logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

Қонуни мазкур сиёсати давлатро дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муқаррар ва ба танзим дароварда, барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шахс ҷиҳати дарёфти таҳсилоти олии касбӣ шароит фароҳам меоварад.

БОБИ 1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
- аккредитатсия - тартиби муайян намудани мақоми муассисаи таълимӣ дар пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- аспирант – мутахассиси дорои маълумоти олии касбӣ ё магистрӣ, ки бо мақсади таҳияи рисола ва омодагӣ барои дарёфти дараҷаи номзади илм дар аспирантураи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаи илмӣ ва ё муассисаи таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таҳсил мекунад;
- аттестатсия - тартиби муқаррар кардани мувофиқати мазмун, сатҳ ва сифати омодагии хатмкардагони муассисаи олии таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи соҳаҳои таълим (ихтисос);
- аттестатсияи ниҳоии давлатии донишҷӯ - тартибест, ки дараҷаи фарогирии донишҷӯро ба стандарти ҳатмии давлатии сатҳи марбутаи таълим муайян намуда, аз рӯи натиҷаи он ба донишҷӯ ҳуҷҷати дорои таҳсилоти дахлдор дода мешавад;
- бакалавр - дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ буда, шахси дорои ин таҳсилот доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбӣ ҳосил менамояд;
- бозомӯзии касбӣ – дарёфти дониш, маҳорат, малака ва васеъ намудани тахассус бо мақсади мутобиқ гардидан ба шароити нави иқтисодиву иҷтимоӣ аз рӯи барномаҳои таълимӣ, ки омӯзиши фанҳои алоҳида, қисматҳои муайяни илм, техника ва технологияи барои иҷрои фаъолияти касбӣ зарурро дар бар мегирад;
- доктори PhD, доктор аз рӯи ихтисос - дараҷаи олии академӣ, ки ба шахсони барномаи касбии докторантураро аз рӯи ихтисоси муайян аз бар намудаанд, дода мешавад;
- докторант - шахсе, ки соҳиби дараҷаи илмии номзади илм буда, барои дарёфти дараҷаи доктори илм ба докторантура қабул шудааст;
- донишҷӯ - шахсе, ки тибқи тартиби муқарраршуда ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидааст ва дар шӯъбаҳои рӯзона, шабона, ғоибона ё бо мақсади дарёфти дараҷаи муайяни таҳсилот ва ихтисос ба тариқи экстернат таҳсил мекунад;
- ихтисос - маҷмӯи дониш ва маҳорату малака, ки бо роҳи омӯзиши ҳадафнок ва таҷрибаи корӣ ҳосил шуда, барои навъи муайяни фаъолият зарур мебошанд ва бо ҳуҷҷатҳои мувофиқ дар бораи таҳсилот тасдиқ карда мешаванд;
- иҷозатномадиҳӣ - тартиби эътироф кардани имконоти муассисаи таҳсилоти олии касбии шакли муайян барои оғози фаъолияти таълимӣ, ки ба  гирифтани таҳсилоти олии касбӣ  ва ихтисос мутобиқи талаботи стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин талаботи давлатӣ оид ба таъминоти кадрӣ, илмию методӣ ва моддию техникӣ алоқаманд аст;
- касб - намуди асосии шуғл ва фаъолияти меҳнатии инсон буда, бо ҳуҷҷати марбут ба таҳсилот тасдиқ мегардад;
- курсант - шахсе, ки бо тартиби муқарраршуда ба муассисаи таҳсилоти олии касбии ҳарбӣ (ва ё махсус) қабул гардидааст ва барои ба дараҷаи муайяни таҳсилот ва ихтисос соҳиб шудан таҳсил мекунад;
- магистр - дараҷаи таҳсилоти олии касбӣ, ки баъди супоридани имтиҳони давлатӣ ё ҳимояи рисолаи магистрӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода мешавад. Магистр, асосан ба соҳаи муайяни илм машғул шуда, корҳои илмию таҳқиқотӣ мебарад ва аз рӯи ихтисос дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар вазифаҳое, ки ба сатҳи таҳсилоти ӯ мувофиқанд, кор мекунад;
- мазмуни таълим - сохтор, мундариҷа ва ҳаҷми барномаи таълимиест, ки азхуд намудани он ба шахс имкони дарёфти таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисоси муайянро таъмин менамояд;
- муассисаи таҳсилоти олии касбӣ - муассисаи таълимӣ, таълимии илмӣ, ки барномаи таълимии касбии таҳсилоти олиро аз рӯи стандарт ва самти муайяни таълим ва маърифату тахассус татбиқ менамояд, таълиму тарбия ва тайёрии касбии шаҳрвандонро вобаста ба майлу хоҳиш, қобилият ва талаботи меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таъмин мекунад, инчунин фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро амалӣ мегардонад;
- муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ - муассисаи олии таълимие, ки аз ҷониби давлат таъсис дода шуда, аз буҷети давлатӣ ё дигар манбаъҳо маблағгузорӣ мешавад ва ба мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад;
- муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ - муассисаи олии таълимие, ки ба моликияти ғайридавлатӣ ва хусусӣ асос ёфта, ба муассис (муассисон) тобеъ аст;
-  мутахассис - шахсе, ки соҳиби таҳсилоти олии касбӣ буда, доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбиро соҳиб шудааст ва барои иҷро намудани кори илмӣ қобилият дорад;
- низоми кредитии таълим – низоми баҳодиҳии миқдорӣ ба мазмуни барномаҳои таълим ва натиҷаҳои азхудкунии онҳо мебошад. Кредит (ё соати кредитӣ) ин меъёри вақтест, ки барои омӯзиши фанни таълимӣ ҳар ҳафта дар давоми як семестр сарф мешавад ва дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳон аз ин фан донишҷӯ ба ин кредит (ё кредитҳо) соҳиб мегардад;
- озодии академӣ - озодии баёни мазмуни таълим аз рӯи салоҳдиди худ дар доираи барномаҳои таълимӣ, интихоби мавзӯъ барои таҳқиқоти илмӣ ва ҳалли он бо методҳои худ, инчунин озодии омӯзандагон дар гирифтани дониш вобаста ба майли худ дар доираи барномаҳои таълимӣ;
- стандарти таҳсилоти олии касбӣ - маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилоти олии касбӣ, моҳияту мӯҳлати таълим ва усулҳои ташхиси сифати таҳсилоти олиро бо назардошти дастовардҳои умумибашарӣ муайян мекунанд;
- такмили ихтисоси касбӣ - таълиме, ки мутобиқи сатҳи таҳсилоти касбӣ ва бо мақсади такмили ихтисос дар ин ё он касб дода мешавад;
- тахассус - намуд ва дараҷаи омодагии касбии хатмкунанда барои иҷрои фаъолияти касбӣ ё давом додани таҳсил, ки дар ҳуҷҷати дорои таҳсилоти марбута инъикос мешавад;
- таҳсилот - раванди муттасили таълиму тарбия, ки мақсад аз он ноил шудан ба сатҳи  баланди инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбии шахс мебошад;
- таҳсилоти иловагӣ - раванди тарбия ва таълим, ки дар асоси  барномаҳои таълимии иловагии ҳама сатҳҳо бо мақсади ҳамаҷониба қаноатманд гардонидани талаботи маърифатии шаҳрванд, ҷамъият ва давлат сурат мегирад;
- таҳсилоти олии касбӣ - дараҷаи таҳсилотест, ки шахс ба он дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар натиҷаи раванди мунтазам, бонизом ва мақсадноки фарогирии мазмуни таълим, ки он ба таҳсилоти миёнаи умумӣ асос ёфта, бо гирифтани тахассуси муайян аз рӯи ҷамъбасти аттестатсияи ниҳоии давлатӣ ба анҷом мерасад, соҳиб мегардад;
- таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ - таҳсилотест, ки ба ҳар шахс имкони боло бурдани сатҳи таҳсил ва тахассусро дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ медиҳад;
- таълими фосилавӣ - яке аз шаклҳои ба даст овардани касб, ки шахс берун аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, тавассути воситаҳои электронӣ ва телекоммуникатсионӣ таҳсилоти олии касбиро соҳиб мегардад;
- унвонҷӯ - шахсе, ки таҳсилоти олии касбӣ дошта, ба аспирантура ва ё докторантураи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё муассисаи илмӣ вобаста шудааст ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм бидуни таҳсил дар аспирантура рисолаи илмӣ таълиф мекунад ва ё шахсе, ки дорои дараҷаи илмии номзади илм буда, барои гирифтани дараҷаи илмии докторӣ бидуни таҳсил дар докторантура рисолаи илмӣ таълиф мекунад;
- фаъолияти таълимӣ - фаъолияте, ки бо роҳи пешниҳод намудани хизматҳо барои дарёфти таҳсилоти олии касбӣ ва додани ҳуҷҷати дорои таҳсилоти дахлдор алоқаманд аст;
- худмухторӣ - шакли олии раванди таълим ва чорабиниҳои академӣ, ки масъулияти муассисаи таҳсилоти олии касбиро дар назди муассис (муассисон) муайян мекунад;
- экстерн - шахсе, ки омӯзиши мустақилонаи фанҳоро аз рӯи барномаи асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи таълим (ихтисос) интихоб намудааст ва минбаъд дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз аттестатсияи ҷорӣ ва ниҳоӣ мегузарад;
- экстернат - омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ мутобиқи барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи самти интихобнамудаи тайёрӣ (тахассус) бо аттестатсияи ниҳоӣ (ҷорӣ ва ниҳоӣ) дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.
Моддаи 3. Принсипҳои асосӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба чунин принсипҳо асос меёбанд:
- дастрас будани таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба қобилият, истеъдод ва талаботи ҳар як шахс;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки пешрафти илму техника, технология, инчунин тайёр намудани мутахассисон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон;
-  тарбияи шаҳрвандӣ;
- ҳифз ва рушди дастовард ва анъанаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- ҳамоҳангсозии низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ  бо фазои ҷаҳонии таҳсилот;
- мунтазамӣ ва давомнокии раванди таълим;
- дастгирии давлатии мутахассисон, самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.
Моддаи 4. Кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Давлат бартарии рушди таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро ба шаҳрвандон  бо роҳҳои зерин кафолат медиҳад:
- маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ё грантҳо, ҳамчунин муҳаё кардани  шароити мусоид барои худтаъминкунии молиявии тайёр намудани мутахассисон ва кормандони илмию омӯзгорӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда;
- дар асоси фармоиши давлатӣ ва маблағгузории буҷетӣ, инчунин грантҳои фардӣ дастрас гардонидани таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоии донишҷӯён, аспирантҳо, докторантҳо ва дигар донишомӯзон дар низоми давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- муҳаё кардани шароит барои дастрасии баробар ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- ҷудо намудани грантҳо ва қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ барои қабули донишҷӯён тибқи квота дар асоси озмун;
- дар доираи стандартҳои давлатии таълим бо роҳи озмун ва ба таври ройгон гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, агар шаҳрвандон дар ин сатҳ бори аввал таълим мегирифта бошанд;
- интихоби озодонаи шаклҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаи олии таълимӣ ва ихтисос.
Моддаи 5. Худмухтории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва озодиҳои академии онҳо
1. Худмухтории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мустақилияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимро дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти таълимӣ, илмӣ, молиявию хоҷагӣ ва ғайра, ки Оинномаи онҳо мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ифода менамояд.
2. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои татбиқи барномаҳои таълимӣ метавонад технологияи фосилавии донишомӯзиро қисман ё дар ҳаҷми пурра (ба истиснои баъзе аз машғулиятҳо) аз рӯи тартибе, ки мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф муқаррар кардааст, истифода барад.
3. Назорати мувофиқати фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиаш бо назардошти мақсадҳои он, ки дар Оинномаи он пешбинӣ шудааст, аз ҷониби муассиси (муассисони) муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва мақоми ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф, ки дар доираи салоҳияти худ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатнома додаанд, амалӣ мегардад.
4. Ба профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ ва донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла ба омӯзгорони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ озодиҳои академӣ дода мешавад, то мавзӯи дарсро (таълимро) бо усули худ дар доираи барномаҳои таълимӣ баён кунанд, мавзӯи таҳқиқоти илмиро интихоб намоянд ва бо тарзу усулҳои худ гузаронанд.
5. Дар доираи барномаҳои таълимӣ ба донишҷӯён мувофиқи майлу талаботи онҳо озодии академӣ дода мешавад.
Моддаи 6. Вазъи ҳуқуқӣ, намуд ва номи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ
1. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шахси ҳуқуқӣ буда, ба муассисаи ғайритиҷоратӣ мансуб аст.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода мешаванд: донишгоҳ, академия, донишкада.
3. Донишгоҳ муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:
-барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро аз рӯи доираи васеи соҳаҳо (ихтисосҳо) амалӣ мегардонад;
-кормандони баландихтисос, илмӣ ва илмиву омӯзгориро тайёр намуда, донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;
-дар соҳаҳои гуногуни илм таҳқиқоти бунёдӣ ва амалиро анҷом медиҳад;
-дар соҳаҳои фаъолияташ маркази пешбари илмӣ ва методӣ мебошад.
4. Академия муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:
-барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ мегардонад;
-кормандони баландихтисосро барои соҳаи муайяни фаъолияти илмӣ ва илмиву омӯзгорӣ тайёр намуда, донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;
-дар яке аз соҳаҳои илм ё фарҳанг таҳқиқоти бунёдӣ ва амалиро анҷом медиҳад;
-дар соҳаҳои фаъолияташ маркази пешбари илмӣ ва методӣ мебошад.
5. Донишкада муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:
-барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар як ё якчанд самти ҷудогона амалӣ мегардонад;
-кормандони баландихтисосро барои соҳаи муайяни фаъолияти касбӣ тайёр ва донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;
-таҳқиқоти бунёдӣ ва (ё) амалӣ мебарад.
6. Вазъи ҳуқуқии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар номи он ифода меёбад. Номи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми таъсис додани он муқаррар гардида, дар сурати тағйир ёфтани вазъи ҳуқуқии ин муассиса номи он низ ҳатман тағйир дода мешавад. Агар дар номи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ номи махсус истифода гардад (консерватория, омӯзишгоҳи олӣ ва дигар номҳо), дар баробари ном шакли муассисаи таҳсилоти олии касбӣ нишон дода мешавад.

БОБИ 2. Низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Моддаи 7. Сохтори низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иборат аст аз:
- стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимие, ки новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ барои таълими таҳсилоти марбутаи иловагии касбӣ иҷозатнома доранд;
- пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, бюроҳои конструкторӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ, стансияҳои таҷрибавӣ, марказҳои таълимию методӣ ва иттилоотиву таҳлилӣ, паркҳои техникӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилоту муассисаҳои илмӣ, лоиҳакашӣ, клиникӣ, муолиҷавию пешгирӣ, дорусозӣ (фармасевтӣ), фарҳангию маърифатӣ, ки бо таҳқиқоти илмӣ машғуланд ва фаъолияту рушди таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро таъмин мекунанд;
- мақомоти идораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ҳамчунин корхона, муассиса ва ташкилотҳои тобеи онҳо;
- иттифоқҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (иттифоқҳои эҷодӣ, ассотсиатсияҳои касбӣ, ҷамъиятӣ, шӯроҳои илмию методӣ ва дигар иттиҳодияҳо).
Моддаи 8. Стандартҳои давлатии таълимӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иборатанд аз:
- талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ;
- талабот ба ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ вобаста ба шароити амалӣ гардонидани онҳо, аз ҷумла ба таҷрибаи таълимию истеҳсолӣ, аттестатсияи ниҳоии хатмкунандагон ва дараҷаи тайёр намудани онҳо аз рӯи соҳаҳои алоҳидаи таълим (ихтисос);
- мӯҳлати фаро гирифтани барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ  дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
- ҳаҷми ниҳоии сарбории донишҷӯён ва шунавандагон.
2. Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таъмини муқаррароти зеринро дар бар мегиранд:
- сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- ягонагии фазои таълим;
- эътироф ва муқаррар намудани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ оид ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.
3. Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, инчунин таснифи равияҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 9. Мӯҳлат ва шаклҳои аз бар кардани зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ
1. Барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд муттасил ва зина ба зина тавассути низоми кредитии таълим ва ё анъанавӣ, мувофиқи тартиби муайяннамудаи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф амалӣ гардонида шаванд.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини таҳсилоти олии касбӣ муқаррар карда мешаванд:
- таҳсилоти бисёрзинагӣ:
а) таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ бомуваффақиятгузашта тахассуси дараҷаи «бакалавр» дода мешавад;
б) таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ бомуваффақиятгузашта тахассуси дараҷаи «магистр» дода мешавад.
- таҳсилоти анъанавӣ:
а) таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ бомуваффақиятгузашта тахассуси «мутахассис» дода мешавад.
3. Таҳсилоти шахсоне, ки омӯзишро аз рӯи барномаи таълимии асосии таҳсилоти олии касбӣ ба итмом нарасонидаанд, аммо аз аттестатсияи ҷорӣ бомуваффақият гузаштаанд (на камтар аз ду соли таҳсил), таҳсилоти олии касбии нопурра шуморида мешавад ва ба онҳо  ҳуҷҷати академии шакли муқарраршуда дода мешавад.
4. Мӯҳлати фарогирии барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ (ба истиснои барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии тиббӣ):
- барои дарёфти тахассуси дараҷаи «бакалавр» - на камтар аз чор сол;
- барои дарёфти тахассуси «мутахассис» - на камтар аз панҷ сол;
- барои дарёфти тахассуси дараҷаи «магистр» - ду сол.
5. Шахсоне, ки оид ба таҳсилоти олии касбии зинаи муайян ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро доранд, мутобиқи ихтисос метавонанд аз рӯи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии зинаи минбаъда таълимро идома диҳанд.
6. Аз бар намудани барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии дараҷаи мувофиқ дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ ба шахс барои ишғоли вазифаи мувофиқ дар муассисаи давлатӣ ва гирифтани музди кор ва музди изофа асос мебошад. Барои шахсоне, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти олии тиббӣ ва таҳсилоти олии фармасевтиро аз бар намудаанд, барои ишғоли вазифаҳои зикршуда тайёрии баъди таҳсилоти олии касбӣ дар интернатура, ординатура (резидентура) ва магистратура, ки он бо шаҳодатномаи шакли муқарраршуда тасдиқ шудааст, асос мебошад.
7. Тахассуси дараҷаи «бакалавр» ҳангоми ба кор қабул намудан ба шаҳрвандон ҳуқуқи ишғоли вазифаеро медиҳад, ки барои он мутобиқи талаботи тахассусӣ таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
8. Ишғоли вазифаи хизмати давлатӣ аз ҷониби бакалавр, магистр ва мутахассис бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат мегирад.
9. Таҳсилоти аввалин, ки шахс онро аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии зинаҳои гуногун гирифтааст, ҳамчун таҳсилоти дуюми олии касбӣ гирифтаи ӯ дониста намешавад.
10. Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбиро донишҷӯён, вобаста ба ҳаҷми машғулиятҳои ҳатмии корманди соҳаи омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ метавонанд дар шаклҳои таълими рӯзона, шабона, ғоибона, таълими фосилавӣ, ҳамчунин экстернат аз бар намоянд. Ба омезиши шаклҳои гуногуни дарёфти таҳсилоти олии касбӣ иҷозат дода мешавад.
11. Номгӯи самтҳои таълим (ихтисос), ки аз рӯи онҳо имкони дарёфти таҳсилоти олии касбӣ дар шакли таҳсили шабона, ғоибона мумкин нест, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Низомнома оид ба экстернат аз ҷониби мақоми давлатии идораи маориф тасдиқ карда мешавад.
12. Шахсоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии аккредитатсияи давлатӣ надошта таҳсил мекунанд ё чунин муассисаи таҳсилоти олии касбиро бомуваффақият хатм кардаанд, ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ дар асоси шартҳои экстернат аз аттестатсияи давлатии ҷорӣ ва ниҳоӣ гузаранд.
Моддаи 10. Ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Ба шахсоне, ки таҳсилро аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ анҷом додаанд ва аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ гузаштаанд, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти марбута дода мешавад.
2. Муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, ба хатмкунандагон дар бораи таҳсилоти марбута ҳуҷҷати намунаи давлатии дорои нишони давлатӣ ва нишони сарисинагии намунаи муқарраршуда медиҳад. Шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ ва нишони сарисинагиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
3. Ҳуҷҷатҳое, ки  хатми зинаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбиро тасдиқ менамоянд, инҳоянд:
-дипломи мутахассис;
-дипломи бакалавр;
-дипломи магистр.
4. Аз рӯи натиҷаи ҳимояи рисолаи илмӣ бо тартиби муқарраршуда дипломи номзади илм ё дипломи доктори илм дода мешавад.
5. Тартиби додани ҳуҷҷатро дар бораи такмили ихтисос бо роҳи гузаштани курсҳои гуногун мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф муайян менамояд.
6. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пас аз гузаштан аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ ҳуқуқи додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро пайдо мекунад.
7. Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд.
Моддаи 11.Вазифаҳо ва сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1.Вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иборат аст, аз:
-қонеъ гардонидани талаботи шахс ба инкишофи зеҳнӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ бо роҳи дарёфти таҳсилоти олии касбӣ ва ё таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
-рушди илму ҳунар ба воситаи таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти эҷодии кормандони илмию омӯзгорӣ ва таҳсилкунандагон, истифодаи натиҷаҳои ҳосилшуда дар ҷараёни таълим ва истеҳсолот;
-омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили тахассуси кормандони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони илмию омӯзгории баландихтисос;
-дар донишҷӯён инкишоф додани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва қобилияти кору зиндагии донишҷӯён дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ;
- ҳифз ва афзун намудани арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва  анъанаҳои кишвар;
- таҳкими арзишҳои маънавии шаҳрвандон, боло бурдани савияи таҳсилот ва фарҳанги он;
-таъмини шароити мусоид барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва омӯзгории донишҷӯён.
2.Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар ташаккул додани сохтори худ мустақиланд.
3.Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро амалӣ гардонанд, агар дар сохтори онҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мавҷуд бошанд ва барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатнома гирифта бошанд.
4.Муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки мақоми донишгоҳро доранд, бо ризоияти муассис метавонанд дар сохтори худ донишкадаҳо, академияҳои таълимӣ, коллеҷҳо, филиалҳо, муассисаҳои илмию методӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ, паркҳои техникӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ дошта бошанд.
5.Филиали муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба таври мустақил аз аттестатсия гузашта, иҷозатномаи пешбурди фаъолият мегирад, аммо акредитатсияи давлатиро дар ҳайати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мегузарад.
Моддаи 12. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бо дархости муассис (муассисон) мутобиқи қарори он ва ё шартҳои шартномаи таъсисдиҳӣ ташкил, аз нав ташкил ва барҳам дода шуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
2. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз вақти ба қайди давлатӣ гирифтани он таъсисгардида дониста мешавад. Баробари гирифтани иҷозатнома ҳуқуқ пайдо мекунад, ки нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро амалӣ гардонад ва аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ баҳравар гардад.
3. Аттестатсияи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бо дархости муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё худ бо ташаббуси мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф гузаронида мешавад. Тартиби гирифтани иҷозатнома тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» муқаррар мешавад.
4. Мақсад ва мӯҳтавои аттестатсия муқаррар кардани мувофиқати мазмун, сатҳ ва сифати таълими хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи соҳаҳои таълим (ихтисос) мебошад.
5. Аккредитатсияи давлатии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ  дар асоси натиҷаҳои аттестатсияи давлатӣ, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, гузаронида мешавад.
6. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ вазъи ҳуқуқии   муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, феҳристи самтҳои таълим (ихтисосҳо)-ро, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд ва аз рӯи он муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ дорад ба хатмкунандагон ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро дар бораи таҳсилоти олии касбӣ диҳад, ҳамчунин зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисос (дараҷа) - ро муқаррар менамояд.
7. Таъсисдиҳандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки барномаҳои ҳарбии касбии таълимиро (муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳарбӣ) татбиқ мекунанд, танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонад.
8. Филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, баъди гирифтани иҷозатномаи мақоми давлатии идораи маориф дар доираи барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
9. Барҳамдиҳии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 13. Қабул ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Қабул ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи аризаи шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси озмун аз рӯи натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Тартиби ягонаи ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қабул кардани шаҳрвандонро, дар ҳолате ки Қонуни мазкур муқаррар накарда бошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  мекунад.
2. Шартҳои озмун бояд риояи ҳуқуқи шаҳрвандонро дар соҳаи маориф кафолат диҳад ва ба он мусоидат намояд, то шаҳрвандони қобилияти бештардошта, ба омӯхтани барномаҳои таълимии дараҷа ва (ё) зинаи дахлдор омодаанд, қабул шаванд.
3. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ дорад қабули шаҳрвандонро танҳо дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома эълон намояд. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вазифадор аст довталабонро бо иҷозатномаи мазкур, ҳамчунин бо шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ доир ба ҳар як соҳаи таълим (ихтисос), ки ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқи ҳуҷҷати намунаи давлатиро дар бораи таҳсилоти олии касбӣ медиҳад, шинос намояд. Бо шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ шинос намудани довталаб оид ба кадом соҳаи таълим (ихтисос)-ро интихоб кардани ӯ ё набудани чунин шаҳодатнома дар ҳуҷҷатҳои қабул қайд карда мешавад ва ба он довталабон имзо мегузоранд.
4. Равияи таълим (ихтисос) дар асоси иҷозатнома муайян карда мешавад. Мазмуни ҷараёни таьлими ҳар соҳа (ихтисос) мӯҳлати азхуд кардани барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ё таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандарти  давлатии таълим муайян карда мешавад.
5. Барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи касбии самти дахлдор бо қарори Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, гирифтани таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи барномаи маҳдуд ё суръатноки омӯзишии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иҷозат дода мешавад.
6. Шумораи умумии донишҷӯён ва тартиби қабули онҳоро, ки барои таҳсил аз ҳисоби маблағи буҷет қабул карда мешаванд, ҳар сол мақомоти марбутаи давлатӣ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур муайян менамояд.
7. Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ё муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии дорои аккредитатсияи давлатиро бо медалҳо, инчунин шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии аккредитатсияи давлатидоштаро бо баҳои «аъло» хатм намудаанд, ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи натиҷаи сӯҳбат, ба истиснои санҷиши касбӣ аз рӯи равияе, ки муассисаи таҳсилоти олии касбӣ метавонад муқаррар намояд, қабул карда мешаванд.
8. Шахсони зикршуда, ки аз сӯҳбат нагузаштаанд, ҳуқуқ доранд имтиҳонҳои қабулро мутобиқи қоидаҳои умумӣ супоранд.
9. Ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, баъди бомуваффақият супурдани имтиҳонҳои қабул, довталабони ятим ва довталабоне, ки бе парастории падару модар мондаанд, маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки аз рӯи хулосаи комиссияи коршиносии тиббии меҳнатӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда метавонанд, ҳамчунин дигар гурӯҳҳои шаҳрвандоне, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, бе озмун, қабул карда мешаванд.
10. Довталабон ба таълими пулакӣ танҳо баъди супоридани имтиҳонҳои қабул ва пардохти ҳаққи таълим (мувофиқи шартнома) қабул карда мешаванд. Аз таълими пулакӣ ба таълими ройгон ва аз таълими ройгон ба таълими пулакӣ гузаронидани донишҷӯён иҷозат дода мешавад. Тартиби онро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф муайян менамояд.
11. Ба аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси озмун шахсоне, ки таҳсилоти олии касбии мутахаcсис ё магистр доранд, қабул карда мешаванд. Таълими аспирантура дар шӯъбаи рӯзона 3 сол ва дар шӯъбаи ғоибона 4 сол муқаррар карда мешавад.
12. Ба докторантураи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шахсоне, ки дараҷаи илмии номзади илм доранд, қабул карда мешаванд.
13. Мӯҳлати таҳсил дар докторантураи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  то се сол мебошад. Инчунин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи алтернативии докторантура аз рӯи ихтисоси муайян бо додани дараҷаи олии академӣ-доктори PhD, доктор аз рӯи ихтисос баъди хатми барномаи таълимии касбии магистратура амалӣ мегардад, ки мӯҳлати таҳсил дар он на камтар аз се сол мебошад.
14. Шаҳрвандони хориҷӣ ба аспирантура ва докторантураи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои байниҳукуматӣ қабул карда мешаванд.
Моддаи 14. Идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад.
2. Бо мақсади пешбурди корҳои ҷории фаъолияти муассиса дар асоси усулҳои мувофиқати яккасардорӣ ва дастаҷамъӣ мақоми иҷроия таъсис дода мешавад ва он ба мақоми олии муассиса, ки ректор роҳбарӣ менамояд, ҳисоботдиҳанда мебошад.
3. Ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии хусусӣ аз тарафи муассис (муассисон) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
4. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани ректор, ваколатҳои мақомоти иҷроияи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, тартиби қабули қарор ва намояндагӣ намудан аз номи муассисаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбии дахлдор муайян мекунад.
5. Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи муассис (маҷлиси умумии муассисон) ва Шӯрои олимон тасдиқ карда мешавад.
6. Ваколатҳои истисноии мақоми олии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иборатанд аз:
-тасдиқ намудан ва тағйир додани Оинномаи муассиса, тағйир додани андозаи сармояи оинномавии он;
-таъсиси мақоми иҷроия, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбари он;
-тасдиқи ҳисоботи солона ва тавозуни муҳосибии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
-қабули қарор дар бораи азнавтаъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.
7. Дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба ваколатҳои истисноии мақоми олии он ҳалли масъалаҳои дигар низ вогузор шуда метавонанд. Масъалаҳое, ки ба ваколати истисноии мақоми олии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мансубанд, метавонанд ба ваколати мақоми иҷроияи муассиса гузошта шаванд.
8. Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ пас аз тасдиқи муассис тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад.
Моддаи 15. Иттиҳодия (ассотсиатсия, иттифоқ, созмон)-ҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти худ, инчунин намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии молумулкӣ, ҳуқуқ доранд, то дар асоси шартнома иттиҳодияҳои ғайритиҷоратиро дар шакли ассотсиатсия (иттифоқ) – ҳо таъсис диҳанд.
2. Дар ҳолати бо қарори иштирокчиён ба зиммаи ассотсиатсия гузоштани фаъолияти соҳибкорӣ, ассотсиатсия бояд аз рӯи тартиби пешбининамудаи қонун ба ҷамъият ё ширкати истеҳсолӣ табдил дода шавад. Барои татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ ассотсиатсияҳои низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҳуқуқ доранд, то ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳанд ё дар  фаъолияти онҳо иштирок намоянд.
3. Ассотсиатсияҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ шахси ҳуқуқӣ мебошанд.
4. Аъзои ассотсиатсияҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мустақилият ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ будани худро нигоҳ медоранд.
5. Ассотсиатсияҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ барои ӯҳдадориҳои аъзои худ ҷавобгар намебошанд.
6. Аъзои ассотсиатсияҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои ассотсиатсия ба андоза ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ассотсиатсия пешбинишуда масъулияти субсидорӣ доранд.
7. Номи дақиқи ассотсиатсияҳои дар низоми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бояд мақсади асосии ассотсиатсия ва аъзои онро ифода ва калимаҳои «ассотсиатсия» ё «иттифоқ»-ро дар худ дошта бошад.
Моддаи 16. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар низоми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Манфиатҳои донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбиро иттиҳодияҳои ҷамъиятии донишҷӯён ҳимоя менамоянд. Муносибатҳои мушаххаси маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии донишҷӯён бо Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва шартномаи байни маъмурияти он ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии донишҷӯён муайян карда мешаванд.
2. Дар низоми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ, метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятии шакли иттиҳодияҳои таълимию методии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, шӯрою комиссияҳои илмию методӣ, илмию техникӣ ва ғайра таъсис дода шаванд.
3. Мақоми давлатии идораи маориф, шӯроҳои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар фаъолияти худ тавсияи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар низоми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ баррасӣ менамоянд ва ба эътибор мегиранд.

БОБИ 3. Фаъолияти таълимӣ, методӣ ва илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти каcбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Моддаи 17. Забони таълим
Забони таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 18. Мазмуни таълим
1. Фаъолияти таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, ки дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳия ва бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории соҳаи маориф тасдиқ шудааст, амалӣ гардонида мешавад.
2. Мушаххас намудани мазмуни таълим бо нақша ва барномаҳои таълимӣ муайян карда мешаванд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ намудаанд.
Моддаи 19. Ташкили корҳои таълимӣ ва методӣ
1. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯён, курсантҳо, шунавандагон, аспирантҳоро бо воситаҳои таълим таъмин карда, барои таълим ва кору зиндагии онҳо шароити мусоид муҳайё месозад.
2. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар интихоби низоми баҳогузорӣ, шаклу тартиби гузарондани машғулиятҳо, аттестатсияи донишҷӯён ва шунавандагон мустақил мебошанд.
3. Ҷалб намудани донишҷӯён ва шунавандагон ба кор ё фаъолияте, ки ба раванд ва фаъолияти таълим вобастагӣ надоранд, манъ аст.
4. Таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ, ки онро стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ пешбинӣ кардааст, дар асоси шартномаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва корхонаю муассиса ва ташкилотҳо сурат мегирад, ки мувофиқи онҳо ин корхонаю муассиса ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ва тобеияти идоравии худ, ӯҳдадоранд барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва аккредитатсияшудаи ғайридавлатӣ ҷой диҳанд ва шароити мувофиқ муҳайё созанд.
5. Фарогирии нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  бо аттестатсияи ниҳоии давлатии  донишҷӯён хотима меёбад.
6. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  кори методиро ташкил мекунад ва ба роҳ мемонад. Ҳамоҳангсозии кори методӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ аз ҷониби иттиҳодияҳои (марказҳои) таълимию методӣ амалӣ мегардад.
7. Вазифаҳои тарбиявии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар фаъолияти якҷояи таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ, истеҳсолии донишҷӯён ва омӯзгорон амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 20. Ташкили корҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодӣ
1. Вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ аз инҳо иборатанд:
-таҳияи проблемаҳои назариявию амалӣ;
-таълифи китобҳои дарсӣ ва васоити таълим;
-иҷрои корҳои таҳқиқотии дорои хусусияти илмию методӣ.
2. Таҳқиқоти илмие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба роҳ монда мешаванд, бо назардошти афзалиятнокии онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағи аз иҷрои корҳои шартномаҳои хоҷагӣ бадастомада, қарзи бонкҳо, маблағҳои худӣ, хайрияҳо ва дигар манбаъҳо маблағгузорӣ карда мешаванд.
3. Принсипи асосии илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз ҳамоҳангсозии он бо ҷараёни таълим, инчунин бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ иборат аст.
4. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таҳқиқоти илмӣ ва корҳои эҷодиро аз рӯи нақшаи мавзӯӣ, ки онро Шӯрои олимон тасдиқ менамояд, амалӣ сохта, истифодаи судманд ва босамари имкониятҳои илмии худ, сифати корҳои иҷрошаванда ва шароити бехатарии меҳнат, ҷалби васеи мутахассисони баландихтисос, донишҷӯён, курсантҳо, шунавандагонро барои иштирок дар корҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодӣ таъмин мекунад.

БОБИ 4. Субъектҳои фаъолияти таълимию илмӣ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо
Моддаи 21. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ
1. Ба донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шаҳодатномаи донишҷӯ ва дафтарчаи имтиҳонотии намунаи муқарраргардида дода мешавад.
2. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд:
- дар ташкили мазмуну мундариҷаи таълими худ бо риояи талаботи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ иштирок намоянд. Ин ҳуқуқи онҳо бо шартҳои қарордоди байни донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои таҳсил ва ба кор таъмин кардани онҳо  мусоидат мекунад, маҳдуд шуда метавонад;
- курсҳои факултативӣ (барои самти нишондодашавандаи таълим (ихтисос)) ва курсҳои элективиро (ба таври ҳатмӣ интихобнамуда), ки аз ҷониби факултет ва кафедраи дахлдор пешниҳод мегарданд, интихоб намоянд;
- ғайр аз фанҳои таълимии (ихтисосии) соҳаи интихобшуда ҳар гуна фанҳои дигареро, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  таълим дода мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи он, инчунин фанҳои дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар таълимдодашавандаро аз бар намоянд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тахассуси ҳарбӣ таълим гиранд;
- тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шакли таълими пулакӣ ба шакли таълими ройгон гузаранд;
- дар муҳокима ва ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, ба воситаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатии идораи маориф иштирок намоянд;
- аз китобхонаҳо, китобхонаҳои электронӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, интернет, фондҳои иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахшҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ ва бахшҳои дигари муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ройгон истифода намоянд;
- дар корҳои илмию таҳқиқотӣ, конференсияву симпозиумҳо ва маҳфилу озмунҳо иштирок ва баромад намоянд;
- асарҳои худро барои чоп, аз ҷумла дар нашрияҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод кунанд;
- аз амру фармонҳои маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор шикоят кунанд.
3. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ, ки дар шӯъбаҳои рӯзона таҳсил мекунанд ва аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ таълим мегиранд, ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стипендия таъмин карда мешаванд. Тартиби муқаррар ва пардохти  стипендия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
4. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси низомномаи дахлдор ҳуқуқ доранд стипендияи муқаррарнамудаи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқиро, ки онҳоро барои таҳсил фиристодаанд, инчунин стипендияҳои  шахсан таъиншударо гиранд.
5. Ба донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи нишондоди тиббӣ ва дар ҳолатҳои дигари истисноӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми давлатии идораи маориф рухсатии академӣ дода мешавад.
6. Барои донишҷӯёни шакли рӯзонаи таҳсилот, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, мӯҳлати даъват ба хидмати ҳарбӣ мутобиқи қонун дар давраи таҳсил ба таъхир андохта мешавад.
7. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд, аз китобхонаҳои давлатӣ ройгон истифода баранд ва ҳамчунин ройгон вориди осорхонаҳои давлатӣ шаванд.
8. Барои донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзона ва шабона дар як соли таҳсил на камтар аз ду маротиба таътил муқаррар карда мешавад.
9. Донишҷӯи эҳтиёҷманди манзил дар хобгоҳ (ба шарте ки муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фонди дахлдори манзил дошта бошад) бо ҷойи хоб таъмин карда мешавад.
10. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои комёбиҳо дар таҳсил ва иштироки фаъолона дар корҳои илмию таҳқиқотӣ мутобиқи Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо мукофотҳои маънавӣ ва ё моддӣ сарфароз гардонида мешаванд.
11. Донишҷӯ аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мавридҳои зерин хориҷ карда мешавад:
- бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ;
- бо сабаби гузаштан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар;
- барои давомоти нокифоя;
- барои қарздории академӣ;
- пас аз рухсатии академӣ ба таълим шурӯъ накардан;
- саривақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома;
- дар мӯҳлати муқарраргардида насупоридани се ва зиёда аз он санҷишу имтиҳон;
- барои содир кардани ҷиноят;
- пас аз фавт;
- барои вайрон кардани интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.
12. Барои риоя накардани ӯҳдадориҳое, ки дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ пешбинӣ гардидаанд, баъди гирифтани баёноти хаттӣ, мумкин аст донишҷӯ ба танбеҳи интизомӣ кашида ва ҳатто аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда шавад.
13. Ба донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар раванди таълим истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст.
14. Танбеҳи интизомӣ ба донишҷӯ на дертар пас аз як моҳи ошкор шудани рафтори ӯ ва на дертар пас аз шаш моҳи содир гардидани чунин рафтор дода мешавад, ки ба ин мӯҳлати бемории донишҷӯ ва (ё) вақти таътили ӯ дохил намешавад.
15. Ба донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ кафолати ба таври озод ба дигар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ё ихтисоси дигар бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф гузаштан дода мешавад. Дар мавриди гузаштани донишҷӯ аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи дигари таҳсилоти олии касбӣ тамоми ҳуқуқҳое, ки барои донишҷӯ бори аввал дар ин зинаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудаанд, маҳфуз мемонанд.
16. Донишҷӯ баъди ихтиёран ё бо сабабҳои дигар тарк кардани муассисаи олии таълимӣ зимни боқӣ мондани ҳамон шакли таълим (ройгон ё пулакӣ), ки мутобиқан пеш аз тарк кардан таҳсил мекард, ҳақ дорад барои таҳсил ба муассисаи олии таълимӣ барқарор гардад.
17. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ӯҳдадоранд, ки донишҳои назариявӣ, маҳорати амалӣ ва методҳои муосири таҳқиқро аз рӯи ихтисоси интихобнамудаашон азхуд кунанд, дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ҳамаи супоришҳои дар нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ пешниҳодгардидаро иҷро намоянд, арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва маънавиро пос доранд ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, қоидаи хобгоҳҳо ва дигар талаботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.
18. Дигар ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишҷӯёнро қонунгузорӣ ва (ё) Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  муқаррар менамояд.
19. Мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои академӣ, ба истиснои ҳуқуқи гирифтани стипендияи давлатӣ, баробари мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ мебошад.
20. Мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ надорад, дар асоси Оинномаи ҳамин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқаррар карда мешавад.
21. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки барои пурра амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ аз технологияи фосилавӣ истифода мебаранд, инчунин филиалҳои муассисаи таҳсилоти олии касбии зикршуда, ҳангоми аз ҷониби онҳо амалӣ намудани раванди таълим (ба истиснои машғулиятҳои алоҳида) дар филиалҳо ва тамоми намудҳои аттестатсияи донишомӯзони ин филиалҳо, ҳамаи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишомӯзони ҳамин шакли мутаносиби дарёфти таҳсилотро доранд.
Моддаи 22. Бо кор таъмин намудани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
Бо кор таъмин намудани хатмкардагони шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 23. Имтиёз ба шахсоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд
1. Ба шахсоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ бомуваффақият таҳсил менамоянд, новобаста аз шакли таълими ғоибона ва шабона аз ҷои кор ба мақсадҳои зерин рухсатии иловагӣ дода шуда, музди миёнаи меҳнат, ки бо тартиби муқарраргардидаи рухсатии ҳарсола ҳисоб карда мешавад (бо имкони якҷоя кардани рухсатии иловагии таълимӣ ва рухсатии ҳарсола), пардохт мегардад:
-барои супоридани санҷишу имтиҳонҳо дар курсҳои якум ва дуюм мутобиқ ба 30 рӯзи тақвимӣ, дар курсҳои минбаъда мутобиқ ба 40 рӯзи тақвимӣ;
-барои навиштан ва дифои лоиҳаи (кори) дипломӣ якҷоя бо супоридани аттестатсияи ниҳоии давлатӣ - чор моҳ;
-барои аттестатсияи ниҳоии давлатӣ - як моҳ.
2. Рухсатии иловагии бе музди меҳнат аз ҷои кор дода мешавад:
-ба шахсоне, ки ба имтиҳоноти қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ роҳ дода шудаанд - понздаҳ рӯзи тақвимӣ;
-ба донишҷӯёни шӯъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар баробари таҳсил кор мекунанд, барои супоридани санҷишу имтиҳонот-понздаҳ рӯзи тақвимӣ дар соли таҳсил;
-барои навиштан ва дифои лоиҳаи (кори) дипломӣ якҷоя бо супурдани аттестатсияи ниҳоии давлатӣ - чор моҳ;
-барои супурдани аттестасияи ниҳоии давлатӣ - як моҳ;
-ба шунавандагони шӯъбаи тайёрии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои супоридани аттестатсияи ниҳоии давлатӣ - понздаҳ рӯзи тақвимӣ.
3. Ба донишҷӯёни шӯъбаи ғоибонаи муассисаҳои олии таълимии дорои аккредитатсияи давлатӣ ташкилоти кордиҳанда як бор дар соли таҳсил харҷи рафту омадро то маҳалли муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  барои иҷрои корҳои лабораторӣ, супоридани санҷишу имтиҳонҳо ва ҳамчунин барои супурдани аттестатсияи ниҳоии давлатӣ, навиштан ва дифои лоиҳаи (корҳои) дипломӣ мепардозад.
4. Намунаи маълумотнома-даъватномаро, ки ба донишҷӯ аз ҷои кор ҳуқуқи гирифтани рухсатии иловагӣ ва дигар имтиёзҳоро вобаста ба таҳсил дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ медиҳад, мақоми давлатии идораи маориф тасдиқ мекунад.
5. Барои кормандони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ки дар баробари кор дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, дар шартномаи коллективӣ ё шартномаи меҳнатӣ (қарордод) дароз кардани мӯҳлати рухсатиҳои иловагӣ, додани рухсатӣ бо пардохти маош ба ҷои рухсатии бе пардохти маош ва имтиёзҳои дигар пешбинӣ шуда метавонад.
Моддаи 24. Шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ шахсоне ба ҳисоб мераванд, ки дар таълимгоҳҳои зерин таҳсил мекунанд:
- дар шӯъбаҳои тайёрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, факултетҳо ва муассисаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон;
- дар ординатураи муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ.
2. Вазъи ҳуқуқии шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ пас аз гирифтани таҳсилот ба вазъи ҳуқуқии донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии шакли марбутаи таълим баробар аст.
3. Шахсоне, ки дар ординатура таҳсил мекунанд ё таҳсили тахассусии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ аз ҳисоби буҷет идома медиҳанд, бо стипендияи давлатӣ таъмин карда мешаванд ва аз таътили ҳарсолаи 24 - рӯза истифода мебаранд.
Моддаи 25. Докторантҳо, аспирантҳо ва унвонҷӯён
1. Шаклҳои асосии тайёр кардани кормандони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ аспирантура ва докторантура мебошанд.
2. Аспирантура ва докторантура барои таҳсилоти муттасил, такмили ихтисоси илмию омӯзгорӣ ва илмии шаҳрвандон ва дарёфти дараҷаи илмии номзад ё доктори илм шароит муҳаё мекунад.
3. Ба шахсоне, ки ба супоридани имтиҳони аспирантура иҷозат доранд, ба мӯҳлати 30 рӯзи тақвимӣ рухсатӣ, бо пардохти музди миёнаи корашон аз тарафи корхона, дода мешавад.
4. Барои шахсоне, ки дар бахши рӯзонаи аспирантура аз ҳисоби маблағи буҷет таҳсил мекунанд, стипендияи давлатӣ муайян карда мешавад ва онҳо ҳар сол ба муддати ду моҳ ба таътил мебароянд.
5. Аспирантҳои бахши ғоибона ҳар сол аз ҷои кор ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ бо пардохти музди миёнаи маош ҳуқуқ ба рухсатии иловагӣ доранд.
6. Аспирантҳои бахши ғоибона ҳар ҳафта барои як рӯз аз кор озод шудан бо пардохти панҷоҳ фоизи музди меҳнат ҳуқуқ доранд. Ташкилоти кордиҳанда ҳуқуқ дорад аспирантҳоро дар соли чоруми таҳсил мувофиқи хоҳиши онҳо ба таври илова бе пардохти музд ҳар ҳафта ду рӯз аз кор озод намояд.
7. Аспирантҳои бахши ғоибона дар давраи супурдани имтиҳон ва навиштани рисолаи илмӣ бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд (ба шарте ки муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фонди манзил дошта бошад).
8. Ба докторантҳо стипендияи давлатӣ ба андозаи на камтар аз маоши дотсент ва ҳар сол таътили думоҳа дода мешавад. Ҳуқуқҳои дар ҷои кор пеш аз дохил шудан ба докторантура доштаи докторантҳо (ҳуқуқи гирифтани манзил, дараҷаи илмӣ ва дигар ҳуқуқҳо) ва ҳамчунин ҳуқуқи баргаштани онҳо ба ҷои кори пешина ҳифз карда мешавад.
9. Ба ҳар аспиранту докторанте, ки аз ҳисоби маблағи буҷет таҳсил мекунад, барои хариди китобҳои илмӣ ҳар сол ба андозаи ду стипендия кӯмакпулӣ дода мешавад.
10. Унвонҷӯёне, ки дар таълифи рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм таҳқиқот мебаранд ва аз рӯи масъалаи мубрами иҷтимоию иқтисодӣ ё самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти бунёдии илмӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, бо мақсади таҳияи рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм метавонанд ба мӯҳлати то ду сол ба вазифаи корманди калони илмӣ гузаронида шаванд. Барои унвонҷӯёне, ки ба вазифаи кормандони калони илмӣ гузаронида шудаанд, бо нигоҳ доштани маоши вазифавии пешинаашон, ҳуқуқи ба ҷои кори пештара гузаштан дода мешавад.
11. Барои анҷоми рисолаи илмии дараҷаи илмии номзади илм ё доктори илм ба кормандони корхона ва  муассисаю ташкилотҳо аз ҷои корашон мутаносибан ба мӯҳлатҳои  се ва шаш моҳ бо нигоҳ доштани музди меҳнат рухсатии эҷодӣ дода мешавад.
12. Низомнома оид ба докторантҳо, аспирантҳо ва унвонҷӯён аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 26. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ вазифаҳои кормандони илмию омӯзгорӣ (ҳайати профессорону муаллимон, кормандони илмӣ), муҳандисию техникӣ, маъмурию хоҷагӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёрирасон ва ғайра пешбинӣ мешаванд.
2. Ба ҳайати профессорону муаллимон мансабҳои декани факултет, мудири кафедра, мудири озмоишгоҳ, вазифаҳои профессор, дотсент, муаллими калон, муаллим ва ассистент мансубанд.
3. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба кор қабул кардани кормандони илмию омӯзгорӣ мутобиқи шартномаи меҳнатӣ амалӣ мешавад. Пеш аз бастани шартномаи меҳнатӣ кормандони илмию омӯзгорӣ аз озмун мегузаранд.
4. Мудири кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар асоси озмун интихоб мешавад. Низомнома оид ба тартиби ишғоли вазифа ва гузаштан аз озмунро барои иҷрои вазифаи мудири кафедра мақомоти давлатии идораи маориф таҳия ва тасдиқ менамояд.
5. Кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  ҳуқуқ доранд:
- бо тартиби муқарраргардида ба Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ интихоб кунанд ва интихоб шаванд;
- дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ширкат намоянд;
- аз хидмати китобхонаҳо, китобхонаҳои электронӣ, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, интернет, фондҳои иттилоотӣ, шӯъбаҳои илму таълим ва ҳамчунин аз хидмати шӯъбаҳои иҷтимоию маишӣ, табобатӣ ва шӯъбаҳои дигари сохтории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи Оинномаи он ва (ё) шартномаи коллективӣ ба таври ройгон истифода баранд;
- мазмуни курсҳои таълимиро мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муайян кунанд;
- усул ва воситаҳои таълимро, ки ба хусусиятҳои фардии ҳар кадоми онҳо бештар ҷавобгӯ мебошанд ва сифати баланди раванди таълимро таъмин менамоянд, интихоб намоянд;
- аз болои фармону супоришҳои маъмурияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шикоят кунанд.
6. Кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  ӯҳдадоранд:
- самараи баланди раванди кори омӯзгорӣ ва илмиро таъмин кунанд;
- талаботи Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбиро риоя намоянд;
- донишомӯзонро дар рӯҳияи мустақилият, ташаббускорӣ тарбия кунанд, қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф диҳанд;
- ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва ахлоқиву маънавӣ эҳтиром гузоранд;
- барои такмили ихтисоси худ пайваста кӯшиш намоянд;
- дар раванди таълим аз телефонҳои мобилӣ истифода набаранд.
7. Кормандони илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд он усулҳо ва воситаҳои гузаронидани таҳқиқоти илмиеро интихоб намоянд, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ бошанд, ба қобилияти инфиродии онҳо бештар мувофиқат кунанд ва сифати баланди раванди илмиро таъмин намоянд.
8. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои кормандони маъмурию хоҷагӣ,  муҳандисию техникӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёридиҳанда ва дигар кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбиро қонунгузорӣ оид ба меҳнат, Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва дастурҳои вазифавӣ муайян мекунанд.
Моддаи 27. Омодагӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмию омӯзгорӣ
1. Кормандони илмию омӯзгорӣ дар аспирантура ва докторантураи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассиса ё ташкилотҳои илмӣ ва ҳамчунин бо роҳи вобаста намудани унвонҷӯён ба ин муассисаю ташкилотҳо барои навиштан ва дифои рисолаи номзади илм ё доктори илм ё бо роҳи ба вазифаи кормандони илмӣ гузаронидани кормандони соҳаи омӯзгорӣ ҷиҳати таълифи рисолаи докторӣ омода  карда мешаванд.
2. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шаклҳои зерини такмили ихтисосро низ муқаррар мекунад:
- коромӯзии илмӣ, омӯзгорӣ, эҷодӣ, аз ҷумла, дар корхонаҳо, институтҳои илмию таҳқиқотӣ, бюроҳои конструкторӣ, дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳо, аз ҷумла дар хориҷа;
- рухсатиҳои эҷодӣ барои ба итмом расонидани рисолаи илмӣ;
- такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар донишкадаҳо, факултетҳо ва марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо;
- бозомузӣ ва таълим дар факултетҳо ва курсҳои махсуси назди муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.
3. Давлат муҳайё кардани шароити заруриро барои на камтар аз як маротиба дар панҷ сол такмил додани ихтисоси кормандони илмию омӯзгории ташкилоту муассисаҳои давлатии низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро кафолат дода, ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағи зарурӣ ҷудо мекунад.
4. Ихтисоси кормандони илмию омӯзгориро ҳамчунин аз рӯи шартномае, ки шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоту муассисаҳои илмӣ мебанданд, аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ метавон амалӣ кард.
5. Тартиб, намуд ва шаклҳои такмили ихтисосро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим накардааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 28. Унвонҳои илмӣ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои илмии профессор ва дотсент муқаррар карда мешаванд.
2. Унвони илмии профессор ба шахсе дода мешавад, ки дараҷаи илмии доктори илм дошта, дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ  ба фаъолияти  омӯзгорӣ, илмӣ ва методӣ машғул аст.
3. Унвони илмии дотсент ба шахсе дода мешавад, ки дараҷаи илмии номзади илмро дошта, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмию методӣ машғул аст.
4. Тартиби додани дараҷа ва унвонҳои илмиро мақомоти давлатии идораи маориф майян мекунад.
Моддаи 29. Эътироф ва муқаррар кардани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва унвонҳои илмӣ
1. Эътирофи ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва дар бораи унвонҳои илмӣ маънои ризоияти мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ба эътибори қонунӣ доштани ин ҳуҷҷатҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.
2. Баробарарзишии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ  ва дар бораи унвонҳои илмӣ дар Қонуни мазкур маънии онро дорад, ки мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ба дорандагони ин ҳуҷҷатҳо, ҳамчун ба дорандагони ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои академӣ ва (ё) касбиро дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва дар бораи унвонҳои илмӣ медиҳад.
3. Эътироф ва муқаррар кардани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дорандагони ин ҳуҷҷатҳоро ӯҳдадор менамояд, ки талаботи умумии ба муассисаҳои таълимӣ ё ба кор қабул шуданро, ки  низомномаҳои дахлдор муқаррар кардаанд, риоя намоянд.
4. Масъалаи эътироф ва муқаррар кардани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар бораи унвонҳои илмӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал мегардад.
5. Эътироф ва муқаррар кардани баробарии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва дар бораи унвонҳои илмӣ бо шаҳодатнома, ки аз тарафи мақоми давлатии идораи маориф дода мешавад, тасдиқ мегардад.

БОБИ 5. Идораи низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Моддаи 30. Мақомоти идоракунии низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Идораи низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф  амалӣ гардонида мешавад.
2. Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравияшон роҳбарии умумии методиро амалӣ мекунад.
3. Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ аз тарафи муассиси (муассисон) тасдиқ ва мутобиқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад.
4. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳарбӣ фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунанд.
Моддаи 31. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дохил мешаванд:
-муайян ва амалӣ кардани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур;
-ҷудо кардани маблағ аз буҷет барои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
-таҳияи лоиҳаи қонунҳо, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки татбиқи низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро муайян мекунанд;
-муқаррар намудани тартиби аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
-таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ;
-ба имзо расондан ва амалӣ кардани шартномаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки масъалаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро танзим менамоянд;
-тасдиқи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
-муқаррар намудани номгӯи соҳаҳои таълимӣ (ихтисоси) таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
-муайян кардани меъёри талабот ба кадрҳои соҳаҳои гуногун ва дар ин асос ба танзим даровардани тартиби тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.
Моддаи 32. Салоҳияти мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Ба салоҳияти мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф оид ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дохил мешаванд:
- якҷоя бо дигар мақомоти манфиатдори соҳавии дорои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳия кардан ва амалӣ гардонидани фаслҳои дахлдори барномаҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва таҳсилоти марбутаи иловагӣ;
- таҳия ва татбиқи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ  шудааст;
- тасдиқи ҷузъҳои давлатии стандартҳои дахлдори давлатии таълимӣ, тасдиқ намудани низомномаҳо дар бораи аттестатсияи ниҳоии давлатии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ;
- таҳия ва тасдиқи нақшаҳои намунавии таълим ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ташкили нашри китобҳои дарсӣ ва тайёр кардани воситаҳои аёнии таълим;
- мусоидат барои ривоҷ додан ва амалӣ гардонидани технологияҳои нави самарабахши таълим дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва мансубияти идории онҳо ва муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти дахлдори иловагӣ;
- муқаррар намудани шакли ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, муайян намудани тартиби эътироф ва муқаррар кардани баробарии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва унвонҳои илмӣ, додани шаҳодатнома дар бораи муқаррар шудани баробарии ҳуҷҷатҳои зикргардида;
- иштирок дар кори омӯзиши талабот ба мутахассисон;
- таҳияи дурнамои тайёр намудани мутахассисон;
- таҳияи пешниҳод доир ба ҳаҷми маблағе, ки аз буҷет барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дигар корхона ва ташкилоту муассисаҳои низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва таҳсилоти марбутаи иловагӣ, ташкилотҳои илмӣ ва бахшҳои сохтории онҳо ҷудо карда мешавад;
- таҳияи пешниҳод оид ба ҳаҷми сохтмони асосии корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои мазкур;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, системаҳои соҳавӣ ва минтақавии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва муайян кардани ҳаҷму сохтори тайёр намудани мутахассисон, ташкили иттиҳодияи (кооператсияи) байнисоҳавӣ ва байниминтақавии соҳа;
- муқаррар намудани тартиби қабули донишҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- кушодани аспирантура ва докторантураҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ, ташкилотҳои илмӣ новобаста аз тобеияти онҳо (ба истиснои муассисаҳое, ки дар системаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияи соҳавии илмҳо, ки мақоми давлатӣ доранд), тасдиқ кардани Низомнома дар бораи таълими кормандони илмию омӯзгорӣ, аз ҷумла кормандони илмӣ;
- пешбинӣ кардани инкишофи шабакаи муассисаҳои низоми таҳсилоти олии касбӣ, мувофиқа кардани таъсиси муассисаҳои нави давлатии низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти дахлдори иловагӣ;
- ташкили иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмии низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар барномаҳои давлатии илмию техникӣ, тартиб додан ва тасдиқ кардани барномаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир ба соҳаҳои афзалиятноки илм, бо маблағу воситаҳо таъмин намудани ин барномаҳо ва назорати иҷрои онҳо;
- якҷоя бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ андешидани тадбирҳо ва амалӣ гардонидани онҳо барои ҳифзи иҷтимоии донишҷӯён, аспирантҳо, докторантҳо, шунавандагон ва кормандони низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ оид ба беҳтар кардани шароити таълим, кор, маишат, истироҳат ва хизматрасонии тиббӣ ба онҳо;
- маблағгузорӣ ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеи онҳо;
- тасдиқи низомнома дар бораи тартиби ишғоли вазифаҳои кормандони илмию омӯзгорӣ;
- таҳия ва тасдиқи низомномаи намунавӣ дар бораи филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тобеи мақомоти ҳокимияти иҷроия, тартиби ташкили филиалҳои мазкур:
- нашри санадҳои меъёрӣ дар доираи салоҳияти худ;
- бастани шартномаҳои байналмилалии дорои хусусияти байниидоравӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорат ба риояи стандартҳои давлатии таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо;
- таъмини илмию методии аттестатсияи ниҳоӣ ва назорати сифати омодагии хатмкунандагон пас аз анҷоми ҳар як сатҳ ва марҳилаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- баррасии пешниҳодҳо ва қабули  қарори ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фиристодани шикоят аз сифати таълим ва (ё) мувофиқат накардани сифати таълим ба талаботи стандарти дахлдори давлатии таълим;
- ташкили фаъолияти низоми мақомоти минтақавии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
Моддаи 33. Назорати давлатии сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Назорати давлатии сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон, оқилона харҷ кардани маблағи буҷет, ки барои низоми  таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҷудо карда мешавад, равона шудааст.
2. Назорати давлатиро ба сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф амалӣ мекунад.
3. Муассисаи олии таълимие, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ дар давоми на кам аз панҷ сол як маротиба аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ мегузарад.

БОБИ 6. Фаъолияти молиявию хоҷагии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таълимӣ
Моддаи 34. Моликият дар низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Муассис (муассисон) бо мақсади таъмини фаъолияти дар Оиннома пешбинишуда биною иншоот, комплексҳои молу мулк, таҷҳизот ва ҳамчунин дигар молу мулки зарурии истеъмолӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраро бо ҳуқуқи идораи оперативӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вобаста менамояд.
2. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардан ба маблағу амвол ва дигар намудҳои моликиятеро, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барояш тӯҳфа намудаанд, ба тариқи хайрия додаанд ё мерос мондаанд, самараи меҳнати зеҳнӣ ва эҷодкориро, ки натиҷаи фаъолияти муассисаи олии таълимӣ мебошад ва ҳамчунин даромади фаъолияти худ ва объектҳои моликияти аз ҳисоби ин даромад харидаашро дорад.
3. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд ба сифати иҷорагир ва (ё) иҷорадиҳандаи моликият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намоянд.
4. Ваколатҳои моликон дар бобати ихтиёрдорӣ намудани амволи давлатии низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ нисбат ба молу мулки моликияти давлатӣ ба мақоми давлатии идораи маориф вобаста карда мешаванд, ки ин ваколатҳоро ҳамроҳи мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ихтиёраш мебошанд, амалӣ мегардонанд.
Моддаи 35. Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Маблағгузории фаъолияти таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимии давлатӣ аз ҳисоби маблағи буҷет мутобиқи фармоиши давлатӣ аз ҷониби мақомоти  ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ё  мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки ин муассисаҳоро дар ихтиёр доранд, барои тайёр намудани мутахассисон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон дар асоси меъёрҳои муқарраргардидаи давлатӣ, аз ҷумла меъёрҳои идоравии маблағгузорӣ, амалӣ карда мешавад.
2. Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии  ғайридавлатӣ аз ҷониби муассис (муассисон) мутобиқи шартномаи байни онҳо маблағгузорӣ карда мешавад. Аз рӯи шартномаи байни муассис (муассисон) ва муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ин фаъолият метавонад қисман ё пурра бо худмаблағгузорӣ ба амал бароварда шавад.
3. Таҳқиқоти илмие, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ анҷом медиҳанд, аз ҷониби мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ва (ё) мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки ин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ихтиёри онҳо мебошанд, маблағгузорӣ карда мешавад.
4. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ соҳа ва тартиби истифодаи маблағеро, ки аз ҳисоби буҷет ва манбаъҳои дигар гирифтаанд, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. Маблағҳои ғайрибуҷетии дар давраи ҷорӣ (сол, семоҳа, моҳ) истифоданакардаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ пас гардонида гирифта ё ба ҳаҷми маблағгузории давраи минбаъдаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳисоб карда намешавад.
5. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ барои нигоҳ доштани пул ва ҳама гуна ҳисобҳо, амалиёти қарздиҳӣ ва хазинавӣ, аз ҷумла додугирифти асъор суратҳисобҳо кушода метавонад.
6. Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.
Моддаи 36. Фаъолияти пулакии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мутобиқи Оинномаи худ дар соҳаи таълим ва соҳаҳои дигар, ба шарте, ки он бар зиёни фаъолияти асосии он набошад, метавонад фаъолияти пулакиро ба роҳ монад.
2. Фаъолияти пулакии таълим дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба ивази фаъолияти таълимӣ ва дар доирае, ки барои он аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, амалӣ шуда наметавонад. Дар акси ҳол маблағи дар натиҷаи чунин фаъолият бадастомада мутобиқи қонун мусодира карда мешавад.
3. Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҳуқуқ дорад дар доираи муқаррарнамудаи иҷозатнома илова ба маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷет, қабули донишҷӯёнро бо риояи замимаи иҷозатнома, ки аз тарафи мақомоти давлатии идораи маориф дода шудааст, тибқи шартномаҳо бо пардохти арзиши таҳсил аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ намояд.
4. Масъалаҳои бастани шартнома барои фаъолияти пулакии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси шартномаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мухолиф нестанд, амалӣ мегардад.

БОБИ 7. Ҳамкории байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Моддаи 37. Ҳамкории байналмилалӣ
1. Ҳамкории байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар доираи фаъолияти сиёсати хориҷии давлат ба ҳамшарикии ҳақиқӣ, эътимоду боварии тарафайн ва ба шартномаю созишномаҳои байнидавлатӣ асос меёбад.
2. Мақомоти давлатии идораи маорифи ҳамаи зинаҳо, муассиса, корхонаю ташкилотҳои таълимии низоми маориф ҳуқуқ доранд бо муассиса, корхонаю ташкилотҳои хориҷӣ робитаи бевосита муқаррар намоянд, барномаҳои байналмилалии таълимӣ, илмӣ ва илмию таҳқиқотиро амалӣ гардонанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттиҳодияҳои байналмилалии ҷамъиятии таълимӣ ва илмӣ ҳамроҳ шаванд.
3. Давлатҳои иштироккунанда дар ташкилотҳои байналмилалии соҳаи маориф дар доираи созишномаҳову шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба сиёсати мувофиқашударо пеш мегиранд.
Моддаи 38. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
1. Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои таълимии низоми маориф фаъолияти иқтисодии хориҷиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона амалӣ мекунанд. Онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ кушодани суратҳисоби асъорро доранд.
2. Маблағҳои пулӣ ва дигар дороиҳое, ки муассисаи таълимӣ аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст меоварад, моликияти ин муассисаи таълимӣ буда ва ба он ҳуқуқи ихтиёрдории пурра дошта, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун мусодира кардани он манъ аст. Ин маблағ барои инкишофи соҳаи маориф, музди меҳнати кормандон ва пойдор сохтани заминаи моддию техникии он сарф карда мешавад.

БОБИ 8. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 39. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 40. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003, №48 «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, №12 моддаи 676; соли 2009, №3, мод. 83) беэътибор дониста шавад.
Моддаи 41. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 майи соли 2009, № 531


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ
ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 22 апрели соли 2009, № 1314

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ
ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2009, № 651


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 935

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед