logo

фарҳанг

НАШРИ АКАДЕМИИ «НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК» ЗАРУР АСТ

Пешвои миллат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барҳақ иброз доштанд, ки «Аллома Айнӣ бо рисола ва мақолоти зиёдаш дар хусуси зиндагӣ ва эҷодиёти шахсиятҳои илму маърифат ва сиёсату давлатдорӣ мардумро бо гузаштаи пурифтихор ва фарзандони некноми миллат ошно сохт, онҳоро бо таърихи ибратомӯзу пурифтихори худ пайваст. Мардум бо нигоҳи зиракона ва хирадмандонаи Айнӣ аз барору нокомиҳои ниёгон дар набарди зиндагӣ огоҳ шуданд». Ба ин хотир, 8 сентябри соли 1997 ба ин фарзанди бошарафи халқи тоҷик унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Яке аз шоҳкорҳои асосгузори адабиёти навини тоҷик, ки воқеан дар шинохти шахсиятҳо ва эҷодиёти мондагори фарзонагони миллат дар рӯзгори басо вазнини кишвар саҳми асосӣ ва боризро дошт, «Намунаи адабиёти тоҷик» маҳсуб меёбад. Дар он давр, яъне бо таъсису барпо гардидани ҳукуматҳои миллӣ дар Осиёи Миёна, хоса Ҳукумати Ҷумҳурияти Мухтори Тоҷикистон таълифи ин асар ҳамчун шиносномаи миллат басо зарур ва саривақтӣ буд.
«Намунаи адабиёти тоҷик» ба бисёр даъвоҳои беасоси душманони миллату сарзамини мо бояд ҷавобҳои қотеъ медод ва онҳоро ба куллӣ рад мекард. Ҳамзамон собит месохт, ки ин миллат фарҳангу адаби қадима дорад ва дар рушди тамаддуни башарӣ нухбагони он, хоса адибони баркамол саҳми чашмрас гирифтаанд. Аз ин рӯ, қасдан нодида гирифтани ин арзишҳои бузург инкори як ҷузъи муҳими таърихи башарият ва тамаддуни пешрафтаи он аст.
Бо дарки ин масъулият ва пойдории давлату миллати эҳёгаштаи тоҷикон Ҳукумати ҷавони Тоҷикистон хост, ки маҷмӯае бо номи «Намунаи адабиёти тоҷик» нашр кунад. Табиист, ки аз уҳдаи ин кори басо мушкилу заҳматталаб ва дар айни замон пурифтихор, яъне ҷамъоварии намунаи асарҳои удабои даврони пешин ва навин, инчунин таълифи он танҳо устоди зиндаёд Садриддин Айнӣ баромада метавонист.
Тавре худи устод Садриддин Айнӣ ёдовар мешаванд, ҷамъоварӣ ва таълифи ин асари бузурги мондагор бо вазъи ногувори тандурустӣ осон набуд. Инчунин он дар пай хавфу хатари зиёд дошт. Вале муҳаббат ба миллат, кишвари азиз ва алоқамандию меҳраш ба адабиёти асил дар иҷрои ин кор неруи тоза бахшидаш. Устод дар он рӯзгор бо ҷасорату мардонагӣ аз он ҳама чунин ёд овардаанд:
«Баъд аз инқилоби уктабр дар Туркистону Бухоро ҳукумати шӯроӣ азбаски ба номи узбак таъсис ёфт, рӯзномаҳо, фармонҳо, дастурамалҳо, китобҳои мактабӣ ва китобҳои сиёсӣ – ҳама ба забони узбакӣ нашр шуданд, қавми тоҷик, ки соҳиби маданияти қадимаву дорои адабиёти нафиса буд, аз адабиёти нави инқилобӣ, аз мактабҳои шӯроӣ ва аз гузориши аҳволи дохиливу хориҷӣ ва аз тарбияти сиёсӣ ва билҷумла аз тамоми меваҳои инқилоб маҳрум монд».
Ҳамин тавр, ба вазъи мураккаби сиёсию иҷтимоӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» барои давлати навтаъсис ва эҳёи миллати қадимаи тоҷик бо ҳама маҳрумиятҳо ба ҳукми чашмаи ҳаётбахш буд.
Устод Абулқосим Лоҳутӣ менависад, ки «Моҳи августи соли 1925 дар шаҳри Самарқанд ба зиёрати фозили муҳтарам ноил шудам. Устод дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхае дар даст дошт, ки менавишт. Он ҳамин «Намунаи адабиёти тоҷик» буд.
Садамоти дунё, занҷирҳо, чӯбҳо ва шиканҷаҳое устодро пиру мунҳанӣ кардаву чашмонашро беқувват намуда. Бо вуҷуди ин, як сол мешуд, ки ба ҷамъу тартиби «Намунаи адабиёти тоҷик» пардохта буд. Он рӯзҳо китоб ба поён расида ва машғули покнависии он  буданд. Ман онро мухтасаран мурур кардам».
Инак, аз он рӯзгори даҳшатбор «Намунаи адабиёти тоҷик» чун намунаи бузургтарин дастовардҳои илмию адабӣ шинохта шудаасту муаррифӣ мегардад. Ба воситаи китобҳои таълимӣ мухтасаран ҳам бошад, хонандагону донишҷӯён ва алоқамандон дар бораи он маълумот гирифта метавонанд. Аммо ба асли китоб аксар дастрасӣ надоштанд. Чаро? Чунки онро на ба хати форсӣ, яъне асл ва на ба хати кириллӣ дубора ба табъ мерасонданд. Дар ин маврид боз зарурат ба пурсиш аст. Посухро бояд муҳаққиқону пажӯҳишгарон бигӯянд. Воқеан, барои чӣ дар он чандин даҳсола китоби мазкур мавриди тадқиқу таҳқиқу пажӯҳиш гардид ва дар бораи он мақолаву рисолаҳои илмӣ, илмӣ – оммавии зиёд навиштанд, вале онро бознашр накарданд? Ин дар суратест, ки дар рӯзгори пешин имкону иқтидорҳои зиёд барои фарҷоми ин амали хайр вуҷуд дошт.
Магар ба ёди масъулон дар он рӯзгор нашри дигарбораи асари мазкур наомадааст ва аҳли зиё хомӯш монданд? Ҳол он ки садҳо асарҳои камарзиштарро нисбат ба ин асар гаштаву баргашта ба табъ расонданд. Аз рӯи маълумоти дастраснамудаи ин ҷониб  Абдулҳай Маҳмадаминов, доктори илми филология, муҳаққиқи варзидаи кору рӯзгори устод Айнӣ, ба ин иқдоми наҷиб аз соли 1973 даст зада ва талош варзида, ки онро ба нашр бирасонад. «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро аз хати форсӣ ба хати кириллӣ баргардон намудаву ба он  шарҳу тавзеҳи муфассал дода буд. Аммо барои чопаш масъулон ҷудо кардани маблағро дареғ доштанд. Ин устоди дилсӯзу ҷонфидои илму фарҳанги тоҷик дар ин маврид зарур мешуморад, ки худ маблағ ҷамъ биёраду онро ба табъ бирасонад. Мутаассифона, маблағи ҷамъовардаи ӯ танҳо барои ҳуруфчинии он дар нашриёт кифоят карду халос. Ҳеҷ кас ба имдодаш нарасид. Агар тасаввур бишавад, ки бо чи заҳматҳои зиёд ин асар дар сурбҳои гарм ҳуруфчинӣ шудааст ва барои ислоҳи он аз ҷониби ин устод он борҳо хонда шудааст, шояд андак ин вазъи ногувор эҳсос бигардад. Ва ҳам агар пеши назар биёрем, ки он ҳамаро баъдҳо маҳву нобуд сохтанд, ҳар ойина дил дар сина ба дард меояд. Аз ранҷҳои равонию ҷисмонии 42-солаи ин устод ва аламу андуҳи ӯ чизе намегӯем, аммо умед мебандем, ки худаш рӯзе аз ин боб менависад, чун он барои таърих, ибрати дигарон, бисёр зарур аст.
Баъдҳо, яъне дар даврони Истиқлоли миллӣ, дақиқтараш замоне, ки вазъи сиёсию иҷтимоии кишвар  пас аз ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба беҳбудӣ овард, ин масъала, яъне нашри китоби мазкур матраҳ нагардид. Ин боз дар ҳолест, ки Президенти кишвар ҳамасола аз ҳисоби захираҳои худ барои нашри китоби адибон маблағ ҷудо мекард. Дар ин муддат баъзе аз шоирону нависандагон аз ин ҳисоб чандин бор китобҳояшонро ба табъ расонданд. Аммо «Намунаи адабиёти тоҷик» боз ба хотири масъулону ноширон гӯё нарасид, ки нарасид. Танҳо соли 2010 ин китоб бо дастгирии молиявии шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон (таҳия ва нашри китоб бо кӯшиш ва зери назари Камолиддин Айнӣ ва Низом Қосим сурат гирифт ва онро аз хати форсии тоҷикӣ Аҳмадҷон Ҳоҷиев баргардонд) бо теъдоди 500 нусха нашр гардид. Албатта, ин теъдод бисёр кам мебошад. Пас аз он, яъне охири ҳамин сол китоби мазкурро тариқи нашриёти «Адиб» аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Сарвари давлат бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расонданд. Аммо аксар алоқамандону мутахассисону омӯзгорон аз нашри он бехабар монданд ва китобро дастрас  карда натавонистанд. Дуруст аст, ки биёбони ташналаберо бо як  ё чанд зарфи об наметавон шодоб кард. Бисёр  рамзӣ ва шоистаи таҳсин мебуд, агар ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ бо ду хат- хати кириллӣ ва форсӣ ва теъдоди зиёд аз нав ба табъ мерасид. Ин дар навбати худ ҷуброни хатоҳои пешин мешуд ва рӯҳи устод Айнӣ шод мегардид. Агар ҳам боз дар чунин даврони нек фориғболӣ мекунему ғафлат меварзем, таърих дигар ҳеҷ гоҳ гуноҳи насли моро нахоҳад бахшид. Аммо ин нашр аз нашрҳои пешин бояд ба куллӣ фарқ дошта бошад. Чаро? Ва чӣ гуна? Маврид ба ёдоварӣ ва таъкиди махсус аст, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» нахустин бор соли 1926 дар Маскав ба табъ расида буд. Аз ин рӯ, устод Садриддин Айнӣ имкони ислоҳи хатоҳои нашриётро пеш аз ба табъ расондан надоштанд. Дар натиҷа китоб бо ғалатҳои хеле зиёди фоҳиш аз дасти чоп баромад. Муҳаққиқ Абдулҳай Маҳмадаминов чандин бор дар суҳбатҳо ва дарсҳо иброз доштааст, ки шумораи хатоҳо бе ҳеҷ як муболиға аз 1000 зиёд мебошад. Рафъи ин  ғалатҳо танҳо тавассути муқоиса бо дастхати муаллиф имконпазир мебошад. Ҷойи таассуфи дигар он аст, ки «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро пештар аз ин, яъне соли 1385, ки баробар ба соли 2007-и мелодӣ мебошад, бо хати форсӣ ва пурра бо ҳама ғалатҳояш дар шаҳри Теҳрони  Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расонданд.
Тавре бармеояд, нашри дигарбора ва беғалати ин шоҳасар дар айни замон заҳматталаб мебошад, аммо ҳатман ин кори бузургу таърихӣ ҳарчи зудтар бояд ба фарҷом бирасад. Варна агар мо ҳазор бори дигар ҳам ин китобро нашр бикунем, дурри мақсуд ба даст намеояд. Ин нашрҳо ба талаботи илми матншиносӣ ҷавобгӯ нест, зеро он бо муқоиса бо дастхати устод Садриддин Айнӣ сурат нагирифтааст.
Ҳамин тавр, нашри интиқодӣ ё худ академии «Намунаи адабиёти тоҷик» бисёр зарур мебошад ва дар айни замон туҳфаи арзишманд дар ҷашни Истиқлоли миллӣ шуда метавонад.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.02.2016    №: 23    Мутолиа карданд: 653

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед