logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1999 «Дар бораи туризм» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1999, № 9, мод. 228; с. 2005, № 12, мод. 641) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар номи моддаи 1 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои «ҳамин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 2:
-ном ва матни ҷумлаи якум дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
«Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:»;
-дар сархати якум пас аз калимаи «динӣ» калимаҳои «(ба истиснои ҳаҷ)» ва пас аз калимаи «варзишӣ» калимаҳои «касбию хизматӣ» илова карда шаванд;
-дар сархатҳои дуюм, сеюм, чорум, дувоздаҳум, сенздаҳум ва нуздаҳум калимаи «ашхоси» ба калимаи «шахсони» иваз карда шавад;
-дар сархати панҷум калимаҳои «ҷудо карда» ба калимаи «ҷудогардида» иваз карда шаванд;
-дар сархати ҳаштум калимаи «альпинизм)» ба калимаи «алпинизм)» иваз карда шавад;
-сархати нӯҳум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«-турист –шаҳрванд, истифодабарандаи хизматрасонии туристӣ, ки аз ҷои истиқомати доимӣ ба кишвари (макони) дигари  муваққатӣ ба мақсади солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷорат, варзиш ва дигар мақсадҳои вобаста ба саёҳат сафар мекунад;»;
-дар сархати даҳум калимаи «нақд» ба калимаи «нақл» иваз карда шавад;
-дар сархатҳои дувоздаҳум, сенздаҳум ва нуздаҳум калимаҳои «ҳуқуқӣ ё воқеӣ» ба калимаҳои «воқеӣ ё ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд;
-дар сархати чордаҳум ва дар тамоми матни Қонун калимаи «маданӣ» ба калимаи «фарҳангӣ» иваз карда шавад;
-дар сархати ҳабдаҳум калимаи «дамгирӣ» ба калимаҳои «истироҳатию фароғатӣ» иваз карда шавад;
-дар сархатҳои нуздаҳум, бисту дуюм ва дар тамоми матни Қонун калимаи «қонунҳои» ба калимаи «қонунгузории» иваз карда шавад;
-дар сархати бисту дуюм ва дар тамоми матни Қонун калимаи «байналхалқӣ», «байналхалқии», «байналхалқиро» ва «байналхалқие» ба калимаҳои «байналмилалӣ», «байналмилалии», «байналмилалиро» ва «байналмилалие» иваз карда шаванд.
3. Моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.».
4. Дар моддаи 4:
-қисми дуюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«Истифодаи ройгон ва беподоши захираҳои туристӣ, ки ба Кадастри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, манъ аст.».
5. Дар моддаи 5:
-дар қисми сеюм калимаи «танзимкунии» ба калимаи «танзими» иваз карда шавад;
-дар сархати сеюм калимаҳои «таъмин намудани» ба калимаи «таъмини» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 6:
-дар банди 1) ҳамин қисм калимаи «чорчӯбаи» ба калимаи «чаҳорчӯбаи» иваз карда шавад;
-дар банди 2) калимаи «вақтхушӣ» ба калимаи «завқовар» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 7:
-сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«-сиёсати давлатиро дар соҳаи туризм амалӣ менамояд;»;
-дар банди 1) калимаи «месозанд» ба калимаи «менамоянд» иваз карда шавад;
-дар банди 4) калимаи «равонаанд» ба калимаҳои «равона шудаанд» иваз карда шавад;
-дар банди 7) калимаҳои «ҷалб намудани сармоягузорон» ба калимаҳои «ҷалби сармоя» иваз карда шаванд;
-дар банди 10) калимаи «ӯ» ба калимаи «он» иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 8:
-дар номи модда, қисмҳои якум ва дуюми он калимаҳои «мақомоти идораи давлатӣ», «мақомоти давлатии идоракунии» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд;
-пас аз банди 9) сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«-робитаҳо ва ҳамкориҳои мутақобила бо созмонҳои ҷамъиятии соҳаи туризм;»;
-дар банди 10) калимаи «ӯ» ба калимаи «он» иваз карда шавад;
-банди «10)» мутаносибан банди «11)» ҳисобида шавад.
9. Дар моддаи 9:
-дар номи модда калимаи «(литсензиякунонии)» аз матн хориҷ карда шавад.
10. Дар қисми якуми моддаи 10 калимаи «мамлакат» ба калимаи «кишвари» иваз карда шавад.
11. Дар моддаи 11:
-дар қисми якум калимаҳои «қонунҳои мазкур» ба калимаҳои «Қонуни мазкур» ва калимаҳои «ҳуқуқию меъёрии» ба калимаҳои «меъёрии ҳуқуқии» иваз карда шаванд;
-дар банди 5) қисми дуюм калимаи «кори» ба калимаи «фаъолияти», калимаи «ҳастанд» ба калимаи «мебошанд;» иваз карда шаванд.
12. Дар банди 6) моддаи 14 калимаи «шудааст» ба калимаи «шудаанд» ва калимаи «кардааст» ба калимаи «кардаанд» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 15 ҷумлаҳои дуюм, сеюм ва чорум ҳамчун қисмҳои ҷудогона аз сари сатр навишта шаванд.
14. Дар моддаи 16:
-аз номи модда калимаи «ва» хориҷ карда шавад;
-қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Туристон вазифадоранд:
-қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, ба низоми сиёсию иҷтимоии давлатӣ, суннат, урфу одат, эътиқоди динию мазҳабӣ ва тарзи зиндагии аҳолии маҳаллӣ эҳтиром гузоранд;
-нисбат ба муҳити зист, ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҷойҳои муқаддас ва осори дигаре, ки таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доранд, бо эҳтиёт муносибат намоянд;
-қоидаҳои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ шудан аз ҳудуди онро риоя намоянд;
-шартҳои қарордодҳо оид ба хизматрасонии туристиро риоя намоянд;
-зарар ва хароҷоти аз тарафи турист дар давраи саёҳат ба ташкилоти туристии қабулкарда ё фиристода расонидаро пурра ҷуброн намоянд;
-зарари ба шахсони сеюм дар давраи саёҳат расонидашударо ҷуброн намоянд;
-қоидаҳои шахсии бехатариро ҳангоми саёҳат риоя намоянд.».
15. Дар моддаи 17 ҷумлаи дуюми матн ҳамчун қисми дуюм аз сари сатр навишта шавад.
16. Дар матни Қонун қисмҳои моддаҳо бо рақамҳои арабӣ ва сархатҳо бар ивази рақамҳо бо аломати дефис (-) ифода карда шаванд.
17. Моддаи 19 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 майи соли 2009, № 530


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани
тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 22 апрели соли 2009, № 1312

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2009, № 650


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 866

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед