logo

сиёсат

ТАҒЙИРИ НОМИ 10 ШАҲРУ НОҲИЯ

1 феврал аз ҷониби Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйир додани  номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва объектҳои ҷуғрофии мамлакат ба имзо расида, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси пешниҳоди маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳия шуда, ба имзо расидаанд, номҳои як қатор шаҳру ноҳияҳо ба таври зайл иваз мешаванд:
ноҳияи Ҳисор – шаҳри Ҳисор;
ноҳияи Тавилдара – ноҳияи Сангвор;
ноҳияи Ҷиргатол – ноҳияи Лахш;
ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ – ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;
ноҳияи Ҷиликӯл – ноҳияи Дӯстӣ;
ноҳияи Қумсангир – ноҳияи Ҷайҳун;
ноҳияи Шӯрообод – ноҳияи Шамсиддини Шоҳин;
шаҳри Қайроққум – шаҳри Гулистон;
шаҳри Чкалов – шаҳри Бустон;
ноҳияи Ғончӣ – ноҳияи Деваштич;
обанбори Қайроққум – обанбори “Баҳри Тоҷик”.
Пешниҳод дар бораи ба шаҳр табдил додани ноҳияи Ҳисор, ки  дар доираи омодагӣ ба таҷлили 3000 – солагии Ҳисори шодмон басо ободу зебо шудааст, дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашн аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд.
Тағйири номи шаҳру ноҳияҳо мутобиқи моддаҳои 10, 18 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ” бо пешниҳоди маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ мегардад.
Ҳадаф аз тағйири номи шаҳру ноҳияҳо ва обанбори мазкур амалӣ намудани дархосту пешниҳод ва ормонҳои ватандӯстонаи мардум доир ба барқарор намудани асолати таърихии номҳо, тарғибу ташвиқи анъанаҳои волои миллӣ, ба назар гирифтани хосиятҳои маҳалҳои ҷойгиршавӣ ва мусоидат ба баланд  бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии аҳолӣ ва хусусан бедор намудани хотираи таърихии насли ҷавону навраси кишвар аз фарҳангу тамаддуни пурғановати ниёгон ва давлатсозии муосири миллати бостонию созандаи тоҷик аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.02.2016    №: 23    Мутолиа карданд: 638

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед