logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, ҷавоб дод.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Собиқаи бефосилаи зиёда аз 50-солаи корӣ дорам. Аз он 28 солашро собиқаи кории хизмати давлатӣ ташкил мекунад. Ҳисоби миёнаи музди меҳнатам дар ду соли охир (солҳои 2012-2013) тақрибан 910 сомониро ташкил мекунад. Ҳоло 573 сомонӣ нафақа мегирам. Дафтарчаи меҳнатӣ ва маълумотнома дар бораи собиқаи кории хизмати давлатӣ (28 сол) дар парвандаи нафақавӣ мебошад. Мехоҳам фаҳмам, ки бо ҳамин миқдор собиқаи бефосилаи кории умумӣ ва хизмати давлатӣ нафақаи ман аз рӯи чанд фоизи музди меҳнати миёнаи моҳонаам ҳисоб карда мешавад?

Бегмат МАҲМАДОВ,
сокини Ҷамоати деҳоти Нушори
ноҳияи Тоҷикобод

- Тибқи муқаррароти моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи синну сол ба андозаи 55 фоизи маош, аммо ба шахсоне, ки дар корхона, муассиса, ташкилот ё дар як соҳа собиқаи корӣ доранд (мардҳо – 25 сол ва занҳо – 20 сол), ба андозаи 60 фоиз маош таъйин карда мешавад. Ҳамзамон моддаи мазкури ҳамин қонун пешбинӣ намудааст, ки барои ҳар як соли пурраи кори зиёда аз 25-солаи мардҳо ва зиёда аз 20-солаи занон нафақа ба андозаи 1 фоизи маош меафзояд. Аз ин муқаррароти Қонун бармеояд, ки андозаи нафақаи шумо, бояд 60 фоизи маош ва барои ҳар як соли пурраи кории баъди собиқаи 25 сола (дар як соҳа) иловатан ба андозаи 1 фоизи маош муқаррар карда шавад.

 

- Киро мо собиқадори меҳнат (ветеран труда) гуфта метавонем?
Саидқул Шомалангзода, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа

- Ветеранҳои меҳнат яке аз категорияҳои ветеранҳо, ки моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» пешбинӣ намудааст, ба шумор рафта, онҳо шахсоне мебошанд, ки дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ дар давоми на камтар аз 25 соли тақвимӣ (барои мардҳо) ва 20 соли тақвимӣ (барои занҳо) кор кардаанд ва яке аз асосҳои зеринро доро ҳастанд:
- дода шудани унвони фахрӣ ё мукофотонида шудан бо ордену медалҳои Иттиҳоди ҶШС ё Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мукофотонида шудан бо се дараҷаи нишонҳои хизмати шоистаи идоравӣ;
- барои хизматҳои шоистаашон нафақа мегиранд.
Тартиб ва шарту шароити додани унвони «Ветерани меҳнат» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

- Ман дар мактаби рақами 33-и ноҳияи Тоҷикобод ба ҳайси муҳосиб кор мекунам. Ҳамзамон тариқи шартномавӣ дар як ширкати сохтмонӣ низ фаъ-олият дорам, ки аз ҳисоби маошам дар ин ҷо 13 дарсад андоз месупорам. Баъзеҳо чунин корро ғайриқонунӣ мегӯянд, воқеан ин то куҷо қонунӣ ва ё ғайриқонунист?
Ҳусейн САИДОВ,
сокини ноҳияи Тоҷикобод

- Моддаи 281 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ки дар ду (якчанд) ҷой кор кардан ин – тибқи шартнома (қарордод)-и меҳнатӣ аз тарафи корманд дар баробар ва дар давраи фориғӣ аз кори (мансаби) асосӣ иҷро намудани кори дигар ё ишғол намудани дигар вазифаи доимии муздаш пардохтшаванда ба шумор меравад. Барои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, розигии корфармо аз ҷои кори асосӣ талаб карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Дар сурати тибқи шартнома (қарордод) - и меҳнатӣ дар ду ҷой кор карданатон ин фаъолияти меҳнатии шумо хилофи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон нест.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.02.2016    №: 24    Мутолиа карданд: 518

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед