logo

иқтисод

БОҒ БИСЁР ШУДУ МЕВА КАМ. ЧӢ БОЯД КАРД?

Боғдорию картошкапарварӣ соҳаҳои асосии иқтисодиёти Рашт мебошанд. Сокинони ноҳия солҳои шӯравӣ на танҳо бозорҳои кишвар, балки берун аз он - бозорҳои Осиёи Миёнаро  ҳам бо себу нок таъмин менамуданд. Ба қавле бозоргузар буду харидор дошт он солҳо меваи Ғарм. Қисми зиёди аҳолӣ аз ҳисоби фурӯши меваҳои замини наздиҳавлигиашон яксола озуқавории оилаашонро таъмин намуда метавонистанд. Дар боғот нуриҳои маъданӣ фаровон истифода гардида, ҳар сол чанд маротиба ба муқобили зараррасонҳо заҳрхимикатҳо истифода бурда мешуданд. Боғдорон аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 70 сентнер мева ба даст меоварданд.

Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ на  танҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ, балки дар фурӯшгоҳҳои ноҳия себу ноки маҳаллӣ камчин шуд. Ҳатто дастархони мардуми меҳмоннавози ноҳияро ба ҷойи меваи маҳаллӣ себу ноки хориҷӣ оро медод. Шуҳрати боғпарварони Рашт ба деҳқонони минтақаҳои дигар, ки бештар сокинони пойтахтро  бо меваи тар таъмин менамоянд, гузашт.
Аҷиб ин аст, ки ба гуфтаи мутахассисони раёсати кишоварзӣ, дар ноҳия ҳаҷми умумии боғҳои мевадиҳанда ба 4000 гектар расида, дар қиёси солҳои шӯравӣ 1000 гектар зиёд гардидааст. Пас, чаро  боғ бисёр шудаасту мева кам?
Ба андешаи сармутахассиси раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Маҳмадамин Ҷомидов, солҳои нооромӣ шароити танги иқтисодӣ имкон намедод, ки ба муқобили касалию зараррасонҳо дар майдони боғот нуриҳои органикию минералӣ ва заҳрхимикатҳо дарёфт ва истифода гарданд. Ҳамчунин,  заминҳои боғот обёрию нигоҳубин намешуданд. Ҳамаи ин боиси хушк ва нест шудани дарахтони мевадиҳанда гардид.
Солҳои охир дар ноҳия ҷиҳати барқарорсозии боғҳои куҳна ва бунёди боғҳои нав чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009, № 683 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2014” дар ноҳия 742 гектар боғи куҳна решакан карда,  боғҳои нав бунёд шуданд. Сабаби кам будани мева дар он аст, ки ҳанӯз боғҳои навбунёд ва аз сари нав барқароршуда ба ҳосил надаромадаанд. Бо зиёд шудани майдони боғот зараррасонҳою касалиҳо зиёд гардида истодаанд ва қудрати молиявии хоҷагиҳои кишоварзӣ барои хариди нурию заҳрхимикатҳо намерасад, ки ин омил нигаронкунанда аст.
Ҳоло нуриҳои минералӣ дар майдони боғот кам истифода шуда, соле ҳамагӣ як - ду маротиба бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва бемориҳо заҳрхимикат мепошанд. Ҳамчунин, ниҳолҳое, ки аз дигар минтақаҳо оварда шинонда мешаванд, ба муҳити Рашт ва касалиҳо тобовар нестанд.
Пас месазад, ки дар доираи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои  мазкур низ аз ҷониби масъулон  тадбирҳои судманд андешида шаванд.   
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.02.2016    №: 24    Мутолиа карданд: 480

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед