logo

фарҳанг

ДИНОГОҲӢ НАСЛИ ҶАВОНРО АЗ ҒОЯҲОИ ИФРОТӢ ЭМИН МЕДОРАД

Мутобиқи пажӯҳишҳои олимони дин ва фалсафа дар таърихи башарият зиёда аз 5000 дин арзи ҳастӣ кардааст. Бо вуҷуди бостонӣ ва таърихӣ будани дин, назару андеша ва гуфтугузорҳо перомуни он гуногун ва бешуморанд. Илми ҷомеашиносӣ имрӯз талаб мекунад, ки ба дин ҳамчун падидаи иҷтимоиву фарҳангӣ муносибат карда шавад. Аз назари илмиву иҷтимоии ҷаҳони муосир инсон на танҳо ба дину мазҳабе, ки пайрави он аст, балки ба тамоми дину оинҳои дигар бояд иртиботи таҳаммулпазирона дошта бошад.

Дар робита ба ин, чанде пеш аз ҷониби ходимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерзот Абдуллоев, Маҳмадалӣ Музаффарӣ ва Ғаффор Мирзоев китоби «Таърихи дин» (барои синфи 9) таҳия ва нашр гардид.
- Ин китоби дарсӣ бо тавсияи Вазорати маориф ва илм бо теъдоди 180 000 нусха ба табъ расид. Пеш аз чопи он, назари масъулони тамоми вазорату идораҳои дахлдор гирифта ва тақризҳои зиёде ҳам аз ҷониби мақомоти қудратӣ навишта шуд, - иттилоъ дод Ғаффор Мирзоев, мудири шуъбаи фалсафаи дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ.
Диншиносӣ ҳамчун илми фалсафӣ дар асрҳои 18 - 19 дар кишварҳои Олмон, Фаронса ва Ҳоланд пайдо шуд ва асосгузори ин илм файласуфи маъруфи олмонӣ М. Мюллер аст. Ҳарчанд ки дар бораи он бузургони тоҷик, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав, Ибни Сино даҳҳо рисолаву китобҳои илмиву назариявӣ навиштаанд.
Пажӯҳишу корҳои анҷомдодашуда нишон медиҳанд, ки кулли дину боварҳои мардуми олам  арзишҳои баланди инсониро аз ҳамдигар мерос гирифта, таҳаввулу ташаккули муайянеро аз сар гузаронда, то ба имрӯз интиқол додаанд.
Бино ба гуфтаи Ғаффор Мирзоев, масъалаи ҳамчун фан ба барномаҳои таълимӣ ворид намудани дарси таърихи дин дар байни олимон ва ҷомеашиносони мо баҳсҳои ҷиддиву тӯлониро дар пай дошт. Таълиф шудани китоби «Таърихи дин» кӯшиши нахустин набуда, аз ҷониби корманди институт Шерзот Абдуллоев соли 1994 аллакай китоби дарсии «Диншиносӣ» барои мактабҳои олӣ навишта шуда буд. Аммо бо сабабҳои муайян фанни диншиносӣ барои донишҷӯён тавсия нагардид. Мувофиқи таҳлилу баррасиҳои Вазорати маориф ва илм ва вазъи ҳассосу ноороми ҷаҳони муосир, имрӯз зарурат пайдо шудааст, ки фанни таърихи дин барои хонандагони мактабҳои миёна ва аз соли оянда дарси диншиносӣ барои донишҷӯён омӯзонда шавад. Омӯзгорон, бавижа устодони фанни таърих низ ҳангоми гузарондани такмили ихтисос аз назарияҳои асосҳои фалсафаи дин таълим дода мешаванд.
- Диншиносиро бо соҳаҳои атеизм (инкор кардани дин ҳамчун падидаи иҷтимоӣ) ва теология махлут кардан набояд.  Мутаассифона, имрӯз гурӯҳҳои динситезе меъёрҳои диниро барои расидан ба манфиатҳои сиёҳу ғайриинсонии худ истифода бурда истодаанд. Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид доштанд, «давлатҳои абарқудрат огоҳона динро барои расидан ба ҳадафҳои геополитикии худ истифода мекунанд». Онҳо медонанд, ки дин аз бузургтарин арзишҳои инсонист ва ба ин восита метавонанд аҳли эътиқодро ба осонӣ ба бозиҳои сиёсӣ кашанд. Аз ин сабаб, бераҳмона соҳибони ин арзиши муқаддасро ба хоку хун оғӯшта карда истодаанд. Навишта шудани китоби «Таърихи дин» ва иқдомҳои дигар маҳз барои ташаккули тасаввуроти дуруст доир ба дину оинҳои бостонӣ дар ҷомеаи мо пиёда мегарданд, - афзуд Ғаффор Мирзоев.
Муаллифони китоб хостори онанд, ки таълиму тадриси диншиносӣ дар мактабҳои олӣ таҳким ёбад ва омӯзгорони мо, ки оянда ба тарбияи насли наврас машғул мешаванд, дастурҳои нахустини диншиносиро дар курсҳои махсуси Вазорати маориф ва илм омӯзанд ва нагузоранд, ки хонандаи мактаб ба таблиғоти ифротии шабакаҳои интернетӣ ва шахсони алоҳида гаравад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.02.2016    №: 23    Мутолиа карданд: 746

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед