logo

иқтисод

«ТОҶИКАЗОТ» ҶАЛБИ 150 МЛН. ДОЛЛАР БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР

Таҷҳизоти «ТоҷикАзот» то охири соли 2016 пурра навсозӣ гашта, корхона дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Қарахон Чиллазода, раиси шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ягона корхонаи коркарди нуриҳои минералии кишвар – «ТоҷикАзот», ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2008, бинобар қатъ гаштани интиқоли газ аз хориҷ, аз фаъолият бозмонда буд, ба эҳтимоли зиёд то охири соли ҷорӣ дубора ба кор медарояд. Дар робита ба азсаргирии кори ин корхонаи азим бо як ширкати чинӣ тавофуқ ҳосил гардида, барои навсозии «ТоҷикАзот» 150 миллион доллар сармояи Чин ҷалб хоҳад шуд.
- Айни замон дар «ТоҷикАзот» 153 нафар фаъолият мекунанд, - зикр кард Файзиддин Раҳмонов, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-и шаҳри Сарбанд. - 1163 корманди ширкати мо дар рухсатии бемузд ҳастанд. Аммо дар сурати ба кор пардохтани корхона то 1,5 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё гардида, тамоми кормандони собиқ дубора даъват хоҳанд шуд.
Ба қавли Ф. Раҳмонов, дар марҳилаи аввал иқтидори солонаи истеҳсолии корхона ба 150 ҳазор тонна баробар хоҳад буд. Барои истеҳсоли карбамид минбаъд на аз гази табиӣ , балки аз ангишт истифода хоҳад шуд, ки ба ин васила ҳам хароҷоти корхона коҳиш меёбад ва ҳам нархи маҳсулоти тавлидӣ то се баробар пойин хоҳад рафт.
«ТоҷикАзот» соли 1964 бунёд ёфтааст. Соли 2002-юм дар заминаи корхонаи азотии Вахш корхонаи муштараки тоҷикию киприи «ТоҷикАзот» таъсис ёфт, ки 80 дарсади саҳмияи он ба ширкати «Хайрок Ҳолдинг Лимитед» (Кипр) ва 20 дарсади дигараш ба ҷониби Тоҷикистон мансуб буд. Аммо ба гуфтаи раиси шаҳри Сарбанд, соли гузашта бо ҳалномаи суди иқтисодии вилояти Хатлон «ТоҷикАзот» дубора ба моликияти давлат баргашт ва ҳамакнун он корхонаи давлатӣ буда, дар тобеияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар қарор дорад.
Қ. Чиллазода инчунин қайд кард, ки қарздории музди меҳнат аз ҳисоби «ТоҷикАзот» бинобар сабаби фаъолият накардани корхона ба 459,1 ҳазор сомонӣ баробар шудааст, аммо дар рӯзҳои наздик он ба кормандон пурра пардохт карда мешавад.
Ба иддаои таҳлилгарони масоили иқтисодӣ, дар сурати ҳадди ақал ба 50 дарсади иқтидори солона кор кардани корхонаи «ТоҷикАзот» буҷаи давлат даромади чашмгири молиявӣ ба даст меорад. Ҳисобу китоб шудааст, ки агар «ТоҷикАзот» дастикам 60 ҳазор тонна карбамид истеҳсол намояд, танҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ба давлат камаш 15 миллион сомонӣ пардохта метавонад.
Соли 2015 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Сарбанд ба 163,8 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 24,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
- Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳр сохтмони ду муассисаи томактабии хусусӣ барои 420 нафар тарбиятгирандагон дар арафаи анҷомёбист ва то ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба истифода дода мешаванд, - гуфт раиси шаҳр. - Дар сурати ба истифода додани онҳо зиёда аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Давоми соли 2015 аз ҷониби соҳибкорон 9 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолию хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуданд, зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони бешуғл ҷойи кори доимӣ пайдо карданд. Ҳамчунин, 1257 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, 365 нафар бекорон бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин гардиданд. Ба 29 нафар шаҳрвандони бекор барои ташкил намудани фаъолияти соҳибкорӣ ба маблағи 89,3 ҳазор сомонӣ қарзҳои боимтиёз ҷудо гардида, 185 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.02.2016    №: 22    Мутолиа карданд: 623

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед