logo

иқтисод

РОҒУН. КОРҲОИ МУҲИМ ҲАНӮЗ ДАР ПЕШАНД

Дар баробари он ки Роғун аз гӯшаҳои  зебоманзару афсонавии диёри маҳбубамон маҳсуб меёбад ва бо обу ҳавои бас форамаш ба ҷисму ҷонҳо низ ҳаловати хоса мебахшад,  барои таъмини зиндагии шоистаи  сокинонаш захираву имкониятҳои  заруриро дорост. Бешак, истифодаи пурсамари онҳо ба рушду тараққиёти  бештари кишвар ва ҳалли масъалаи амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои  миллӣ ба шумор меравад, мусоидат мекунад. Шариф Шарифзода, раиси шаҳри Роғун, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома дар ин хусус чунин гуфт: 
- Зиёд намудани ҳосилнокии замин, оқилона, босамар истифода бурдани ҳар ваҷаби он ва рӯёндани ду – се ҳосил бо роҳи истифодаи агротехникаи пешқадам ва технологияи муосири кишти зироатҳо аз вазифаҳои муҳими мо маҳсуб меёбад. Соли гузашта кишоварзони шаҳри Роғун дурнамои истеҳсоли маҳсулотро барзиёд иҷро карданд. Ҳамзамон саршумори чорвои калону майда ва шумораи оилаҳои занбӯри асал назар ба соли қаблӣ афзуда, маҳсулнокии чорво низ зиёд шуд. Бо вуҷуди ин, дар бахши кишоварзӣ корҳои  муҳим ҳанӯз дар пешанд. Идома додани бунёди боғҳо дар ду паҳлуи шоҳроҳи Роғун - Ваҳдат, бунёди боғҳои нав аз ҳисоби таллу тепаҳо, зиёд намудани майдони кишти картошка ва сабзавот ва муҳимтар аз ҳама - зиёд намудани боздеҳи замин ҳамчунин, афзундани шумораи оилаҳои занбӯри асал ва бо ин васила зиёд намудани истеҳсоли асал,  саршумори чорвои калону майда, ба роҳ мондани хушзоткунӣ, дар сатҳи баланд гузарондани ташхисҳои байторӣ ва пешгирии бемориҳои чорво  масъалаҳои асосианд.
Суннати созандагиву ободкорӣ барои мардуми тамаддунофару куҳанбунёди мо аз қаъри таърих ибтидо мегирад ва минбаъд низ вобаста ба равандҳои сарнавиштсоз ташаккул меёбад. Аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети маҳаллӣ сохтмони Боғи истироҳатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳраки Обигарм, барқарорсозии шабакаи равшанидиҳандаи майдони асосӣ ва роҳҳои доимӣ, сохтмони роҳравҳо дар боғи фарҳанг, толори маҷлисгоҳ барои 425 нафар ва бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳр, дар умум ба маблағи қариб 4 миллион  сомонӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён гирифтанд. Корҳои анҷомдодашуда, ба монанди бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Луғур, боғи фарҳангию фароғатӣ дар шаҳраки Обигарм, таъмири боғи фарҳангӣ - фароғатии маркази шаҳр,  кашидани  хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Қандак, равшаннамоӣ ва таъмири роҳравҳои  кӯчаҳои шаҳр, ташкили коргоҳҳои коркарди шир ва адрасбофӣ баҳри  амалигардии  барномаҳои давлатӣ дар шаҳр мусоидат намуда,  барои таъмини зиндагии шоистаи мардум заминаи мувофиқ фароҳам меоранд. 
Масъалаҳои боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, рушди санъату мусиқӣ ва театр   низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд.
Чорабиниҳои фарҳангӣ - оммавӣ, аз қабили «Рӯзи Артиши миллӣ», «Рӯзи Модар», ҷашни байналмилалии "Наврӯз" хотирмон ва пуршукӯҳ баргузор  шуданд. Бахшида ба 3000 - солагии Ҳисори бостонӣ дар фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Таронаи Ваҳдат» кормандони бахши фарҳангии шаҳр иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Роғуниҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Оши палав”, “Дастархони беҳтарин”, “Ҷилваи чакан” низ ғолиб омаданд. Барои дар  сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ Вазорати фарҳанг 8 нафар корманди бахши фарҳанги шаҳрро ба унвони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” сазовор донист.         
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 - 2016» алҳол 573 нафар фаъолзанон дар мансабҳои гуногуни мақомоти иҷроия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои шаҳр фаъолият доранд. Дар донишкадаҳои олии пойтахт айни ҳол 110 нафар донишҷӯ тавассути квотаи президентӣ таҳсил менамояд ва 50 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Дар маркази дӯзандагии шаҳр 87 нафар занон ва ҷавондухтарони бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб шуданд.
Ҷиҳати пешбурди фаъолияти корҳои хонагӣ (эҳёи ҳунарҳои миллӣ),  фаъолияти соҳибкории хурд ва корҳои хоҷагии деҳқонӣ барои занон аз тарафи шуъбаи «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардиданд. Бонувон дар хона низ ба корҳои либосдӯзӣ, нону кулчапазӣ, бофтани ҷӯробу жемперҳо, заргарӣ, муҳракашӣ, гулдӯзии миллӣ, сӯзанидӯзӣ ва ҳунарҳои дигар машғул мебошанд.
Бахшида ба «Соли оила» озмунҳои «Оила адабгоҳи муҳаббат», «Кадбонуи беҳтарин», «Тарроҳи беҳтарин», «Ҳунарманди беҳтарин» гузаронда шуданд.
Ояндаи Роғун дурахшон аст. Ба хотири амалӣ намудани барномаҳои давлатии ҷумҳурӣ оид ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар, эҳёи ҳунарҳои дастии хонагӣ, шукуфоии Роғун ва беҳтар намудани некуаҳволии мардум нақшаҳои зиёдеро бояд амалӣ намоем. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тамоми имкониятҳо ва саъю  кӯшиши худро барои дар  амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар сохта, барои иҷрои вазифаҳои дар пеш истода талош меварзад. Ҳадафи мо тавассути меҳнати созанда ва босамар муҳайё намудани шароит барои зиндагии шоистаи мардум аст.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2016    №: 21    Мутолиа карданд: 619

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед