лаб ғур - ғур карда мегашт:
Дар рафтани пул аз бадан гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.
Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

* * *
- Домулло, оши палав ба шумо зарар дорад, - ҳангоме ки ошро оварданд, гуфтанд ба Қорӣ - ишкамба, - баданатонро хориш мегирад.
- Мехӯраму баъд ме-е-хо-о-рам, - бепарво ҷавоб гардондаст Қорӣ ва пеш аз ҳама даст ба табақ бурдааст.

 


А. ҶОМӢ
ҲИКОЯТ
Абулҳасани Фушанҷӣ гуфтааст, ки дар дунё ҳеҷ чиз нохуштар аз дӯсте нест, ки дӯстии вай аз барои ғаразе бошад ё ивазе.

Рубоӣ
Ошиқ, ки зи ҳаҷри дӯст дода хоҳад,
Ё бар дари васлаш истоде хоҳад.
Нокастар аз ӯ кас набувад дар олам,
К - аз дӯст ба ҷуз дӯст муроде хоҳад.
Таҳияи У. АЛӢ
Абулҳасани Фушанҷӣ – яке аз донишмандону сӯфиёни номдори Хуросон (ваф.952), ки аз Фушанҷ аст. Фушанҷ шакли арабишудаи  маконе дар наздикии Ҳирот, ки аслан Пушанг ном дорад.

 


7 САБАҚИ ДЕЙЛ КАРНЕГӢ
(Идома)

3. НОКОМӢ  ЗИНАЕСТ СӮИ МУВАФФАҚИЯТ
«Аз хатоиҳо омӯз. Ноумедӣ ва нокомӣ ду зина ба сӯи комёбиҳост». 
Одатан, касе, ки ба мағлубияти бузург мувоҷеҳ гаштааст, ғалабаҳои комил ҳам дошт. Шумо бояд ноумедӣ ва нокомиро ҳамчун восита истифода баред, то ки тавонанд шуморо аз коза ба қаср расонанд.

4. МО БАХТИ ХУДРО МУАЙЯН МЕНАМОЕМ
«Хушбахтӣ аз кадом як шароити берунӣ вобаста нест; ҳолати рӯҳии мо асоси хушбахтист». Хушбахтӣ интихоб аст; он чизе, ки дар атрофи мо рӯй медиҳад, асоси хушбахтӣ нест. Вай аз он аст, ки дар ботини мо чӣ зуҳур дорад. Асоси хушбахтӣ андеша аст, ки ҳамин лаҳза мо ба он диққат медиҳем.
Дейл Карнегӣ гуфтааст: «Муҳим он нест, ки шумо чӣ доред, шумо кӣ, шумо дар куҷо ва ё шумо чӣ кор мекунед, то ки хушбахт бошед ё ки бадбахтед. Муҳим он аст, ки шумо дар ин бобат чӣ андеша доред».

5. ДАР ЁД ДОРЕД, ҲАР КОРЕ, КИ МЕКУНЕД, ИТТИЛОЕ ДОРАД
«Танҳо чор тарзи робитаи мо бо дунё вуҷуд дорад. Аз рӯи чор нишона ва ё сифат мо ба ҳама чиз баҳо мегузорем ё шарҳ медиҳем: мо чӣ кор мекунем, мо чӣ хел ба назар менамоем, мо чӣ мегӯем ва мо чӣ хел гап мезанем». 
Ҳар коре, ки мекунед, иттилое дорад.  Яъне, чӣ тарз либос мепӯшед, чӣ гуна мӯйи сарро оро медиҳед, барои атрофиён маълумоте медиҳанд. Бо ин роҳ шумо мекӯшед худро ба атрофиён ифшо созед, мехоҳед  ба онҳо маълумоте расонед.
Масалан, қаду қомати расо нишонаи онанд, ки шумо варзишро дӯст медоред, дар зиндагӣ мавқеи фаъолона дошта, тарафдори тарзи ҳаёти солимед. Сару либоси шинами корӣ бозгӯйи он аст, ки шумо соҳибкор, шахси корчаллон буда, ба боварӣ баҳои баланд медиҳед ва ғайра. Инро метавон ба маънои баръакс низ истифода бурд. Такрор кунед, рафтори одамони комёбро «нусха» бардоред ва рӯзе худ чунин мешавед.

(Давом дорад)
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ 

 


БЕТОЛЕЪ Ё ХУШТОЛЕЪ?
Фермер Ҷеймс Грилэнро дар Амрико шахси бетолеъ мегӯянд. Ӯ панҷ маротиба зери трамвай, 14 маротиба зери чархи автомобил монда, 214 маротиба ярадору маҷруҳ гашта, устухони дасту пой шикастааст. Бар замми ин се маротиба хонааш сӯхта хокистар шудааст.
Амрикоии дигар Эрик Норри бошад, аз зери дандони наҳангу чанголи маймунҳо ҷон ба саломат бурдааст. Ҳатто зарбаи раъду барқ ва газидани мори заҳрнок ҳам ӯро накушт.
P.S. Мегӯянд нафаре 30 сол дар маҳбас мешинад. Рӯзи озод шуданаш, ҳангоме ки аз роҳ мегузашт, зери мошини боркаш монда, ҷон додааст.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»

 


ЗАН 50 МИЛЛИОН ДОЛЛАРРО БА МОШИНИ ҶОМАШУӢ АНДОХТ
Сокини шаҳри Вустери Англия бо лотереяи Camelot  33 миллион фунт стерлинг (тақрибан 50 миллион доллари ИМА) бурд, вале онро тасодуфан шустааст.
Бино ба суханони зан, билети бурднок дар кисаи ҷинсаш буд. Аммо инро аз ёд баровард ва ҷинсашро шуст, ки дар натиҷа лоторея осеби ҷиддӣ дид.
Зан боқимондаи билетро ба дӯкони рӯзномафурӯшии Ambleside News, ҷое, ки онро харида буд, овард. Соҳиби дӯкон хабар дод, ки зан бисёр андуҳгин буд. Ӯ афзуд, ки боқимондаи лотереяро ба пакет андохта, ба Camelot фиристод.
Дар ширкат асл будани онро бояд тасдиқ кунанд. Зан умедвор аст, ки сарфи назар аз ноомади кор бурд насибаш мешавад.

 


АЗ ТАЪРИХИ КИТОБХОНАҲОИ ҶАҲОН

Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки соли 2012 ифтитоҳ ёфтааст, дар Осиёи Миёна калонтарин китобхона ба шумор меравад. Он аз 9 ошёна иборат буда, шакли китоби кушодаро дорад. Китобхона дорои 25 толори хониш бо 1458 ҷойи нишаст, 3 толори намоиш барои китобу дастхатҳои қадима ва маҷлисгоҳу чопхона буда, барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст. Имрӯз хазинаи китобхонаро беш аз 6 миллион нусха маводи чопию электронӣ ташкил медиҳад.
* * *
Китобхонаи миллии Чин, ки  дар майдони 170 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, калонтарин китобхонаи ин кишвар ба шумор меравад. Ин китобхона соли 1931 кушода шуда, дар он зиёда аз 270 ҳазор китобҳои нодиру камёфт ва қариб 1,6 миллион ҷилд китобу дастнависҳои қадима маҳфуз аст. Он дар як вақт метавонад 8 ҳазор хонандаро фаро гирад.
* * *
Китобхонаи ба номи Вернадский, ки соли 1918 бунёд шудааст, калонтарин китобхонаи Украина мебошад.  Дар он зиёда аз 15 миллион китобу дастнавис ва фолклори мардуми дунё ҷамъоварӣ шудааст. Китобхонаи мазкур қариб ҳазор нафар коргар дошта, солона 500 ҳазор хонандаро дар бар мегирад.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»

 


КӮҲИ ХОҶАМУЪМИН – БУЗУРГТАРИН ГУМБАЗИ НАМАКИН

Кӯҳи намак ва чашмаҳои оби мусаффои Хоҷамуъмин яке аз боигариҳои табиии сарзаминамон ба ҳисоб меравад. Кӯҳ аз сатҳи баҳр дар баландии 1338 метр воқеъ гардида, баландиаш беш аз як километр аст. Он аз намаксанги сафеди сабзгун ё бунафшбоб иборат буда, сатҳи болоияшро ҷинсҳои кӯҳии гаҷмонанд ва қабати гилин пӯшонда, ки дар натиҷаи вазиши боди афғонӣ тӯли садсолаҳо ба вуҷуд омадаанд. Дар назари аввал чун кӯҳи одӣ намояд ҳам, яке аз гумбазҳои калонтарини намакини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳамсони ӯро танҳо дар Эрон метавон вохӯрд. Захираи намаки кӯҳи Хоҷамуъмин 50 миллиард тоннаро ташкил дода, тибқи таъкиди коршиносон, барои таъмини тамоми сайёраи Замин бо намак давоми сад сол басанда аст. Дар сатҳи кӯҳ буттаҳои писта, дулона, настаран (хуч), зарранг ва дигар рустаниву гиёҳҳои гуногун мерӯянд. Аҷиб он аст, ки ин намуди рустаниҳо ҳатто миқдори ками намакро дар замин намепазиранд. Ба андешаи коршиносон қабати гилини кӯҳ тунук аст, вале барои нашъунамои рустаниҳо кофист. Ғайр аз ин, дар қуллаҳои кӯҳи намакин аз мағораҳо чашмаҳои сершумор ҷӯш зада, ҷорӣ мешаванд. Миқдори онҳо дар атрофи кӯҳ қариб 160 - то буда, чашмаҳои доимӣ наздик ба 30 мерасанд. Оби чашмаҳо метавонанд асоси бунёди комплексҳои муолиҷавӣ дар ин мавзеъ гарданд. Алҳол дар он ҷо чандин коргоҳҳои коркарди намак фаъолият дошта, намаки хушсифат истеҳсол менамоянд.
Кӯҳи намаки Хоҷамуъмин яке аз ёдгориҳои барҷастаи геологии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин мавзеъ барои омӯзиш макони бозёфтҳои нодир буда, бунёди комплексҳои муолиҷавӣ ва ташкили сайру гашти сайёҳон метавонад ҳам шуҳрати онро афзун намояд ва ҳам ба рушди иқтисодиёти кишвар саҳм гузорад. 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 

 

100 разведкачӣ

БЕРИЯ
Лаврентий Павлович Берия, деҳқонбача, 17 (29) марти соли 1899 дар деҳаи Мерхеули Абхозистон дида ба дунё кушод. Омӯзишгоҳи ибтидоии Сухуми ва омӯзишгоҳи техникию сохтмонии Бокуро аъло хатм кард ва соли 1917 ба сифати техники артиш ба ҷабҳаи Русу Руминия фиристода шуд. Ба ҷанг надаромад, зеро артиш аз муҳорибаҳо гардан печид. Берия қисмати худро бо инқилоб пайваст, ба пинҳонкорӣ гузашт, ҳабс шуд, баъди озодӣ боз ба фаъолияти пинҳонкорӣ идома бахшид. Бо супориши ҳизби болшевикон дар контрразведкаи Боку ҳамроҳи Анастас Микоян кор кард. Донову зирак ва чақону далер буд, аз ин рӯ, дар ЧКаи Озарбойҷон ба вазифаи муовини сардори қисми махфӣ-ҷустуҷӯӣ таъйин гашт. Баъдтар муовини раиси ЧКаи Гурҷистон таъйин гардид. Якчанд ошӯбҳои зиддиинқилобии меншевикону миллатгароёни гурҷиро ошкор ва дастаи ҳарбиёни Ҷугелиро торумор намуд ва бо ордени Байрақи Сурх қадр ёфт. 
Охири солҳои 20 - уми асри 20  Берия ба кори ҳизбӣ гузашт ва котиби якуми КМ ҳизби коммунисти Гурҷистон интихоб шуд.
Таърихнигори бисёр ҳам ҷиддии амрикоӣ Курт Зингер, ки гӯиё ҳама вақт аз рӯйи далелҳои муътамад ва ё ба ҳақиқат наздик мақола ва ё асар меофарад, дар китобаш «Ҷосусоне, ки таърихро тағйир додаанд», дар хусуси Берия ҳодисаҳои шигифтангезе овардааст. Мо чанде аз ривоятҳои ӯро, ки дар Ғарб хеле маъмуланд, мисол меорем.
Ба гуфти Зингер, баъди торумори ташкилоти пинҳонкорони Боку Берия ба Албания мегурезад ва дар он ҷо бо Иосиф Броз Тито шинос мешавад. Аз он ҷо бо номи сохтаи Карапет Абамалян баргашт, дар инқилоби Октябр иштирок менамояд. Он вақт вай ба панҷсад нафар асирони австриягӣ фармондеҳӣ мекард. Аз ҳисоби онҳо ӯ ба нафъи Русияи шӯравӣ нахустин афсарони разведкаро ҷалб намуд. Дар соли 1920 Берия дар Прага ба сифати корманди сафорати Украина фаъолият бурда, шабакаи густурдаи контрразведкаро созмон дод, ки қариб ҳамаи кишварҳои қитъаи Аврупоро фаро мегирифт. Сипас ба Гурҷистон баргашта, аз он ҷо баъди пахши ошӯби соли 1924 боз ба хориҷа, ин дафъа ба Париж меравад. Акнун зери ниқоби хизматчии сафорат амалиётҳои ҷосусӣ мебурд.
Ӯро дар майдонҳои Елисей медиданд,  худро ҳамчун полковник Енонлидзе муаррифӣ менамуд. Бештар ба ҳаёти гурезаҳои гвардияи сафед ва муҳоҷирони миллатгаро мароқ зоҳир месохт. Ба сафи онҳо ворид гашта, шабакаи нави ҷосусиро ба роҳ монд.
Берия ба ватан баргашт, аммо дар тӯли солҳои 1930 - 1937 борҳо ба хориҷа сафар дошт. Бо роҳбарии ӯ чандин куштор ва дуздии роҳбарони гурӯҳҳои зиддишӯравӣ амалӣ гаштанд. Вай дар Испания ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ низ буд, то дар амал бубинад, ки шабакаи ҳарбии ҷосусӣ чӣ тавр кор мекунад ва ҳамчунин намунаҳои техникаи нави ҳарбии Олмонро ба даст орад.
Ин тарафи ҳаёти Берияро дар солҳои 1920 – 1938 ба виҷдони Курт Зингер ҳавола менамоем ва бармегардем ба манбаъҳои худӣ. 
Дар соли 1938, баъди Ягода ва Ежов, Берия сардори НКВД шуд, албатта, аввал роҳбари раёсати давлатии бехатарӣ, муовини якуми Ежов буд. Аз рӯи ёддоштҳои Павел Судоплатов, Берия худро «дар масъалаи корҳои ҷосусӣ ва диверсионӣ шахси босалоҳияту неруманд» нишон дод. Аз рӯзҳои нахуст шуъбаҳоеро, ки бо агентҳои хориҷӣ кор мекарданду роҳбаронашон репрессия шуда буданд, зери назорат гирифт.
Моҳи декабри соли 1938 Берия расман инони идораи НКВД - ро соҳиб шуд. Аввалин амалиёте, ки вай дар ин вазифа анҷом дод, бо номи «Овозаи бардурӯғ» («Утка») машҳур аст. Мақсади амалиёт куштани душмани Сталин – Тротский буд. Чекисти ботаҷриба Эйтингон ба ин амалиёт ҷалб гашт. Вай аз ҳисоби аъзои гурӯҳҳои интернатсионалистии Испания гурӯҳи худро созмон дод, аз ҷумла рассоми мексикоӣ Сикейросро ҷалб намуд. Суиқасд 27 майи соли 1940 бебарор анҷом пазируфт. 27 август суиқасд аз нав такрор шуд ва ба разведкачии шӯравӣ Рамон Меркадер муяссар гашт, ки Тротскийро ба ҷаҳаннам фиристад. 20 сол баъд, вақте ки Рамон аз зиндон ба озодӣ баромад, ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ доданд. 
Разведкаи НКВД аз ноябри соли 1940 дар хусуси таҳдиди ҷанг маълумоти зиёд медод, вале онҳо ба ҳамдигар мухолиф буданд. Сталин ва Берия бовар доштанд, ки Гитлер аҳдномаи ҳуҷумнакуниро риоя менамояд. Агар Берияро ба ҳимоя гирифтан хоҳем, метавонем бигӯем, ки дар арафаи ҷанг разведка дигар дар итоати Берия набуд, балки ба Комиссари амнияти давлатӣ Меркулов итоат мекард.
Вале чанд рӯз пеш аз оғози ҷанг Берия фармон дод, ки аз ҳисоби кормандони разведка барои иҷрои корҳои иктишофӣ – диверсионӣ дар ҳолати ҷанг гурӯҳи махсус ташкил карда шавад. Дар арафаи ҷанг интихоби номзадҳо ба ин гурӯҳ оғоз ёфт. Вазифаи гурӯҳ ба роҳ мондани разведка бар зидди Гитлер ва хушомадгӯёни вай, ташкили ҷанги партизанӣ, шабакаҳои ҷосусӣ дар ҳудуди ишғолнамудаи фашистон, бурдани бозиҳои махсус бо разведкаи немис бо мақсади гӯлзанӣ ва маълумоти бардурӯғ паҳн кардан буд. Дар соли 1942 ислоҳоти таъҷилии мақомоти разведка амалӣ гардид. 
Аз моҳи феврали соли 1941 Берия муовини раиси Шӯрои комиссарони халқии СССР буд, бо оғози ҷанг узви Кумитаи давлатии мудофиа шуд. Ба истеҳсоли тиру туфанг ва дигар муҳимоти ҳарбӣ масъул буд. Тирамоҳи соли 1941 разведка хабар дод, ки Англия, ИМА ва Олмон ба сохтани бомбаи атомӣ кор гирифтаанд. Дар бораи ин зуд ба Сталин хабар расонданд. Сталин фармон дод, ки пеш аз ҳама дар хусуси ин яроқи нав аз тамоми кишварҳои Ғарб маълумот гирд оранд.  Аз сабаби он ки ҳам ба истеҳсоли аслиҳа, ҳам ба разведка Берия мутасаддӣ буд, ин вазифа низ бар дӯши вай гузошта шуд ва супоришро аз сидқи дил иҷро кард. 
26 июни соли 1953 Берия бо ҷурми хиёнати давлатӣ ҳабс шуд.
23 декабр бо ҳукми Суди олии СССР ҷазои қатл гирифт ва ҳамон рӯз соати 19 – у 50 дақиқа парронда шуд. Соли 2000 Суди Олии Федератсияи Русия ҳукмро бетағйир монд. 

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ.

 


СУХАНОНИ БУЗУРГОН

Оянда аз он вобаста аст, ки имрӯз чӣ кореро сомон мебахшем.
(Махатма Ганди)
* * *
Ҳама чизе ки медонем, назди оне ки эҳсос менамоем, ночиз аст.
(Стивен Кинг)
* * *
Ақл дар баробари фарёди дил нотавон аст.
(Алберт Камло)
* * *
Агар Шумо касеро ситоиш кардан хоҳед, фавран иҷро намоед, вале агар касеро сарзаниш намудан хоҳед, то фардо сабр кунед. Шояд  ба хулосае оед, ки ин корро кардан ҷоиз нест.
(Максим Горкий)
* * *
Мудом қаҳрамон будан имкон надорад, вале доим инсон будан мумкин аст.
(Иёган Гиёте)
* * *
Миллате, ки илму донишро арҷ мегузорад, мағлубнопазир аст.
(Кон Футсӣ)
* * *
Дониш ва танҳо дониш инсонҳоро озод ва неруманд месозад.
(Д. Писараев)

Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО, "Ҷумҳурият"

 


Андарз
ФАРҚИ ДОНО АЗ НОДОН

Боре шогирд назди устод омаду пурсид:
- Устод, одами доно аз нодон чӣ фарқ мекунад?
Субҳи зебои офтобӣ буд. Устод чойи кабуд менӯшиду банди фикру хаёли моҳияти абадият. Аммо ба хотири шогирд пиёлаи чойи нанӯшидаро гузошт, андешарониро қатъ кард ва аз ҷой бархеста ӯро аз паси худ бурд. Шогирдро ба пояи кӯҳ, ба ҷое овард, ки чанде пеш сангпар шуда, сари роҳ сангҳои хурду калон мехобиданд. Ва устод ба шогирд фармон дод, то сангҳоро гашта ба ҷояшон - ба қуллаи кӯҳ барорад. 
Чун санг бисёр буд, шогирд онро рӯзи дароз кашонд. Устод бошад, дар сояи дарахт нишаста, асари файласуфи номӣ На Ходро дар бораи фарқияти ҷиддӣ байни чапакзанӣ бо як кафи рост ва бо як кафи чап мутолиа мекард. Шогирд басо хаста шуда бошад ҳам, то  ғуруб санг кашонд. Баъди он ки супоришро иҷро кард, бо сари баланд назди устод омаду пурсид:
- Устод, акнун ман метавонам ҷавоби саволамро фаҳмам?
- На, - сар ҷунбонд устод, - ту ҳанӯз тайёр нестӣ.
- Пас чӣ зарурат буд ба кашондани ин қадар санг? - ғур - ғур кард шогирд.
- Ҷони гап низ дар ҳамин аст, дӯстам, - ангушти ишорат боло бурда, гуфт устод. - Одами доно ин саволро пеш аз кашондани санг медод.
  Таҳияи Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”

 

МАСАЛ
Боре ба як писарак пешгӯӣ карданд, ки  дар синни 36 - солагиаш ӯ хеле сарватманд мешавад. Волидайни ӯ хеле хурсанд шуда, ба ҳамаи ҳамсояҳо ин фоли некро нақл карданд. Ин пешгӯиро дар деҳа шунида, ҳама хушҳол гаштанд, ки акнун ҳамроҳи онҳо чунин як одами сарватманд зиндагӣ хоҳад кард. Волидони писарак ва гузаштагони онҳо ҳама боғбон буданд. Аммо ӯ аз омӯзиши ин касб даст кашид. Барои чӣ? Чунки  ӯ сарватманд мешавад. Волидайн ӯро ба ғизову пӯшок таъмин мекарданд. Ҳамин тавр, ӯ дар интизории сарвати бузург зиндагӣ мекард. Баъд волидон аз ҳаёт гузаштанд ва пул низ тамом шуд. Қаҳрамони мо маҷбур гардид, ки хона ва боғро фурӯхта, ба анборе, ки дар канори деҳа воқеъ буд, кӯчад. Акнун аҳли деҳа ба ӯ ғизо медоданд ва умед доштанд, ки ба наздикӣ ӯ сарватманд мешавад.
Вақти таъйиншуда фаро расид, ӯ 36 - сола шуд, аммо аз бойигарӣ ҳеҷ хабар нашуд. Ҳамсоягони норизо ба шикояту гила даромада, дигар ӯро хӯрондан намехостанд. Қаҳрамони мо оҳиста - оҳиста роҳи ҷангалро пеш гирифт, то меваҳои ёбоӣ ва занбурӯғ пайдо кунад, аммо чизе намеёфт. Дар роҳи бозгашт ба чуқурие афтод. Мумкин буд, ки зинаҳо канда, аз он раҳо шавад, вале коҳилӣ ӯро монеъ гардид. То замони кашида баровардани барзгарони роҳгузар ӯ он ҷо нишаст. Қаҳрамони мо ба анбори худ омада, дароз кашид ва вафот кард.
Ҳамин тавр ӯ ба осмон мерасад ва ҳамоно дар назди Худованд бо иддао ҳозир мешавад: «Барои чӣ ин тавр шуд. Пулҳо дар куҷоянд?» Фариштаҳо дасту по гум карда, ба давутоз даромаданд ва китоби тақдирро ба даст гирифта, варақ заданд. Оре, дар ҳақиқат ҳама чиз мувофиқат мекунад, дар синни 36 - солагӣ  барои ин одам бойигарӣ навишта шудааст. Сабаби ҳодисаро муайян кардан хостанд. Нигоҳбони тиллоро даъват карданд. Ӯ мегӯяд:
- Чӣ хел, чӣ хел. Бойигарӣ нақд аст. Мушкилот сари дарёфткунанда аст. Вақте ки муҳлати додани бойигарӣ фаро расид, мо ӯро миёни боғбонон ҷустуҷӯ кардем. Ҷустуҷӯ кардем, ҷустуҷӯ кардем, аммо бенатиҷа… Ӯро дар рӯйхати низомиён, олимон ва миёни кишоварзон ҷустуҷӯ кардем. Дар ягон ҷо нест. Ба хонаи волидонаш рафтем, аммо ӯ дар он ҷо набуд. Дар он хона одамони дигар зиндагӣ мекарданд. Қосидонро фиристодем, тамоми маҳалро дида баромаданд, вале ӯро пайдо карда натавонистанд. Билохир ӯро тасодуфан дар ҷангал пайдо карданд. Дар чуқурии сари роҳ бойигариро гузоштанд,  фақат каме ҳаракат карда, девори онро кофтан лозим буд. Боз аз танбалӣ кор анҷом нашуд. Ва ҳамин тавр ӯро дар рӯи тахтаи анбор пайдо карданд, қариб буд, ки дороиро бар сараш рехта буданд, ӯ хеле заифу нотавон буд, тарсиданд, мабодо ӯро накушанд. Дар ин ҷо вафот кард ва ба ҳамин тартиб ин одам бойигариро гирифта натавонист.


М.ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2016    №: 21    Мутолиа карданд: 1540

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед