logo

иқтисод

ХАДАМОТИ ГУМРУК: БУРД ВА БОХТ

Соли 2015 дар натиҷаи таъсири буҳрони молиявие, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ низ чандон чашмрас набуд.
- Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии кишвар 4 миллиарду 326 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2014-ум 943 миллион доллар ё ба қадри 17,9 дарсад коҳиш ёфтааст, - мегӯяд Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумрук. – Асосан, таъмин нашудани иҷрои нақшаи соли рафта, аз камии воридоту содироти молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт мебошад. Ҳамчунин, офатҳои зиёди табиат дар соли гузашта дар роҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсир расондааст. Аз ин рӯ, воридот 3 миллиарду 435 миллион доллар ва содирот 891миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2014 мутаносибан 863 ва 79 миллион доллар кам мебошад.
Дар коҳиш ёфтани ҳаҷми умумии воридот бештар ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ - 10,2, гандум - 7,1, гази моеъ 4,3, оксиди алюминий (глинозем) 3,9, чӯбу тахта 3,8 ва воситаҳои нақлиёти сабукрав 2,6 дарсад дида мешавад. Дар бобати содирот мавқеи асосиро алюминий ва маҳсулоти он 24,3, нахи пахта 16,2, маъданҳо ва консентратҳо 15,8 ва меваю сабзавот 3,6 дарсад ташкил додааст.
Ба гуфтаи Абдуфаттоҳи Ғоиб ҳаминро афзуданием, ки хадамот иҷрои нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби воридоти молу воситаҳои нақлиётро низ таъмин карда натавонистааст. Тибқи нақша дар соли гузашта мебоист 4 миллиарду 100 миллион сомонӣ ворид мекард, аммо дар асл, 3 миллиарду 617 миллион сомонӣ ҷамъ оварда, ба буҷети давлатӣ пардохтааст, ки аз нақша 483,4 миллион сомонӣ кам аст. Таҳлил ва муқоисаи маълумоти омории мақомоти гумрук дар самти гардиши тиҷорати хориҷӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ нишон дод, ки ба иҷро нашудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, асосан коҳишёбии воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт таъсир расондааст. Чунончи, дар соли 2015 нисбат ба соли пешин ба сарҳади гумрукии ҷумҳурӣ воридоти қатораҳо 10345 адад ва автомошинҳо 10152 адад кам шудааст.
- Дар баробари коҳиш ёфтани воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт, инчунин як қатор омилҳои дигар низ ба иҷро нагардидани нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ таъсири манфӣ расонданд, - афзуд Абдуфаттоҳи Ғоиб, ки инҳоянд: тағйирёбии нархи молу ашё дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ки манбаи асосии ҳисоб намудани маблағи пардохтҳои гумрукӣ мебошад; коҳиш ёфтани воридоти молҳое, ки истеҳсолашон дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст (семент, маҳсулоти кишоварзӣ, орд, макарон, маҳсулоти қаннодӣ, тухм ва гӯшти мурғ ва ғайра); ноустуворӣ ё ин ки лаппишҳои қурби асъори миллӣ нисбат ба дигар асъори хориҷӣ; тафовути калони меъёри андозбандӣ дар мамлакатҳои ҳамҷавор ва то ҳол шаффоф мондани сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва ғайра.
Новобаста аз омилҳои зикргардида Хадамоти гумрук баҳри иҷрои функсияи фискалии худ тамоми чораҳоро андешида, гарчанде аз уҳдаи иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ набаромада бошад ҳам, дар муқоиса бо дигар давлатҳои шарикони стратегии кишвар тавонист, ки сатҳи муайянро дар шароити душвори буҳрони молиявии иқтисодӣ нигоҳ дорад.
Аз ҷумла дар натиҷаи фаъол гардондани корҳои санҷишӣ ва назоратӣ баъди барасмиятдарории гумрукӣ, аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Хадамоти гумрук дар маҷмӯъ 913 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва 4970 ҳолати наситонидани маблағи фонди роҳ ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб 45935,5 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ муайян карда шуд.
Аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ бошад, 4938 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор шудааст, ки 36 ададаш ҷиноят буда, аз он 17 - то ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 8 - то гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 11 - то ба дигар ҷиноятҳои соҳаи фаъолияти гумрук марбут мебошад. Аз гардиши ғайриқонунӣ 150 кг 373,7 грамм моддаҳои нашъаовар гирифта шуд, ки аз ин миқдор 147 кг 215 грамм ҳашиш ва 3 кг 159 грамм героин мебошад. Инчунин, 33 тоннаву 360 кг прекурсорҳои навъи “кислотаи сулфат” боздошт карда шуд.
Ҳамчунин, Абдуфаттоҳи Ғоиб зикр кард, ки бозорҳои наздисарҳадии Ишкошим, Тем ва Дарвози ВМКБ фаъоланд, ки аз боҷи гумрукӣ озоданд. Ин ба мустаҳкам шудани робитаи ду кишвари ҳамҷавор мусоидат менамояд.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.02.2016    №: 25    Мутолиа карданд: 513

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед