logo

ҳуқуқ

БОЗ КАДОМ ЗАМИН ТАРАКА МЕШАВАД?

Ё ЧАРО ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯ ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲОИ ЗАМИНРО НАМЕБИНАНД?
Ҳанӯз мардуми калонсоли деҳаи Оқҷар нағз дар ёд доранд, ки охири солҳои 50-ум то нимаи аввали солҳои 80-ум пахтакорон аз як гектар замин  45 – 50 - сентнерӣ ҳосил мерӯёнданд. Заҳматҳои шабонарӯзии Миралӣ Маҳмадалиев, Давлат Файзалиев, Сайла Раҷабова (рӯҳашон шод бод!) бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Борон Абиров, Аъзам Султонов, Ҷӯрахон Қаюмов бо ордени Ленин, даҳҳо нафар бо ордену медалҳо ва нишонҳои Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи собиқ СССР қадр гардонда шуда буданд. Ин қитъаҳо зиёда аз 70 сол мардуми деҳаро хӯрондаю пӯшонда, ба ҳама чун модар буданд.
Зиёда аз даҳ сол аст, ки раисони хоҷагӣ ва Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ аз ҳар гӯшаи он бурида, ба эҳтиёҷмандони манзил хонаҷо дода истодаанд.
Замони дар вазифаи раиси ноҳияи Восеъ фаъолият кардани Султон Валиев овоза шуд, ки аз ҳисоби замини хоҷагии деҳқонии Давлатшоҳ Мирзоев ба эҳтиёҷмандон қитъаи наздиҳавлигӣ тақсим карда мешавад. Ба гуфтаи сокини деҳа Қ. Р. намояндаи Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев  аз хоҳишмандони серпул маблағи ҳангуфт низ ҷамъ кард. Аммо раиси ноҳияро сабукдӯш намуданду тақсими замин ҳал нашуда монд. Аз байн беш аз панҷ сол гузашту онҳое, ки пул дода буданд, дари ҷамоатро хоктӯда карданд. Чун шикоятҳо ба авҷ расиданду масъалаи ҷудо кардани замин ё баргардонидани маблағ ба миён омад, роҳи дувуми ҳалли масъаларо ёфтанд. Дар охири соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ боз овоза шуд, ки «Аз ҳисоби замини хоҷагии деҳқонии Давлатшоҳ Мирзоев, ба эҳтиёҷмандон ҷойи хона дода мешавад».
Аҷибии кор дар он аст, ки комиссияи ҷамъиятии назди Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев ҳамеша пинҳонӣ ва ношаффоф амал менамояд. Ба ҷойи он ки вазъи оилавии ҳар як хоҳишмандро дуруст омӯхта, дар ҳузури аҳли деҳа тариқи шаффоф заминро тақсим намояд, пинҳонӣ (шабона) онро тарака мекунанд.
Тақсими заминҳои обӣ дар ду қитъаи дигар низ ба ҷо оварда шудааст. Чунин қонунвайронкуниҳо дар Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев солҳо идома дораду вале онро дар прокуратураи ноҳияи Восеъ нодида мегиранд.
Эҳтиёҷмандони ҷойи хона дар ҳудуди ҷамоат бисёранд. Дар ин ҷо на танҳо заминҳои беҳтарини обӣ, балки ҷойи чарои молу гови мардум, майдончаҳои бозии кӯдакон ва ҷойҳои ҷамъиятию иншооти истеҳсолии собиқ хоҷагии овозадори ба номи Ленинро тақсим карда истодаанд.
Боз кӣ медонад, қитъаи дигар аз рӯйи кадом андоза (ставка) ба аҳолӣ тақсим карда мешавад? Музоядаи англисӣ  барои  «эҳтиёҷмандон»  давом дорад!

Мирзои ФИРӮЗ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.02.2016    №: 25    Мутолиа карданд: 598
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед