logo

иқтисод

МОИ «СУҒД»: СОДИРОТ МЕАФЗОЯД

Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», сарфи назар аз буҳрони молиявӣ, муваффақ гашт ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасониро ба 57,3 миллион сомонӣ расонад ва барои татбиқи дастури Пешвои миллат, Президенти кишвар оид ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ қадаме ба пеш гузорад. Ҳоло бозори фурӯши маҳсулоти корхонаҳои иқтисодии «Суғд» қариб тамоми ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Чин, Эрон, Покистон ва Туркияро фаро гирифта, барои боз ҳам тавсеа додани содирот тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ мешаванд.

 - Ҳадафи асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар, ин пеш аз ҳама ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ, ворид кардани хатҳои пешқадами муосири технологӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ, ба роҳ мондани тавлиди молу маҳсулоти сифатан аълову комилан рақобатпазир, тарбияи соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо ба фаъолияти самаранок мебошад. Афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулоти бозоргир, тамоили зиёдшавии ҳаҷми содироти мол аз марҳила ба марҳила ба ҳадаф расидан гувоҳӣ медиҳад, - мегӯяд Фирдавс Алимов, роҳбари маъмурии минтақа.
 Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз ду корхонаи муосир: ҶДММ «Роял Корпорейшн» ва ҶДММ «Ҷаҳони нав ММ» бо хатҳои наву технологияи пешқадам, ки дар маҷмӯъ ба тавлидоти маҳсулоти сохтмонӣ, неруи барқ, панелҳои гармиҳифзкунанда, плиткаҳои ороишӣ, 40 номгӯи гили ороишию маҳсулоти рангуборкунӣ шароит фароҳам овард, ки даҳҳо нафар бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шаванд ва 80 дарсади маҳсулот содирот гардад.
 Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода кардани мутахассисони баландпоя дастур дод. Дар ин замина Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд» ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин таълимгоҳ барои тайёр кардани мутахассисони воқеан ҳам сатҳи баланд дар соҳаҳои гуногун 200 нафар ҷавонон бо таълиму касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
 Маъмурияти минтақа дар самти ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муосир пайваста дар талош буда, имрӯзҳо бо 20 ширкати бузурги Осиё ва Аврупо гуфтушунид дорад. Татбиқи боз 3 лоиҳаи бузурги сармоягузорӣ, аз қабили сохтмони роҳи оҳан дар самти Спитамен - минтақаи озоди иқтисодӣ дар масофаи 22 километр бо маблағгузории 45 миллион доллари амрикоӣ, бунёди маркази логистикӣ ва иншоот барои доир намудани намоишгоҳҳо тайи солҳои 2016-2018 аз ҳадафҳои асосии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» маҳсуб меёбанд.    
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.02.2016    №: 24    Мутолиа карданд: 421

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед