logo

сиёсат

ФИРОРИЁНИ НАҲЗАТ ҲАНӮЗ ҲАМ ТАХРИБКОРӢ МЕКУНАНД

Гуфтугузорҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пойгоҳҳои хабарӣ нишон медиҳанд, ки бархе аз пайравони ҳизби мамнуи наҳзати исломи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз тафриқаву амалҳои хиёнаткоронаи хеш даст набардоштаанд. Ин бадхоҳони миллат, ки дар хориҷи кишвар паноҳ бурдаанд, бо нишондоди хоҷагони берунаашон аъмоли нанговари худро нисбат ба давлату миллати тоҷик идома медиҳанд.

Гумон мерафт, ки онҳо баъд аз нокомии барномаҳои таҳиянамудаашон дар мисоли ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015, ки чеҳраи аслии наҳзатиҳоро ба ҷомеа муаррифӣ кард, хиҷолат мешаванд. Аммо баръакси ин имрӯз бо ташкили сомонаву пойгоҳҳои вижаи таблиғотӣ дар интернет, даст доштани худ дар ҳаводиси хунини  моҳи сентябрро рад мекунанд. Талош доранд, ҳаводиси кишварро муғризона пӯшиш дода, дигарбора ба мағзшӯии бархе табақаҳои ноогоҳи ҷомеа муваффақ шаванд. Вале ин ҳама “об дар ҳован куфтан” хоҳад буд. Зеро мардуми шарафманди тоҷик бо таҷрибаи талхе, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ бардоштааст, бо ҳама гуна зуҳуроти бегонапарастӣ муқовимат хоҳад кард. Мо мисоли равшани инро дар иштироки фаъолонаи мардуми мулкӣ зимни саркӯби гурӯҳи мусаллаҳу террористии Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар, дида будем.
Дар ҳоле, ки ҳамаи далелҳо оид ба ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористӣ эътироф шудани собиқ ҲНИТ рӯи дастанд, роҳбарияти он дар хориҷи мамлакат ғайриқонунӣ амал намуда, алайҳи манфиатҳои давлату миллати тоҷик баромад мекунад. Дар ин робита, хабари “ҲНИТ хостори муҳокимаи мақомоти тоҷик дар додгоҳҳои байналмиалӣ шуд”, ки аз ҷониби пойгоҳи ба ном “сиёсӣ - фарҳангӣ”-и “Кимиёи саодат” интишор шудааст, боз як ғараз ва дасисаи душманони халқи тоҷик мебошад. Ин дасисакорон чун дар Ватан ба халалдор кардани иттиҳоди мардум ва ба ҳам задани суботи сиёсӣ муваффақ нашуданд, имрӯз талош доранд, зери чатри пуштибонони хориҷиашон тахрибкориҳои худро аз беруни кишвар идома диҳанд. Тааҷҷубовар аст, ки ҷонибдорони наҳзат бо чӣ далел мақомоти Тоҷикистонро ба қавли худашон “додгоҳҳои байналмилалӣ” мекашонда бошанд? Бо он ки дар интихоботи порлумонӣ мардум ба ҷонибдориашон овоз надод. Аз нокомии ошӯби Абдуҳалим Назарзода, ки ба қасди табаддулоти давлатӣ тарҳрезӣ шуда буд ва ё чандин нақшаҳои дигари хокхӯрдаашон!
Боиси нигаронист, ки пайравони собиқ ҲНИТ бо шумули роҳбари фирориаш то кунун бозичаи дасти кадом як гурӯҳи манфиатҷӯ будани худро эҳсос накардаанд. Бар ивази чанд пайсаи аз хоҷагон дарёфтаашон алайҳи давлату миллат иқдом мекунанд, ки хиёнат ба Ватан аст. Вале дар ҳеҷ давру замон хоинон ба мақсад нарасидаву халқ онҳоро набахшидааст.
Муборизаҳои ахири иттилоотии наҳзатиён нишон медиҳанд, ки онҳо бо асабоният ин ҳақиқатро қабул намудаанд, ки дигар дар Тоҷикистон касе аз онҳо ҷонибдорӣ нахоҳад кард. Аз ин ҷиҳат, рӯ ба пуштибонони хориҷӣ оварда, ҷалби таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ ба қазияи худро доранд. Вале ин ҳама кӯшишҳо бесамар хоҳанд буд, зеро:
Ҳар кӣ бо душмании  халқ равон аст чу баҳр,  
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
Итминон дорем, ки кӯшиши пиёдасозии ҳадафҳои бебунёди наҳзатиён ва амалкардҳои ғаразноки онҳо ба нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ осеб нахоҳанд расонд. Дар ҳамин асос, мардуми шарафманди тоҷик ба хилофкориҳои ин тоифа мутаваҷҷеҳ нестанд. Зеро дар арафаи ҷашнҳои бузург - Ваҳдати миллӣ ва 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ливои сулҳу оромӣ дар партави сиёсати бунёдгарои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машғули ободонии ҳар гӯшаи Ватани азиз ҳастанд.

Раёсати Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.02.2016    №: 24    Мутолиа карданд: 444

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед