logo

иқтисод

НАТИҶАИ ХУБ МАСЪУЛИЯТРО БЕШТАР МЕГАРДОНАД

Сиҷоуддин САЛОМЗОДА,
раиси шаҳри Турсунзода

Меҳнаткашони шаҳри Турсунзода дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа доштанд, сармашқи кори худ намуда,  тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри боз ҳам равнақу ривоҷ додани соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва ба ин васила, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум равона намуда истодаанд.

Соли гузашта дар шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд гардида, дар маҷмӯъ 555,4 миллион сомониро ташкил дод. Дар он саҳми корхонаҳои азими саноатии ҷумҳурӣ хеле зиёд аст. Аз ҷумла, Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик»  дар ҳаҷми 431 миллион сомонӣ ва  Корхонаи фар-ъии давлатии «Алюминсохтмон» дар ҳаҷми бештар аз 22 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ноҳия ба шумор рафта, соли гузашта ба рушди он аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. Дар натиҷаи меҳнати софдилонаи кишоварзон истеҳсоли ғалла ба 43315 тонна сабзавот 61359  тонна, пахта 3766 тонна, пилла 11,4 тонна, меваҷот 7898 тонна, ангур 16908 тонна, гӯшт 5658 тонна ва асал ба 33 тонна расонда шуд.
Дар хоҷагиҳо ба масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулот диққати махсус дода мешавад. Натиҷаи андешидани чорабиниҳои самарабахш буд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 209 сентнерро ташкил дод.
Дар урфият мегӯянд, ки «деҳқон бошӣ шудгор кун». Деҳқонони мо ба васеъ намудани замини кишт ва самаранок истифода бурдан аз заминҳои корам диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Мутобиқи нақша бояд дар 5100 гектар замин кишти такрорӣ гузаронда  мешуд. Дар натиҷаи меҳнати самарабахши деҳқонони хоҷагиҳо дар 5599 гектар кишти такрорӣ гузаронда шуд, ки аз он 2404  гектарро  кишти шолӣ ташкил дод. Айни замон, дар хоҷагиҳои шаҳр кишти тирамоҳӣ бомуваффақият ба анҷом расонда шуд. Агар дар оғози мавсим гузарондани кишти тирамоҳӣ дар майдони 8300 гектар ба нақша гирифта шуда бошад, то имрӯз дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 9206 гектар  кишт гардид.
Дар маҷмӯъ, ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ соли гузашта 1 миллиарду 909 миллион сомониро ташкил дод. Буҷети маҳаллӣ ба андозаи 99,1 фоиз таъмин гардида, боназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 94,1 дарсад иҷро шуд ва ба буҷет 105,5 млн сомонӣ ворид гардид.
Тибқи нақшаи амал, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015 тасдиқ шудааст, 7 корхонаву коргоҳ, 5 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба истифода дода шуда, зиёда аз 230 нафар шаҳрванд бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин гаштанд. Соли гузашта дар шаҳр 1752 нафар бекор ба қайд гирифта шуд. Аз ин ҳисоб 539 нафар дар соҳаҳои гуногун бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин, дар корхонаву ташкилот ва хоҷагиҳои шаҳр 3890 ҷойҳои кории мавсимӣ таъсис дода шуд, ки дар ҳалли мушкилоти бекорӣ қадаме ба пеш мебошад.
Шаҳри Турсунзода сол аз сол ободу зебо гардида истодааст. Бо дастгирӣ ва ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2015 як бинои чорошёнаи истиқоматии 10 ҳуҷрадор, ду бинои панҷошёнаи 15 ва 26 ҳуҷрадор, биноҳои маркази ташхис ва томография,  филиали «Спитаменбонк”,  мактабҳои № 18 барои 400 хонанда ва № 119 барои 680 хонанда дар 1 баст,  корхонаи истеҳсоли дорувории «Вежа», 3 бунгоҳи тиббӣ  сохта ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, азнавсозии корхонаи чинибарорӣ ба сомон расонда шуда, ду адад сардхона барои нигоҳдории зиёда аз 1000 тонна меваю сабзавот мавриди истифода қарор гирифт. Нуқтаи идоракунии мудофиаи ҳудудии шаҳри Турсунзода бо харҷи зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Тармими роҳҳои мавҷуда ва сохтани роҳҳои нав яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи шаҳр ба шумор меравад. Соли гузашта аз ҳисоби буҷети шаҳр ва соҳибкорон 155 км роҳи маҳаллӣ таъмир гардиданд.
Дар соли 2016 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон барои  дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмону баистифодадиҳии коргоҳҳои захира ва коркарди меваю сабзавот, насби таҷҳизоти технологӣ барои истеҳсоли симҳои мисин дар ҶСП «Ноқили Турсунзода», бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон,  як дидбонгоҳи сарҳадӣ, қисмати аввали бинои МТУ № 33 – ро барои 320 хонанда ба нақша гирифтааст.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.02.2016    №: 24    Мутолиа карданд: 614

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед