logo

ҳуқуқ

«ЗАМИН АЙБ НАДОРАД, ВАЗОРАТ ЧӢ?»

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигорон Мирзои Фирӯз ва Ташрифуллои Саъдуллоро зери сарлавҳаи «Замин айб надорад, вазорат чӣ?», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 09.01.2016, № 6 (22828) рӯи чоп омадааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад.
Баҳри рушди соҳаи картошкапарварӣ дар ҷумҳурӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, таҳти № 128 «Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016» қабул гардидааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки соли сипаригардида, вазорат бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хариди 788 тонна картошкаи тухмӣ ба минтақаҳои кӯҳистони картошкапарвар кумаки молиявӣ намуд, ки барои истеҳсоли афзоиши картошка мусоидат кард.
Мувофиқи маълумоти оморӣ то 1 январи соли 2016 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ 500592 тонна картошка истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли 2014 65412 тонна зиёд мебошад.
Айни замон, шумораи хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ 66 ададро ташкил медиҳад. 16 хоҷагӣ ба истеҳсоли картошкаи тухмӣ машғул мебошад.
Инчунин, аз ҷониби мутахассисони вазорат ва олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баҳри парвариш ва рӯёндани ҳосили картошкаи хушсифат бо иштироки васеи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии тухмипарвар мунтазам семинару машваратҳои тахассусӣ доир карда мешаванд.
Вазорати кишоварзӣ бо мақсади амалӣ намудани барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ғанӣ гардондани бозори дохилӣ, серию пурии дастархони мардум ва ҷиҳати таъмин намудани хоҷагиҳои картошкапарвар бо тухмии хушсифат тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Бо ибрози қаноатмандӣ ва ҳамкориҳои судманд, Вазорати кишоварзӣ ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» изҳори миннатдорӣ намуда, умедвор аст, ки минбаъд низ барои амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, махсусан «Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016» дар соҳаи аграрии мамлакат аз кумаку дастгирии шумо баҳравар мешавад.
Ҷ. САИДОВА, муовини вазири
кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.02.2016    №: 25    Мутолиа карданд: 457

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед