logo

сиёсат

2015 - CОЛИ ИДОМАИ ТАДБИРҲО БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

Соли 2015 аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сол сипарӣ шуд. Дар ин давраи кӯтоҳи таърих мардуми соҳибтамаддуни тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо истифода аз пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва бо заҳмати софдилона корҳои ободониву созандагиро вусъат доданд.
Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва ояндасози Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон ба дастовардҳои намоёни сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Президенти мамлакат барои пешбурди сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари қабули барномаҳои давлатӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ, инчунин се самти асосию стратегиро пеш гирифт, ки бо татбиқи онҳо комёбиҳои неку назаррас насиби мардуми кишвар шуд.
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои муҳиму тақдирсоз дар роҳи расидан ба қуллаи мурод аст. Татбиқи ин се ҳадафи стратегӣ омили муҳими пешравии мамлакат давоми солҳои охир гардидааст.
Таҳияи қонуну барномаҳои наву мукаммали давлатӣ, гузарондани ислоҳоти муваффақ дар аксар соҳаҳо, дастгирии соҳибкорӣ, вусъати корҳои созандагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат дар ҳамаи соҳаҳо, ки аксар ҷавону хатмкардаи донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи мамлакат мебошанд, аз омилҳои дигари пешрафт ва тараққиёти кишвар дар соли 2015 мебошанд.
Соли 2015-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  бунёди боғу токзорҳо оғоз намуд. 8 январи соли 2015 Сарвари давлат ба Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ ба хотири бунёди боғи нав дар майдони беш аз 300 гектар заминҳои лалмӣ иштирок намуд. Барои саҳмгузорӣ дар бунёди боғи нав дар ин ҷо беш аз 1000 нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъ омаданд. Роҳбарият ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонии ин мавзеъ, ки то ин вақт дар ин заминҳо танҳо ғалла корида, фоидаи ночиз мегирифтанд, аз ин иқдоми наку басо шоду сипосгузор шуданд, зеро манфиати боғпарварӣ аз ғаллакории лалмӣ чандин маротиб зиёд аст.
Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо мардум, аз ҷумла таъкид дошт, ки талабот ба меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар сол ба сол бештар мегардад ва ҳар касе, ки боғу токзори хушсифат бунёд намуда, парвариши онро дуруст ба роҳ мемонад, фоидаи зиёд ба даст меорад.
23 январи соли 2015 дар ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд.
Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ бо назардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2015 ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол пешниҳод гардид.
Ҳамин тавр намояндагони тамоми сохторҳои давлатӣ ва шаҳрвандон Паёми раҳнамунсози Президенти мамлакатро сармашқи кори худ карда, давоми соли 2015 аз рӯи самтҳои муайянкунандаи ояндаи дурахшони Ватан кору зиндагӣ намуданд.
Худи ҳамон рӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2014 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2015 баргузор гардид.
Зимни ҳисобот ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир карда шуд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, вазифаҳои аввалиндараҷа ва ҳалталаби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2015 мушаххас намуд. Бори дигар таъкид гардид, ки барои таъмини рушди босуботу бонизоми сарзамини аҷдодӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда ва неруи бузурги мардуми шарифи кишвар пурсамар истифода бояд бурд.
30 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғози маҷлис Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд, тасдиқ карда шуд.
Вобаста ба таҷлили 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъкид гардид, ки ин ҷашни пурифтихор бо дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бояд истиқбол гирифта шавад.
Як зумра чорабиниҳои муҳими дигар доир ба тарғибу ташвиқи арзишҳои воло ва муқаддасоти таърихию фарҳангӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти ватандории насли ҷавони кишвар ба нақша гирифта шуд.
3 феврали соли 2015 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи «Соли оила» эълон намудани соли 2015 ба тасвиб расид. Ин иқдом ба хотири рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои ҷавон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қабул гардид.
10 феврал бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи шӯро раванди татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва роҳҳои таъмини рушди босуботи оянда баррасӣ шуд.
17 феврал таҳти раёсати Раиси Шӯрои амният, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Шӯрои амнияти кишвар баргузор гардид, ки дар он асосан масоили вобаста ба таъмини амнияти иқтисодӣ, мубориза бо коррупсия ва ҳифзи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дар ин соҳа баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, ҳамчунин дар таъйин ва пардохти нафақаҳои маъюбӣ зоҳир карда шуд.
22 феврал дар Кохи Ваҳдат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 22-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Сарвари давлат ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, собиқадорони соҳа ва кулли мардуми кишварро бо иди касбии муҳофизони далери Ватан табрику таҳният гуфт.
Баргузории интихоботи вакилон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар соли 2015 аз чорабинии муҳими сиёсӣ буд, ки 1 март бо иштироки фаъоли интихобкунандагон баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии рақами 15 - и ҳавзаи интихоботии рақами 2 ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, ба ҷонибдории ҳизб ва номзадҳои интихобнамудаи худ овоз дод.
Иштироки васеи мардум дар интихобот аз фаъ-ол будан дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва аз сатҳи баланди донишу маърифат, ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳамчунин ҷонибдории сокинон аз фазои сулҳу осоиш, суботу эътидоли иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.
6 март бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи давлатии Кохи Борбад ба истиқболи Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Президенти кишвар ҷашни Рӯзи Модарро ба модарону хоҳарон самимона шодбош гуфта, таъкид дошт: “Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд аст”.
Нимаи дуюми рӯзи 6 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшид. Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика аз се ошёна иборат буда, бо харҷи 5 миллиону 120 ҳазор сомонӣ сохта ва бо мебелу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шудааст. Дар ин бино 35 нафар коргар, ки мутахассисони варзидаи соҳа мебошад, бо шароити хуби корӣ таъмин шуданд.
Худи ҳамон рӯз дар шаҳраки донишҷӯён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се бинои хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшид. Ин биноҳо тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда 9-ошёна буда, барои 1300 донишҷӯ пешбинӣ шудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки биноҳо 12-ошёна шаванд. Тибқи ин пешниҳод дар се хобгоҳи 12-ошёна наздики 1600 донишҷӯ ҷойгир мешаванд. Бо сохта ба истифода додани ин биноҳо шумораи хобгоҳҳои нави замонавӣ дар ин ҷо ба 6 адад мерасад. Ҳамагӣ дар ин шаҳрак оянда 15 адад чунин хобгоҳҳои зебо қомат рост хоҳанд кард.
17 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуд.
Тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овози ҳамаи вакилон Шукурҷон Зуҳуров интихоб карда шуд. Сипас бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиботи иҷлосия, муовини якум ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон тавассути воситаҳои овоздиҳии электронӣ интихоб шуданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди касбии ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноат карда, аз ҷумла хотирнишон намуд, ки дар байни вакилон 12 нафар зан, гурӯҳи калони ҷавонони болаёқату ташаббускор, 2 академик, 8 доктори илм ва 17 нафар номзади илм мебошанд.
Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва овоздиҳии вакилон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 кумита ва 3 комиссия таъсис ёфт ва раисони ин сохторҳо интихоб шуданд.
17 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон, ки дар паҳлуи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост хоҳад кард, оғоз бахшид. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад.  Ба таъкиди мутахассисон, ин театр бузургтарин ва зеботарин чунин иншоот дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
19 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори бошукӯҳи Зарандуди Кохи Наврӯз чун анъанаи накуи наврӯзӣ дар арафаи ин ҷашни фархундаи ҷаҳонишуда бо зиёиёни мамлакат мулоқоти судбахш анҷом дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оинҳои пуршарафи наврӯзӣ ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки зиёиёни тоҷик чун ворисони асосии Наврӯзи хуҷаста дар тарғибу ташвиқи шоистаи он ба ҷаҳониён нақши намоён мегузоранд ва дар ин самт идомабахши таълифоти чунин абармардони илму адаби тоҷик чун Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Гардезӣ ва Умари Хайём мегарданд.
Давоми соли 2015 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Темурмалик, Данғара, Ёвони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, Турсунзода ва ба ноҳияҳои Ҳисору Рӯдакӣ сафари корӣ анҷом дод.                                                
Ҳадафи ин сафарҳоро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ бо мардум, шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, иштирок дар як қатор тантанаҳои идона, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, асос гузоштан ба оғози бунёди иншооти дигар, инчунин мусоидат ба беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ маънидод кард. Ҳар як сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муждаи ободкориҳост.
21 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок  дар тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз дар вилояти Суғд дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд толори наву замонавиро барои қабул ва гусели меҳмонони олимақом, биноҳои нави қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва қароргоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ, майдони зебои атрофи он ва дар паҳлуи майдон Қасри фарҳангии бошукӯҳро ифтитоҳ кард, ки бо намуди зоҳирӣ ва толорҳои зебои мунаққашу мунаввараш ба қасри овозадори Арбоб бисёр шабоҳат дорад.
Дар маркази Хуҷандшаҳри бостонӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандиро бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, ки оромгоҳи воқеияш дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, ифтитоҳ намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди мардуми сершумори Хуҷандшаҳр ва аҳли зиёи Тоҷикистон, ки беш аз 200 нафарашон аз марказ ва дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ин ҷо барои иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ ташриф оварда буданд, дастур дод, ки барои таҳти васояти ЮНЕСКО дар соли 2020-ум ҷашн гирифтани 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ санадҳои зарурӣ омода ва ба ин созмони ҷаҳонии фарҳангӣ пешниҳод карда шавад.
Худи ҳамон рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 500 нафар ятими бепадару модар аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуд.
Сипас, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ, ки дар майдони калони варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуда, бори дигар мардуми вилояти Суғд ва кулли Тоҷикистон, ҳамчунин ҳамватанони бурунмарзию дигар мардумони ҷашнгирандаи Наврӯзи хуҷастапайро бо фаро расидани ин иди ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфт.
Зимни ин сафар, ҳамчунин дар шаҳри Қайроққум як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, як корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, дар назди ширкати Фаровони шаҳр се коргоҳи нав бо сад ҷойи корӣ, дар паҳлуи Қасри фарҳанги Арбоб як бинои зебои амфитеатр бо 7000 ҷойи нишаст, дар шаҳри Хуҷанд ду иншооти ҷашнӣ - бинои нави филиали минтақавии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» бо 50 ҷойи корӣ ва корхонаи коркарди шири Порсои Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба корҳои сохтмонии як шаҳри нави замонавӣ ҳусни оғоз бахшид. Сохтмони шаҳри нав дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори нахуст сурат мегирад ва ин бозгӯӣ баромадани кишвар ба сатҳи сифатан нави рушди иқтисодӣ мебошад. Ин тадбири калонмиқёс ба таъмини зиёда аз 40 ҳазор оила ё худ беш аз 250 ҳазор аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он бо манзилу  шароити муосири зиндагӣ ва зербинои кору фаъолияти босамар нигаронда шудааст.
17 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуд.
Тибқи муқаррарот тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҷонибдории ҳамаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз нав ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Ба вазифаи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Абдураҳмон Қодирӣ ва ба вазифаи муовини раис намоянда аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Шодихон Ҷамшед интихоб карда шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими амнияту субот, таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва ҳамаи минтақаҳои он аз вазифаҳои аввалиндараҷаанд.
17 апрел дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.
Зимни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки маҷмаа аз як бинои 30-ошёна ва ду бинои 25 - ошёна иборат хоҳад буд ва барои Хадамоти алоқа, идораҳои марказии Тоҷиктелеком ва Почтаи Тоҷик пешбинӣ шудааст. Тибқи нақшаҳои пешакӣ идораҳои марказии тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҳам хусусии соҳаи алоқа метавонанд, дар ин ҷо ҷойгир шаванд ва ё намояндагиҳои худро боз кунанд.
Дар 5 ошёнаи аввали биноҳо ҷойгир намудани марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст, ки дорои садҳо ҷойи корӣ хоҳанд буд. Танҳо дар вақти сохтмони ин биноҳо беш аз 600 нафар бинокорон бо кор таъмин мешаванд, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Ин маҷмааи зебою муҳташам дар давоми 3 сол бо харҷи беш аз 630 миллион сомонӣ сохта хоҳад шуд.
Рӯзи 20 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хати барқии 500 киловолтаи Душанбе - ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Ин лоиҳаи бузург бо харҷи қариб 500 миллион сомонӣ татбиқ шуда, ба амнияти энергетикии кишвар мусоидати фаъол мекунад. Дар доираи ин тадбир ҳамчунин як силсила лоиҳаҳо, қабили сохтмони зеристгоҳи «Шаҳринав - 220 кв», «Ҳисор - 110 кв» ва навбати дуюми Маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе бо тавоноии 300 мегаватт татбиқ хоҳад шуд.
Моҳи апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияҳои Темурмалик ва Данғараи вилояти Хатлон сафар кард.
23 апрел дар деҳаи Фалҳободи ноҳияи Темурмалик бо ифтитоҳи пули 108-метраи мошингузар ҳамзамон роҳи навсозишудаи Данғара - Кангурт расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре аён гардид, роҳи мошингарди Данғара - Кангурт, ки масофааш 27 километр аст, бо сифати баланд навсозӣ шудааст ва дар ҳолати нигоҳубини дуруст солҳои зиёд ба мардуми ин минтақа хизмат хоҳад кард.
Ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ дастур дода шуд, ки барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ баҳри навсозии роҳи 26 - километраи мошингарди Кангурт - Балҷувон ва роҳи 32-километраи Кангурт - Темурмалик - деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ чораҳо андешанд.
Дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон инчунин бинои сеошёнаи маркази таълимӣ ва хизматрасонии Меҳри модар бо 250 ҷойи корӣ, бинои дуошёнаи чойхонаи зебои миллӣ ва тарабхона бо 30 ҷойи кор, дар мактаб - интернати Кангурт бошад, бинои нави хобгоҳи мактаббачагон бо 100 кати хоб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар толори тарабхона хатнасури дастҷамъонаи 100 писарча ва тӯйи хонадоршавии 6 ҷуфти ҷавон аз хонаводаҳои ниёзманд ороста шуд, ки нишонаи пайравии соҳибкорони саховатпешаи кишвар ба амалҳои башардӯстонаи Сарвари давлат мебошад.
Дар деҳаи Кангурт бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони як бинои 6 - ошёнаи истиқоматӣ ва сохтмони бинои замонавии таълимии мактаб-интернати Кангурт оғоз бахшида шуд, ки бо 10 синфхона барои 500 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст. Дар рафти сохтмони ин бинои истиқоматӣ қариб 100 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мешавад.
Дар деҳаи Ҳусейншайхи ноҳияи Данғара бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони корхонаи масолеҳи сохтмонии “Дарё-2015” дар фазои тантанавӣ шурӯъ гардид, ки дорои коргоҳҳои зиёд барои истеҳсоли қуми шуста, шағал, масолеҳи бетонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, болопӯшҳои тунукагии бомҳо, сафолҳои роҳрав, симтӯр, ҷамъ 12 намуд масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра мебошад.
Дар давраи сохтмони ин коргоҳҳо 100 нафар бо кори муваққатӣ ва пас аз ба кор даромаданаш 240 кас бо кори доимӣ таъмин мешавад. Танҳо дар коргоҳи дӯзандагӣ 55 нафар занону духтарони маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ мегардад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки дар Ҷамоати деҳоти Лоҳур қарор дорад, ташриф оварда, нахуст бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се корхонаи азими саноатӣ оғоз бахшид. Чунонки иттилоъ доданд, 3 корхона бо харҷи беш аз 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ сармояи муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Чин бунёд меёбад. Инҳо корхонаҳои истеҳсоли семент, шиша ва сафол ё худ кафел (кошӣ)мебошанд.
Танҳо дар вақти сохтмони ин корхонаҳо наздики 1200 нафар бинокори ватанӣ бо кори муваққатӣ таъмин мешаванд. Пас аз ба кор даромадани корхонаҳо дар онҳо барои қариб 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад.
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз яке аз қисмҳои ҳарбии танкии Вазорати мудофиа дидан карда, бо ҳолати омодагии доимии ҷангии ҳайати шахсии он бевосита шинос шуд. Дар ҳудуди қисми низомӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити вобаста ба будубоши доимии ҳайати шахсӣ бевосита шинос шуда, ба масъулон барои боз ҳам беҳтар намудани корҳо супоришҳои мушаххас дод.
8 май бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 70-уми Ғалабаи бузург бар фашизми гитлерӣ маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд.
Ба истиқболи 70-солагии пирӯзӣ бар фашизми гитлерӣ майдони маросимҳои Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе ба таври идона ороста шуда буд. Ин маросими бошукӯҳ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарият ва аъзои Парлумон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу ақибгоҳ ва намояндагони сершумори аҳли ҷамоати пойтахт ҷараён гирифт. Ба поси хотири қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар назди гулхани абадӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошт.
12 май бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом консерти бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар консерти идона ҳунармандони Ансамбли давлатии Шашмақоми  ба номи Фазлиддин Шаҳобов, Ансамбли давлатии Фалак, гурӯҳҳои рақсии Гулрез, Лола, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва дигар номварони санъати тоҷик ҳунарнамоӣ карда, рушди бонизоми ин жанри волои санъати мусиқии миллиро дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон намоиш доданд.
15 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо рафти сохтмони қитъаи Ваҳдат - Ёвони роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон сафар кард.
 Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки масофаи умумии қитъаи Ваҳдат - Ёвони роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа 40,7 километр буда, дар масири он 3 нақб бо дарозии 3755 метр, 8 пул бо дарозии 764 метр ва иншооти дигар, аз ҷумла 3 истгоҳ бунёд хоҳанд ёфт. Барои бунёди ин қитъаи роҳи оҳан, тибқи лоиҳа ҷудо намудани 800 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи шимолии нақби аз ҳама дарози ин қитъаи роҳ, ки масофааш қариб 3 километр хоҳад буд, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди он оғози расмӣ бахшид.
26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат машқгоҳи ҳарбии кӯҳии воқеъ дар ин гӯшаи баландкӯҳро мавриди истифода қарор дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳамаи сохторҳои қудратию воҳидҳои низомӣ аз ин мавзеъ барои омодасозии ҷузъу томҳои махсус ва кӯҳнавардии худ васеъ истифода намоянд.
26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба муносибати 18 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мулоқот намуда, доир ба арзишҳои волои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон андешаронӣ намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба эҳтироми волидон ҳидоят карда, аз ҷумла таъкид дошт: “Ҳар касе ки хизмати падару модарро ба ҷо меорад ва дуои онҳоро мегирад, умри пурбаракат мебинад” ва афзуд: “мардуми мо падарро беҳуда қиблагоҳ нагуфтаанд”.
Субҳи рӯзи 15 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додаи Президенти мамлакат ба шаҳри Роғун ташриф овард. Сафари кории Сарвари давлат дар шаҳри Роғун, нахуст бо  иштирок дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 - и шаҳри Роғун оғоз ёфт. Мактаб аз тарафи маъмурияти Муассисаи зериобшавандаи Роғун бо харҷи 22 миллиону 460 ҳазор сомонӣ сохта ва муҷаҳҳаз карда шуд. Ин бино аз чор ошёна иборат буда, барои 1300 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии ҳудуди мактаб 3,6 гектар мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр ба оғози фаъолияти Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ асос гузошт. Зарурати бунёди ин озмоишгоҳ ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини оғози корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонию васлгарии иншооти аср - Неругоҳи барқи обии Роғун барои назорати сифати масолеҳи сохтмонӣ ва сифати иҷрои ҳамаи корҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд. Дар маркази мазкур беш аз 140 нафар мутахассис, ки аксари онҳо соҳиби маълумоти олӣ мебошанд, фаъолият доранд.
Дар доираи сафар ба шаҳри Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони неругоҳ ба мавзеи бунёди ин иншоот ташриф овард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар неругоҳ аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ дидан кард. Аз сифати хуби корҳои барқарорсозӣ, идомаи сохтмон ва табъу рӯҳияи баланди бунёдкорони ин иншоот аён гашт, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори бинокорон аст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои дигари бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун, аз ҷумла майдончаҳои назоратӣ, нақбҳои нақлиётию сохтмонӣ, коллекторҳои обпарто, толори трансформаторҳо, нақби пиёдагард, толори агрегатҳо ва нақбҳои ноқилгузар бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки шумораи техникаю таҷҳизоти имрӯза барои оғози сохтмони сарбанд ва ба кор даровардани навбати якуми неругоҳ басанда аст.
Аз 28 то 31 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт. Дар ҷараёни ин сафар барои рушду пешрафти бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд, ки боиси беҳдошти сатҳи зиндагии мардум гардид. 
Дар ноҳияи Ванҷ аз тарафи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пули калони мошингузар бо иқтидори борбардории 100 тонна, корхонаи коркарди ангат ва Маҷмааи туристии “Ванҷи боло”, дар ноҳияи Дарвоз  хонаҳои истиқоматӣ, филиали Тоҷиксодиротбонк, корхонаҳои саноатии коркарди сангҳои қимматбаҳо «Карон - мармар»,  «Карон - гавҳарнигор», меҳмонхонаи замонавии «Карон - палас», ошхона барои сарбозони қӯшунҳои сарҳадӣ ва бинои комиссариати ҳарбӣ, кохи бонувон бо 500 ҷойи нишаст, дар ноҳияи Рӯшон қасри фарҳанг бо толори дорои 460 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифта, барои сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон санги асос гузошта шуд.
Дар ноҳияи Шуғнон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди ғалларо бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз ба истифода дод. Дар маҳали аз офати табиӣ зарардидаи ноҳия Президенти мамлакат бо корҳои барқарорсозии роҳ ва дар минтақаи сохтмони хонаҳои нав бо рафти бунёди иншоот аз наздик шинос шуд. Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо оилаҳои аз офат зарардида мулоқот кард.
Дар ноҳияи Роштқалъа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди НБО “Себзор” хишти аввал гузошт, ки тадбири арзанда барои беҳтар кардани вазъи соҳаи энергетикаи мамлакат ва омили муҳими расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Дар шаҳри Хоруғ бошад, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани хишти аввал барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ, бинои коллеҷи тиббӣ, сохтмони театр бо 500 ҷойи нишаст ва шаҳраки нав дар мавзеи Тем дар масоҳати 260 гектар асос гузошт. 
Дар мавзеи Тем бо мақсади бунёди шаҳрак 214 гектар замин ҷудо гардида, лоиҳаи нақшаи генералии шаҳрак омода шуда истодааст. Танҳо барои корҳои омодасозии бунёди шаҳрак хароҷоти 130 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар шаҳрак мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо шуъбаи солимгардонӣ, шуъбаҳои маориф, молия, омор, инчунин комиссариати ҳарбӣ, суд, прокуратура, шуъбаи амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, телеком, почта, чойхона, фонди ҳифзи иҷтимоӣ, Тоҷиксуғурта, қасри фарҳанг бо китобхона ва маркази эстетикӣ барои бачагон, нозироти андоз ва ҳаммом сохта мешавад. Корхонаҳои хизматрасонии маданию маишии шаҳраки навбунёди Тем барои 15 ҳазор нафар сокин муқаррар шудааст.
Инчунин, дар маркази вилоят Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хонаи истиқоматии 50 ҳуҷрадор барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ, бинои маркази хизматрасонӣ, сехи дӯзандагӣ бо 50 ҷойи корӣ ва маҷмааи варзишӣ дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғро бо 1700 ҷойи нишаст ифтитоҳ намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбатҳои озоду ошкоро бо сокинон иброз дошт, ки мақсади сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ тезондани корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ҳарчи зудтар бо манзили зист таъмин кардани оилаҳои аз офат зарардида, дастрас кардани кумакҳои моддӣ, маводи ниёзи аввал ва масолеҳи сохтмонӣ ба онҳо, инчунин бо бунёди як қатор иншооти муҳим мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят мебошад.
 

(Идома дорад)

Абдуфаттоҳ Шарифзода
Заробиддин Қосимӣ
Айниддин Самариддин


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2-5.02.2016    №: 22, 23, 24, 25    Мутолиа карданд: 622

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед