logo

сиёсат

НИШОНИ ЭҲТИРОМ

Дар партави ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» бори дигар муҳаббату қадршиносии мардумро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод. Ин санади муҳим баёнгари эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва самимияти беандозаи ҳар фарди худогоҳи кишвар ба Сарвари давлат мебошад.

Агар ба таърих рӯй оварем, аз рӯзҳои аввал Сарвари давлат бо иқдому амалҳои шоистаи хеш баҳри барқарор намудани сулҳ ва таъмини зиндагии шоиста барои сокинони мамлакат иқдомоти тақдирсозеро татбиқ намуда, ба боварию маҳбубияти мардум соҳиб гардидааст. Солҳои мураккаби оғози истиқлолият бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 74 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз он ҷумла 15 қонун, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи Парчами давлатӣ», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» қабул гаштанд. Сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлат ва тасвиби ин қонунҳо ба барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон мусоидат намуд. Бо ин тадбирҳои амалисохтааш, Президенти кишвар ба фаъолияти қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт.
Муҳимтарин дастоварди таърихии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, дар кӯтоҳтарин муддат оташи ҷанги хонумонсӯзи дохилиро дар Тоҷикистон хомӯш ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз фаношавӣ раҳо додан буд.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки то имрӯз аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 350 қонун ва 20 кодекс, аз ҷумла кодексҳои гражданӣ, мурофиаи гражданӣ, ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, меҳнат, оила, манзил, андоз, гумрук, замин ва ғайраҳо ба тасвиб расидааст.
Таҳия ва қабули қонунҳо, кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ заҳмати бениҳоят зиёдро тақозо мекунад ва чунин заҳматро танҳо нафаре дарк карда метавонад, ки худ дар таҳияи санади меъёрии ҳуқуқие саҳм гузоштааст ва ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ машғул аст. Боиси қайд аст, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб мерасанд, ифодагари манфиатҳои мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти кишвар, тақвият бахшидани қонун, рушди иқтисодиёт ва соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ мебошанд.
Барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон бошад, аз ҷониби Президенти кишвар як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, квотаи президентӣ , стипендияи байналмилалии президентии “Дурахшандагон”, грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, қарорҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил, қитъаи замин муқаррар гардидааст, ки моро водор месозад, тамоми неру ва донишамонро баҳри ободии кишвар равона созем.
  
Барно САИДВАЛИЗОДА,
муовини сардори Раёсати ҳуқуқи
Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илми ҳуқуқ, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.02.2016    №: 24    Мутолиа карданд: 946

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед