logo

сиёсат

Ричард Ҳоугленд: «ДАР ТОҶИКИСТОН ОЗОДИИ СУХАН БО ТАМОМИ ПАҲЛУҲОЯШ ВУҶУД ДОРАД»

Дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз ба рӯз шадидтар мешавад, рисолати воситаҳои ахбори омма аз лиҳози самт ва аҳдоф мазмуну моҳияти навро касб намудааст. Ҳамагон бояд дарк намоем, ки айни замон идеология ба силоҳи асосии мубориза табдил ёфта, аксар вақт аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида ва кишварҳои манфиатдор ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои муғризона низ истифода мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти муназзами воситаҳои ахбори омма тамоми шароитро фароҳам сохтааст, ки дар ин замина теъдоди расонаҳои хабарӣ тамоюли афзудан дорад. Айни ҳол, дар кишвар 551 рӯзномаву маҷалла, 52 нашриёт ва 275 матбаа фаъолият дорад, ки аксарияти онҳо аниқтараш 244 рӯзнома, 181 маҷалла, 42 нашриёт ва 253 чопхона ҷамъиятиву хусусӣ мебошанд. Мусаллам аст, ки матбуот дар ҳама давру замон ҳамчун воситаи асосӣ ва инъикосгари масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар рушди кишвар ва ҷомеа нақши назаррас дорад.
Тавре дар оғози матлаб зикр намудем, дар шароити кунунӣ бо мақсадҳои ғаразнок истифода гардидани воситаҳои ахбори омма дар миқёси олам тавсеа ёфта истодааст ва ин омил барои амнияти иттилоотии дилхоҳ кишвар зуҳуроти хатарзо маҳсуб меёбад. Бинобар ин, такмили қонунгузорӣ, вобаста ба тақози замон муҳиму саривақтӣ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд боиси нигаронӣ бошад. Зеро қонун догма нест ва такмилу бознигарии он дар таҷрибаи қонунгузории ҷаҳонӣ падидаи маъмулист. Бо дарназардошти ин нукта, аз ҷониби субъекти дахлдори ҳуқуқӣ ташаббуси қонунгузорӣ ба наздикӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма» таҳия ва қабул гардид. Мутаассифона, иддае дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» иқдоми мазкурро таҳриф намуда, онро муғризона бозтоб намуданд. Аз ҷумла дар матлабе, ки таҳти унвони «Зарба ба чашму гӯши халқ» бо имзои «Нигоҳ» нашр шудааст, зикр мешавад, ки «Бидуни ҳеҷ тардид ин амал ба ҷуз қадами бузурги ҳукумат барои маҳдуд кардани фаъолияти хабарнигориву журналистӣ ва расонаҳои мустақил дигар тафсире нахоҳад дошт, ки ба обрӯи ҳукумат латма ворид хоҳад кард ва ҳам оғози марҳилаи наве дар журналистика ва адабиёти тоҷик хоҳад шуд».
Саволе пайдо мешавад, ки чаро такмили қонунгузорӣ, ки он бо мақсади таҳкими ин раванд ва таъмини волоияти қонун бояд амалӣ шавад, боиси нигаронӣ шудааст? Ҳол он ки ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор дар таҷрибаи қонунгузории кишвари мо падидаи нав нест. Барои мисол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҳанӯз 14 марти соли 1992 қабул шуда буд. Худи ҳамон сол ва дар солҳои 1996, 1999, 2002 ба он тағйиру иловаҳо ворид гардида такмил ёфт. Зикр бояд кард, ки баробари рушду такомули матбуот, бахусус матбуоти мустақил, зарурати аз нав таҳия ва қабули қонуни нави матбуот ба миён омад. Бо дарки ин зарурат ва бо назардошти афкори ҷомеаи журналистӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳрири нав таҳия гардида, моҳи марти соли 2013 қабул шуд. Нуктаи муҳим ин аст, ки он аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва худи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ гардидааст.
Дар шароити ҳассоси кунунӣ ба дӯши аҳли қалам масъулияти ташаккули афкори ҷомеа гузошта шудааст ва онҳо дар баробари ҳуқуқҳо бояд уҳдадориву масъулияти худро низ фаромӯш насозанд. Даст рӯйи сина монда, мардона эътироф  бояд кард, ки озодии сухане, ки дар Тоҷикистон айни ҳол вуҷуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида  намешавад  ва он ба бандҳои дахлдори тавсияҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад. Ҳанӯз фаромӯш нашудааст, ки  соли  2013  Созмони «Журналистони бидуни марз» тадқиқоти  худро дар робита ба вазъи  озодии баён дар солҳои 2012 – 2013 нашр кард, ки ҷойгоҳи Тоҷикистон дар он аз кишварҳои  минтақа ва ҳатто Федератсияи Русия болост. Дар арзёбии ин созмон, соли 2014 мавқеи Тоҷикистон боз ҳам беҳтар гардид, ки ин шаҳодати дар Тоҷикистон то рафт тавсеа ёфтани озодии сухан мебошад. Вале кормандони «Нигоҳ» ин омилҳоро нодида гирифта, ба он назаранд, ки: «Аз номи Ҳукумати кишвар ба Маҷлиси намояндагон равона кардани тарҳи ин лоиҳа маънии онро дорад, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз муҳити расонаии кишвар, хоса бахши ҷамъиятиву сиёсии он, ки аз 10 - 12 расонаи мустақилу хориҷӣ иборат аст, шинохти дуруст надорад».
Дар ҳоле ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгириву ғамхориҳои зиёд, аз ҷумла бо пешниҳоди бевоситаи Президенти мамлакат хориҷ намудани моддаҳои ба таҳқир рабтдошта аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасвиби Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма», ташкили нишастҳои матбуотӣ ва ғайра зоҳир шуда истодаанд, нодида гирифтани онҳо қадрношиносие беш нест. Дар мақола бо киноя зикр шудааст, ки: «Дар шароити феълӣ, ки бо сабабҳои маълум аҳзоби мухолиф ба ҳошия рафтаанду ташаббус дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба чашм намерасад, танҳо рӯсурхии Ҳукумати Тоҷикистон - озодии нисбии матбуот аст. Озодие, ки натиҷаи фаъолияти ҳамон чанд расонаи мустақили миллӣ ва 50 - 60 журналист аст».
Дар робита ба ин, бо такрор бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва байналмилалӣ барои фаъолияти мақсадноки нашрияҳои мустақил ягон монеа эҷод накардааст. Баҳсҳои ҷудогонае, ки бинобар норозигии тарафайн, яъне нашрия ва объекти танқидшаванда ба миён меоянд ва тариқи судҳо ҳаллу фасл мешаванд, ба Ҳукумат рабте надошта, таҷрибаи амалии тамоми давлатҳои демократӣ мебошад. Пайдост, ки муаллиф ё муаллифон матлаби мазкурро сари эҳсосот иншо намудаву аксари маврид андешаҳоеро иброз намуданд, ки асоси воқеӣ, мантиқӣ ва қонунӣ надоранд.
Фаромӯш набояд кард, ки вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи намояндагони воситаҳои ахбори омма, ин расидан ба қадри озодии сухан, бидуни суистифода аз ошкорбаёнию озодандешист. Дар ин маврид бояд муқаррароти моддаи 6 - уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки роҳ надодан ба суистифода аз озодии сухан ва ҷавобгарии воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншавандаро пешбинӣ намудааст, риоя карда шавад. Дар ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз таъсису ташкили воситаҳои ахбори омма, тавассути воқеъбинона инъикос намудани фикру мулоҳизаҳои гуногун, мусоидат кардан ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният, ваҳдати миллӣ мебошад, на «кашф»-и журналистикаи муқовимат ва пинҳонкор…
Дар ин росто, ба маврид медонам аз мусоҳибаи собиқ сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд, ки аз нафарони саршиноси Амрико маҳсуб ёфта, дар вазифаҳои калидӣ фаъолият намудааст, ёдовар шавам. Номбурда дар посухи суоли журналист бобати он ки оё дар Тоҷикистон озодии сухан вуҷуд дорад, иброз дошта буд, ки «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии сухан бо тамоми паҳлуҳояш вуҷуд дорад ва ин омилро далелҳои зиёд тасдиқ менамоянд». Муътақидам, ки беҳтар аз ин суханони собиқ сафир, барои нафароне, ки дар кишвари мо «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» буда, демократияи Амрикоро орзу мекунанд, чизи дигаре наметавонад анҷомбахши матлаби мазкур бошад.
Расул ШЕРАЛИЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.02.2016    №: 25    Мутолиа карданд: 644

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед