logo

иқтисод

ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ

ДАР НУРОБОД КОҲИШИ ҲОСИЛНОКИИ ЗАМИН НИГАРОНКУНАНДА АСТ

Ноҳияи Нуробод, ки минтақаи рушдёфтаи гидроэнергетикаи хурд, маркази савдо ва логистикии аҳамияти минтақавидошта аст, дорои имкониятҳои пешниҳоди хизматрасониҳои хушсифати маишӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва мавзеи  ҷолиби сайёҳӣ мебошад.

Кишоварзӣ соҳаи асосии хоҷагии халқ аст ва дар ҳаёти иқтисодии ноҳия нақши аввалиндараҷа мебозад. 85,9 дарсади аҳолии қобили меҳнат маҳз дар соҳаи кишоварзӣ  фаъолият менамояд. Заминҳои корами ноҳия барои кишти сабзавоту картошка ва рушди боғдорӣ ниҳоят мувофиқанд.
 Дӯстзода Ҳасан Тағдир, раиси ноҳия, ҳангоми суҳбат изҳор намуд, ки солҳои охир ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои хурду миёна дар истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳо афзудааст.
Омилҳои муҳимтарини боз ҳам беҳтар намудани рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия истифодаи самараноки заминҳои корам, бунёди иншооти нав, корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастгирии соҳибкорон ба шумор мераванд. 
Дар ноҳия ҷиҳати васеъ намудани майдонҳои кишт, обёрӣ намудани заминҳои лалмӣ, ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ, умуман ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд. Танҳо соли сипаришуда 17 хоҷагии оилавию инфиродии дехқонӣ тасис ёфт. Соли равон  дар назар аст, ки майдони кишти картошка ба 670 гектар расонда шавад.
Сабзавоткорӣ дар ноҳия баъд аз  картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Сабзавоткорон асосан ба истеҳсоли пиёз, бодиринг ва помидор машғуланд. Мутаассифона, ҳосилнокии сабзавот  сол то сол коҳиш ёфта истодааст. Чунончи, соли  2014   4529 тонна ва соли гузашта 3904 тонна сабзавот истеҳсол шудааст. Мутахассисон мушкилоти асосии соҳаи рустанипарвариро дар набудани низоми ягонаи муборизаи кимиёвӣ дар сатҳи минтақа бар зидди ҳашароти зараррасон, фарсуда гадидани низоми ирригатсионӣ ва эрозияи заминҳо медонанд.
Обу ҳавои ноҳия барои парвариши дарахтони мевадиҳанда хусусан себ ва нок мусоид аст, вале солҳои охир ҳосилнокии боғ ҳам кам шуда истодааст.
Умуман бо сабабҳои номбаршуда ҳам  майдони боғ ва ҳам  заминҳои кишти ғалла ба сабзавоту полезӣ коҳиш меёбанд, ки боиси нигаронист.
Мушкили асосии соҳаи мазкур бо роҳи мутамарказонида ташкил накардани коркарди агрохимиявии боғҳо бар зидди касалиҳо  ва ҳашароти зараррасон, нарасидани техникаи махсус барои коркарди кимиёвии боғҳо, набудани корхонаҳои коркарди мева ва ҳолати мелиоративии боғҳо ба шумор меравад.

Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.02.2016    №: 25    Мутолиа карданд: 459

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед