logo

фарҳанг

НИМПАЙКАРА ДАР ТАВОЗУНИ КИСТ?

Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати таъмиру тармими нимпайкараи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко ва майдони назди он воқеъ дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Сино мушкилот дорад. Мо бо кӯшишҳои худ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон тармиму таъмири  майдони нимпайкараи Александр Мироненко сарпараст ёфтем, ки кумаки молиявиро ба уҳда гирифтааст. Филиали ширкати сарпараст дар Тоҷикистон ҶДММ «Ширкати химиявии Суғд» ангора ва сметаи хароҷоти корҳоро тартиб додааст ва аз мо хоҳиш намудааст, ки онро бо шаҳрдорӣ мувофиқа намуда, иҷозати тезонидани оғози корҳоро гирем. Дар ин бора мо - роҳбарияти иттиҳод 10 декабри соли гузашта бо муовини аввали раиси шаҳри Душанбе А. Расулов ва сардори шуъбаи сохтмон Ш. Тағойбеков вохӯрда, бо телефон ба сармеъмор Қ. Файзуллоев  маълумот додем ва баъдан 8 январи соли 2016 барои гирифтани ҷавоби мактубамон (№ 284 аз 18. 12. 2015 с. бо 15 варақ замима) боз бо онҳо вохӯрӣ баргузор намудем. Ба мо гуфтанд, ки то ҳол ҷавоби мактубро раиси шаҳр надодааст. Доир ба иҷозати корҳои зикргардида ба раиси ноҳияи Сино, ки муҷассама – нимпайкараи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ А. Мироненко дар тавозуни раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия мебошад, муроҷиат намудем. Мо аз нав ба раиси ноҳияи Сино бо мактуб (№ 285 аз 11. 12. 2015 с.) муроҷиат намудем. Бо раис С. Ализода  13 январ вохӯрдем. Аммо ягон супориш доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, яъне иҷозати оғози корҳо дода нашуд. Дар раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия ба мо гуфтанд, ки нимпайкараи   А. Мироненко дар тавозуни онҳо намебошад. Аз ин рӯ, тамоми рӯз идораҳои дахлдори мақомоти иҷроияи шаҳр ва ноҳияро гаштем. Бо сармеъмор, раиси бахши  ҷавонон, сардори шуъбаи сохтмон, мутахассисони раёсати фарҳанг, раёсати сохтмони роҳҳо ва бори дуюм бо раиси ноҳияи Сино вохӯрдем, вале дар тавозуни кӣ будани нимпайкараро пайдо карда натавонистем. Касе ҷуръати додани иҷозати оғози корҳои сохтмониро надорад. Ба ин хулоса омадем, ки ҳама аз ба дӯши худ гирифтани масъулият метарсанд. Аз ин рӯ, тавассути рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хоҳиш мекунем, ки барои оғози корҳо иҷозат диҳад.  Ин дар сурате аст, ки барои ин кор  аз буҷаи шаҳр маблағ сарф намешавад. Ёдовар мешавем, ки то ба 27 - умин солгарди Рӯзи интернатсионалистон – 15 феврал рӯзҳои башумор мондааст ва чорабинии ватандӯстии мо ва ҷавонон дар назди ин муҷассама бояд гузарад.

Шавкат МИРЗОЕВ,
раиси Иттиҳоди интернатсионалистони
собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.02.2016    №: 24    Мутолиа карданд: 510

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед