logo

иқтисод

ПАХТА. ҲОСИЛИ БАЛАНДИ ОН САРИ БАЛАНДИ МАРДУМ АСТ

Пахта дар радифи алюминий, ки яке аз молҳои стратегии мамлакат аст, имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ, сарфи назар аз коҳиши нархаш, харидорони зиёд дорад. Ин зироат аз рӯи сермаҳсулию даромаднокӣ нисбат ба дигар рустаниҳо беҳамтост. Бахусус дар шароити кишвари мо рушди соҳаи пахтакорӣ таъсиси ҳазорҳо ҷойи кори иловагӣ барои мардуми деҳот ва таъмини рӯзгори ободи марди деҳқон, бурди саноати сабуки мамлакат асту ғанӣ гардидани буҷети давлат. Пас месазад, ки мушкилоти соҳаро ҳал карда, мисли пешина онро дар маснади худ болонишин бикунем. Ба истеҳсоли 1 миллион тонна пахта дар шароити буҳрон ноил шудан орзуи ширин аст, вале агар ҳар сол барои бардоштани 600 - 700 ҳазор тонна пахта ҷаҳду талош намоем, танҳо бурд мекунем. Чун пирони кору деҳқонони асил дар соҳа зиёданду бо фароҳам шудани шароити мусоиди фаъолият кор дар пахтазорон авҷи тоза мегирад.
Ба андешаи Зариф Шарифов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, пахтакорӣ дар оянда бояд ҳамчун соҳаи муҳими стратегии кишоварзии кишвар барқарор монад.
- Дар ҷумҳурӣ бояд ба низоми нави пахтакорӣ машғул шавем, то ин ки тавассути самаранок истифода бурдани замин, риояи оқилонаи агротехникаи парвариш, истифодаи дорую пору ва таъминоти техникӣ рушди устувори минбаъдаи соҳаро таъмин намоем. Яке аз чунин роҳҳо ҳатман ҷорӣ кардани киштгардони пахта – юнучқа, ҷуворимакка – пахта – юнучқа мебошад, ки солҳои охир бо сабабҳои гуногун ба ин масъала диққати зарурӣ дода намешавад.
 - Омили дигари муҳим барои баланд бардоштани ҳосилнокии кишти пахта истифодаи пурсамари нуриҳои минералӣ ва органикӣ мебошад, - мегӯяд олим.
Таҳлили олимон бозгӯи он аст, ки дар 6 соли охир ҳиссаи майдони кишти пахта дар майдони умумии кишти мамлакат 23,6 дарсадро ташкил додааст ва дар қиёс ба соли 1991- ум 35,2 дарсад камтар мебошад. Дар интиҳои солҳои даврони шӯравӣ дар ҷумҳурӣ дар ҳудуди 300 ҳазор гектар пунбадона мекоштанд. Соли 2014 кишти он бештар аз 162 ҳазор гектарро ташкил медод. Ҳосилнокӣ аз 29 сентнери соли 1989 дар соли 2010 то 18 сентнер коҳиш ёфт.
Ҳоло соҳаи пахтакории ҷумҳуриро мушкилоти зиёд домангир аст. Як мушкили таъсиргузор кофӣ набудани техникаю олоти коркарди замин аст. Бино ба гуфтаи Фаррух Абдувосиев, номзади илмҳои кишоварзӣ, ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бештар аз 15 ҳазор трактор мавҷуд буда, 50 дарсади он корношоям мебошад. Бо ин тракторҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 2 – 3 гектар замин шудгор мешавад. Ҳол он ки бо трактори амрикоӣ метавон то 50 гектарро шудгор кард. Соли 1991 колхозу совхозҳои мамлакат 37 ҳазор трактори дар «хати тайёр» доштанд. Таъминоти нурии кимиёвӣ кофӣ буду замин сари вақт шудгору обёрӣ шуда, ҳосили дилхоҳ ба даст меомад. Ба андешаи олим, қаблан як омили афзоиши ҳосилнокӣ аз нуриҳои маъданӣ кофӣ баҳраманд шудани пахтазор буд. Соли 2014 аз норасоии 40 ҳазор тонна чунин нуриҳо пахтазор аз ҳар ғӯза то 2 грамм вазни худро аз даст дод. Дар баробари ин, тухмиҳои пахтаи худӣ чандон ҳосили хуб надода, қобили рақобат бо чигитҳои хориҷӣ нестанд ва навъҳои беҳтарини он аз як гектар то 20 сентнер ҳосил медиҳанд. Дар ҳоле ки аз як гектар навъи тухмии серҳосили хориҷӣ то 40 – 50 сентнер ҳосил гирифтан имкон дорад.
Аз камтаваҷҷуҳии масъулони соҳа соли 2010 дар кишвар бештар аз 19 ҳазор гектар замини корам аз гардиши кишоварзӣ берун монд ва солҳои охир 24 ҳазор гектар замини обӣ нокорам шуд. Соли 2010  бо вуҷуди мушкилот дар ҷумҳурӣ бештар аз 310 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ шуд.
Имрӯз коршиносони хориҷӣ бар он назаранд, ки сифати нахи пахтаи Тоҷикистон хеле баланд ва маҳсулоти аълосифати аз он истеҳсолшуда дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир аст. Як шаҳодати эътирофи ин гуфта он аст, ки ҳоло маҳсулоти чанде аз коргоҳҳои бофандагии ҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия ва кишварҳои Аврупою Амрико харидорони зиёд пайдо намудааст. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки мушкилоти соҳаро зина ба зина ҳал намуда, ба хориҷиён яке аз беҳтаринҳо будани нах ва маҳсулоти пахтагини худро собит созем, бештар маҳсулоти тайёри пахтагӣ истеҳсол намоем. Бино ба таҳлили иқтисодшиносон фарқ миёни нархи ашёи хом ва маҳсулоти тайёр 15 – 20 маротиба бештар мебошад. Яъне, мо ашёи хом фурӯхта, фоидаи зиёдро аз даст медиҳем.

У. МУРОД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.02.2016    №: 22    Мутолиа карданд: 468

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед