иқтисод
КОРХОНАҲО БА АШЁИ ХОМИ ВАТАНӢ НИЁЗ ДОРАНД
Рушди истихроҷи маъданҳои кӯҳии мамлакат ҷиҳати фароҳам сохтани ашёи хоми ватанӣ яке аз нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буд. Аз ҷумла дар Паём зикр гардид, ки «Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад». Вобаста ба аҳамияти нуктаҳои зикршуда ва рушди саноати мамлакат, дастгирии пешниҳодоти муҳаққиқони соҳа ва дастрасии мутахассисон ба технологияи навин Шаъбонӣ Юсуфов, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии саноати Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, чунин изҳор дошт:
- Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, бавижа бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди соҳаи саноат бо роҳи коркарди ашёи хоми ватанӣ корҳои хеле зиёд анҷом ёфтаанд. Дар баробари ин, баҳри ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои таҳқиқотӣ, амсоли пажӯҳишгоҳи саноат Ҳукумати ҷумҳурӣ ташаббусҳои назаррас нишон дод. Аз ҷумла дар соли гузашта «Барномаи таҳқиқот ва таҳияи технологияи истеҳсоли гилхок аз ашёи хоми гилхокдори кони Курговат (Бадахшони ғарбӣ)» , ки аз ҷониби олимону мутахассисони пажӯҳишгоҳ омода ва ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав пешниҳод гардид, имрӯз бо дастгирии давлат мавриди амал қарор дорад. Мувофиқи барнома аз гилхоки мавзеи номбурда дар натиҷаи коркарди кимиёӣ оксиди алюминий гирифта мешавад, ки барои истеҳсоли арзиз дар Ширкати алюминийи тоҷик истифода мегардад. Айни замон, корҳои омӯзишӣ ва коркарди маводи кон бо роҳбарии Баҳодур Мирзоев, номзади илмҳои кимиё, бо маром идома доранд. Инчунин, ният дорем, ки партовҳои дар натиҷаи коркарди гилхоки мавзеи Курговат ҳосилшударо барои истеҳсоли хишти пухта ва сементи аълосифат истифода намоем. Дар доираи барнома «Дар бораи таҳқиқот ва таҳияи технологияи истифодабарии канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» муҳаққиқони соҳа нақшаи нави истихроҷи канданиҳои фоиданоки мамлакатро омода намуданд. Дар ин радиф лоиҳаи «Барномаи истеҳсоли маводи гуногун дар конҳои ангишти ҷумҳурӣ барои солҳои 2016 – 2020» аз ҷониби кормандони пажӯҳишгоҳ омода гардидааст. Ҳадафи асосии барномаи нав коркарди комплексии ангишт дар конҳои ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Агар таркиби ангиштро мавриди омӯзиш қарор дода, онро коркард намоем, аз он тавлиди қариб сад намуд маҳсулот имкон дорад. Бинобар ин, аз минтақаҳои ангиштдори ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати кишвар ва Институти кимиёи Академияи илмҳо намунаҳои ангиштро оварда, дар озмоишгоҳҳо таҳлили кимиёӣ гузарондем. Дар асоси корҳои илмӣ – тадқиқотӣ маълум гардид, ки аз ангишти дар конҳои мамлакат мавҷудбуда бо истифодаи технологияи муосир, пеш аз ҳама, сӯзишвории дизелӣ, мазут, электрод, металл ва моддаҳои гуногун метавон истеҳсол намуд. Аз ҷумла аз хокаи ангишт крем барои пойафзол ва либосҳои чармӣ ҳосил намудан имкон дорад. Инчунин, аз 70000 тонна ангишт бо истифодаи технологияи муосир тақрибан 1 миллиард метри мураббаъ гази моеъ метавон ҳосил кард.
Умуман маъданҳои кӯҳӣ ва дигар захираҳои табиии мамлакат аз модда ва металлҳои зарур баҳри истеҳсоли маҳсулоти гуногун хеле ғанӣ мебошанд. Фақат илмро бо амал тавъам ва мутахассисонро бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудан лозим аст. Бовар дорам, ки дар сурати пайдо намудани таҷҳизоти илмӣ – лабораторӣ ва истифодаи самараноки онҳо кормандони пажӯҳишгоҳ метавонанд корашонро бо сифати баланду ҷавобгӯ ба талаботи замон пеш баранд ва давлат ба рушди назарраси истеҳсоли молҳои саноатӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ, ки интиқолу коркарди он осон меафтад, комёб мешавад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.02.2016 №: 25 Мутолиа карданд: 674