ҳуқуқ
НОКОМИИ 45 НАФАР БАРОИ ДАРЁФТИ МАҚОМИ АДВОКАТӢ
Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки соли гузашта дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба 2668 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 2478 ҳуҷҷати дорои хусусиятҳои ҳуқуқии байналмилалӣ хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод гардид.
Мувофиқи нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 феврали соли 2015 тасдиқ шудааст, 18 августи соли сипаришуда дар шаҳри Душанбе Машварати сеюми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид. Дар натиҷа Созишнома дар бораи ҳамкории байни вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (Созишномаи Душанбегӣ) ба имзо расид.
2 декабри соли равон бо қарори Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлия барои пешбурди фаъолияти адвокатӣ ба 94 нафар довталаб мақоми адвокатӣ дода шуд. Бинобар насупурдани имтиҳони тахассусӣ 45 нафар ба дарёфти мақоми адвокатӣ мушарраф нашуданд.
Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 470014 санад, аз ҷумла 77020 сабти никоҳ, 8356 сабти бекор кардани ақди никоҳ, 26349 сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ, ки назар ба солҳои қабл хеле афзудааст, ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.
Мунаввари САФАР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2016 №: 21 Мутолиа карданд: 418