logo

фарҳанг

ЖУРНАЛИСТИКАИ ҲУҚУҚӢ АЗ ҶАСОРАТ ТО ТАҶРИБА

Вобаста ба вазъи ҳассоси ҷаҳони муосир, кам шудани сарватҳои табиат, рушди бемайлони техникаву технология ҷомеашиносон ба хулосае омадаанд, ки дар ояндаи наздик, таҳким набахшидани захираи маънавӣ, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, зиракии сиёсӣ, иқтидори мудофиавӣ бақои аксар давлатҳои ҷаҳонро зери суол мебарад. Дар ин робита, инкишофи журналистикаи ҳуқуқӣ ва омода намудани рӯзноманигорони бахшҳои ҳуқуқиву сиёсӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Ва бояд ба ин масъала дар муассисаҳои миёнаву олии таълимӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардад. Дар ин бора, профессор Мурод Муродӣ, устоди факултети журналистика дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома чунин гуфт:

- Дар ҳақиқат, рӯзноманигорони ҷавони мо ба самти сиёсиву ҳуқуқии воситаҳои ахбори омма таваҷҷуҳи камтар доранд. Вақте масъалаи кор дар шуъбаҳои ҳуқуқ пеш меояд аз худ нобоварӣ нишон медиҳанд ва ё ҳаросе онҳоро фаро мегирад. Яъне нарасидани ҷасорати касбӣ мушоҳида мешавад. Ҳол он ки ҳақиқатталошӣ дар ҳама давру замон азхудгузаштагӣ ва ҷасорат мехоҳад. Агар шахс ҷасорати журналистӣ надошта бошад, таҷрибаву дониши ӯ паси парда мемонад. Ин ҳақиқати талхи журналистика аст. Мушоҳида мешавад, ки имрӯзҳо шореҳони сиёсии рӯзномаву ҳафтаномаҳо, ровиёни барномаҳои сиёсии телевезион ва радио ангуштшуморанд. Зеро барои вазъи мураккабу тағйирёбандаи ҷаҳонро ба мардум дар шаклу қолаби содаву фаҳмо расондан, иттилооти имрӯзро дар муқоиса ба хабарҳои пешин таҳлил намудан ва огоҳии сиёсии шаҳрвандонро таъмин кардан, журналист бояд ҳирфаӣ бошад.
Дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фанҳое, ба монанди асосҳои ҳуқуқии журналистӣ, этикаи журналистика ва ҳуқуқшиносии умумӣ омӯзонда мешаванд. Аммо вазифаи устоди донишгоҳ нишон додани роҳ аст, рафтани роҳ дар ихтиёри донишҷӯст. Дар байни рӯзноманигорони мо ифодаи «Журналист бояд универсал бошад», расм шудааст. Вале дар як ё ду самт низ метавон универсал буд. Масалан, шореҳи беҳтарини масоили варзиш ё сиёсат. Аслан, як пешаи мушаххас шахсиятро шинохта мекунад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки аксари журналистони хориҷӣ ба ҷуз аз омӯхтани нозукиҳои рӯзноманигорӣ, мустақилона ба омӯзиши соҳаи интихобӣ машғул мешаванд, аз ҷумла забонҳои хориҷӣ, сиёсатшиносӣ ва сотсиология.
Як паҳлуи муҳими кори рӯзноманигорӣ шинохти мутахассисони соҳа, яъне мусоҳибон аст. Масалан, дар мавриди қазияҳои сиёсиву ҳуқуқӣ андешаву назари ҳуқуқшиносон, ҷомеашиносон ва кормандони мақомоти марбутаро гирифта, дар шакли мақолаи таҳлилӣ низ метавон омода кард. Ин раванд, аз як тараф пояи назариявию илмӣ, омор ва факту рақамҳои мавзӯи мақоларо таҳким бахшад, аз тарафи дигар, рӯзноманигорро дар шинохт ва дарки ҳаводиси сиёсӣ қавӣ мекунад. Рафти мусоҳибаи касбӣ барои журналист дарси иловагӣ ва ҳамсуҳбат сарчашмаи зиндаи иттилоотро мемонад.  Рӯзноманигоре, ки матлабҳои таҳлилии сиёсӣ менависад, ҳатман бояд сатҳи ҳуқуқдонии шаҳрвандонро ба инобат гирад. Аз оне, ки матлаби ӯро як доираи муайян мехонанд, ҳаргиз ноумед нагардад.   
Мо ҳар рӯз тариқи интернету дискҳо кинофилмҳои хориҷиро тамошо мекунем. Тамоми қаҳрамонҳои филм ҳангоми мушкилот ба полис, табобатгоҳ, кормандони сӯхторхомӯшкунӣ ва дигар мақомот хабар медиҳанд, ки нишона аз маърифати баланди ҳуқуқии онҳост. Чунин ҷараён дар ҷомеаи мо низ бояд ба ҳукми анъана дарояд.
Пешниҳод мекардам, ки рӯзномаву ҳафтаномаҳои давлатӣ ва радиову телевизион ҳар сол чанд нафар донишҷӯёни мактабҳои олиро ба сарпарастӣ гирифта, тарбия намоянд. Мисли он ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» имрӯзҳо донишҷӯёни моро ба оғӯш гирифтааст ва бовар дорем, ки ин иқдом аввалину охирин нест ва дигар воситаҳои ахбори омма низ бад-ин тартиб дар тарбияи журналистони касбӣ ҳисса мегузоранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.02.2016    №: 22    Мутолиа карданд: 564

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед