logo

сиёсат

БАҲОИ ТАЪРИХ Ё ХИДМАТҲОИ КАМНАЗИРЕ, КИ МОНДАГОР ХОҲАНД БУД

Таърих ҳанӯз дар ёд дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми парешонгаштаро дар Ватан  бо чӣ талошҳое сарҷамъ кард.  Ҳарчанд дар он давра Тоҷикистон киштии шикастаеро мемонд, ки на раҳнамо ва на самти муайяни ҳаракат дошт. Ҳазорон ҳамватани мо бехонаву дар шуда, аз гуруснагиву бенавоӣ ҷон медоданд.

Ҳокимияти аз ҳар ҷиҳат фалаҷгаштаро эҳё намудан, дар назари аксари сиёсатмадорону ҷомеашиносони хориҷиву худӣ имконнопазир метофт. Аммо Эмомалӣ Раҳмон қотеона исрор кард, ки халқи куҳанбунёди тоҷик набояд ба ин осонӣ аз байн равад. Ӯ ҳамчун Сарвари давлат бо ҷасорати ба худ хос тавонист мардуми парешонгаштаро сарҷамъ карда, зиндагии шоистаро фароҳам оварад ва ҳамаи қавлу қарорашро дар назди халқу Ватан бо сарбаландӣ иҷро намояд. Мардуми кишвар хизматҳои ҷавонмардонаи Пешвои миллатро қадр карда, иқдомҳои созандаи ӯро дар ҳама гӯшаву канори кишвар самимона истиқбол менамоянд.
Ҳақ ба ҷониби Паёмбари ислом аст, ки гуфтааст: «Ҳамаи корҳо аз ният аст». Нияти ӯ, мароми ӯ нек буд, ки ҳама ба некӣ анҷомид.
Имрӯз хизматҳои беназири Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри ягонагии миллату давлат, ваҳдат, созандагиву ободкорӣ дар тамоми қишри ҷомеа ба назар мерасад. Садо баланд кардан аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид, пуштибонӣ кардан аз дини мубини ислом ва таъкиди он, ки ислом аз терроризм фарсахҳо дур аст, гувоҳи ҷасорат ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ будани ӯст.
 Ба қавли собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан «Тоҷикон намунаи беназири сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд». Аз ин лиҳоз, бояд ба ин дастоварди оламшумул ҳамеша эҳтиром гузорем, онро таҳкими ваҳдати милливу рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи ватандорӣ донему дар партави сиёсати бунёдгарои Пешвои миллат ба халалдор гардиданаш ҳаргиз роҳ надиҳем.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи сулҳи тоҷиконро эъмор карда, халқи моро ҳамчун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Ҳамчунин, ин абармарди сиёсат ҷиҳати шинохти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз ҷониби соири кишварҳои олам, хидматҳои бузургу таърихӣ анҷом дод, ки барои ҳамеша мондагор хоҳанд буд.

Муҳаммадӣ ШАРИФЗОДА,
корманди шуъба оид ба корҳои дин,
танзими анъана ва ҷашну маросимҳои
миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.02.2016    №: 22    Мутолиа карданд: 457

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед