logo

иқтисод

АСППАРВАРӢ. БАРОИ РУШДИ ОН ЧӢ БОЯД КАРД?

Аспсаворӣ атрофи «Наврӯзгоҳи пойтахт» дар рӯзҳои истироҳат неруи тоза мебахшад. Ду сол боз савори асп ва чархзанӣ атрофи наврӯзгоҳ бо арзиши 10 сомонӣ, ки боиси болидарӯҳии дӯстдорони асп ва даромади иловагии аспбонҳо мегардид, манъ шудааст. Бо истифода аз чунин хизматрасонӣ мавҷуд будани дигар имкониятҳои васеи истифодабарии аспҳо, масалан фойтуни асп барои хизматрасонӣ дар хонаҳои ақди никоҳ, намоишҳои сиркӣ, савории кӯдакону наврасон дар рӯзҳои таътил низ манфиатоваранд.

Насрулло Хайруллоев, директори Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» дар кишвар роҳандозии чунин хизматрасониҳоро мусбат арзёбӣ намуд ва сабаби қатъ гардидани онро ба қабули қарори раиси шаҳри Душанбе «Оид ба тадбирҳои ба танзимдарории нигоҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе» марбут донист, зеро дар шаҳр нигоҳдории асп душвориҳои худро дорад.
Натиҷаҳое, ки аспҳои зоти тоҷикӣ дар сабқатҳо нишон медиҳанд, воқеан ҳам гувоҳи онанд , ки ин зот метавонад на танҳо дар ватани худ, балки берун аз он ҳам талабгори зиёд дошта бошад. Асппарварӣ дар кишвар аз солҳои сиюм оғоз гардида, аспҳои зоти тоҷикӣ дар сабқатҳои байналмилалӣ Осиёву Аврупоро тасхир кардаанд. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ парвариши аспи зотӣ тамоман қатъ гардид. Аксар хоҷагиҳои асппарвар муфлис шуда, барҳам хӯрданд. Барои аз нав ба роҳ мондани соҳа ва таъмини пешрафти он боз бисёр солҳоро тай кардан пеш омад. Норасоии кадрҳои баландихтисос, биноҳои аспнигаҳдорӣ, замин барои парвариш ва кишти зироатҳои хӯроки чорво, ки асп нисбат ба дигар ҳайвонот ба он талаботи бештар дорад, мушкилӣ эҷод кард. Алъон хоҷагиҳои асппарварӣ ба сикли такрористеҳсолкунии аспҳо - аз интихоб то гирифтани тойҳо, парваришу саворӣ ва озмоиши онҳо дар шароити ипподром, фурӯш ё таъйини аспҳои парваришёфта дар корҳои зотпарварии дохилихоҷагӣ машғуланд ва дар ин самт то андозае муваффақ ҳам шудаанд. – Барои нигоҳдории 80 сар аспи дар тавозуни «Наврӯзгоҳи пойтахт» буда қитъаи замин лозим аст, - мегӯяд Насрулло Хайруллоев. Ҳоло аз ёрии хоҷагиҳои дигари асппарварӣ истифода бурда истодаем. Азбаски аспҳо солхӯрдаанд, барои ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсоли гӯшт ва консерва омодаем, то аз маблағҳои бадастомада тавонем тойча харид намоем.  Ташкил намудани бахши аспсаворӣ ҳам барои рушди ин намуди варзиш, ки дар замони муосир яке аз варзишҳои маъмул ва сердаромад ба ҳисоб меравад, ба манфиати кор хоҳад буд, ҳам варзишгарон ва ҳам ҳаводорони аспсаворӣ имкони дар бахшҳо тамрин карданро пайдо мекунанд.  Барои ин хизматрасониҳо «Наврӯзгоҳи пойтахт» аз Хадамоти зиддиинҳисории кишвар тасдиқи нархномаи хизматрасониро дархост кард. Федератсияи кокбору (аспсаворӣ) ва пойгаҳро низ мебояд фаъолияташро ҷиҳати рушди соҳа устувор ба роҳ монад.

Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.02.2016    №: 23    Мутолиа карданд: 517

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед