logo

ҳуқуқ

АФВИ «МУҶОҲИДОН» - И ПУШАЙМОНШУДА

Тайи як соли охир дар қаламрави вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони милитсия нисбат ба 229 муллои сеҳргару мардумфиреб парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки аксари онҳо ба фолкушоиву мардумфиребӣ машғул буданд.

Дар ин бора Баҳром Шарифзода, сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, давоми соли 2015 ҳамчунин 14 ҳолати таълимоти ғайрирасмии динӣ ошкор гардида, нисбат ба 14 мударрис, ки ба 51 наврасу ҷавон таълим медоданд, ҷазо таъйин шудааст.
- «Бояд гуфт, ки кормандони милитсия ва нозирони минтақавӣ дар ҳамдастӣ бо фаъолони ҷомеа бо сокинони маҳалҳо дидору мулоқотҳо анҷом дода, масоили марбут ба риояи суннатҳои миллӣ ва зарурати парҳез аз тақлид ба фарҳанги бегонаро ташвиқ намуданд, - зикр кард Б. Шарифзода.
Дар идома Б. Шарифзода гуфт, ки соли гузашта 245 ҳолати дар Сурияву Ироқ ҳузур пайдо кардани сокинони вилояти Хатлон муайян гардид, ки дар он миён 32 нафар зан ва 54 нафар ноболиғ буд. «Тибқи маълумоти мо, 21 нафар ҳамроҳи зану фарзандаш ба Сурия рафтааст. Давоми сол 29 нафар аз он кишвар бозпас гаштанд ва аксари онҳо, бинобар он ки изҳори пушаймонӣ намуданд, мавриди афв қарор гирифтанд», - гуфт Б. Шарифзода ва афзуд, ки аз ҷанги Сурия тайи як соли охир хабари кушта шудани 31 нафар расидааст.
Сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо ёдоварӣ аз ҳаводиси вобаста ба собиқ генерал Ҳоҷӣ Ҳалим гуфт, ки ҳамдастии 43 сокини вилоят бо ин гурӯҳ муайян гардида, 23 нафари онҳо дастгир, 6 нафар безарар ва 14 нафар дар пайгарди қонунӣ қарор доранд.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.02.2016    №: 23    Мутолиа карданд: 427

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед