logo

порлумон

ҚОНУНГУЗОРИИ ВАО ТАКМИЛ ЁФТ

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» баррасӣ гардид.

Орумбекзода Шамсиддин, вазири фарҳанг, зимни ташреҳи лоиҳа иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ вобаста ба пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ вазифаи ҳар як рӯзноманигор аз он иборат аст, ки бо донишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мусаллаҳ бошад. То битавонад ҳар як факту далелро бо дарки масъулияти миллӣ, аз нуқтаи назари таҳлилӣ амиқ, воқеъбинона, шаффоф дар заминаи ҳадафҳои рушди тафаккури солим дар қолаби хабару мақола, гузоришу мусоҳиба ва дигар жанрҳо ғунҷоиш диҳад, на балки ба муҳокимарониҳои ҳангомаҷӯёна, ғаразнок, суханони берабту маъниҳои аз ҳам гусаста, далелҳои бебунёд, таҳқир ва шикастани қолабҳои забони ноби тоҷикӣ, ки ин раванд мутаассифона, дар саҳифаҳои рӯзномаҳо ба мушоҳида мерасад, даст занад. Мавсуф таъкид кард, ки ҳадаф аз фаъолияти тамоми воситаҳои ахбори омма бояд як бошад: эҳтиром ва риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва табъу нашр, расидан ба қадру қимати озодии сухан, ки ба шарофати Истиқлолияти  давлатии ҷумҳурӣ  насибамон гаштааст.
Ба хотири имрӯзу фардои дурахшони Ватани азиз ва миллати сарбаландамон дар саҳифаҳои матбуот воқеъбинона, дурандешона, бе ҳадафҳои ғаразнок, ба қалам додани рӯйдодҳои ҷомеа ва дар ин замина саҳми арзанда гузоштан дар рушди ҷомеа бояд вазифаи меҳварии рӯзноманигор бошад.
Назар ба гуфтаи вазири фарҳанг, ҳадаф аз ворид намудани иловаҳо ба қонуни мазкур аввалан мутобиқ кардани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои ҳуқуқии маъмурӣ ва мурофиавии ҳуқуқӣ, пешгирӣ кардани ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунӣ, мусоидат кардан ба ҳифзу ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мебошад.
Мувофиқи лоиҳаи ворид намудани иловаҳо ба қонуни мазкур ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои аз тарафи воситаҳои ахбори омма риоя нагардидани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз ҷониби онҳо содир шудани амалҳое, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолифат мекунанд, мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба онҳо огоҳиномаи хаттӣ мефиристад ва муҳлати бартараф кардани онҳоро муқаррар менамояд. Дар сурати аз ҷониби воситаҳои ахбори омма риоя нагардидани муқаррароти қонунгузорӣ ва ё аз тарафи онҳо содир гардидани амалҳои ба мақсадҳои оинномавиашон мухолиф Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё прокурорҳои тобеи ӯ ба воситаҳои ахбори омма дар бораи бетаъхир бартараф намудани қонунвайронкуниҳо амри хаттӣ ва ба мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма хабар дода, муҳлати бартараф намудани онҳоро муқаррар менамояд. Агар дар муҳлати муайяншуда қонунвайронкуниҳо бартараф нашаванд, Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ӯ ё мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд ба суд бо аризаи даъвогӣ дар хусуси боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма муроҷиат намоянд. Дар ин маврид суд метавонад фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро ба муҳлати то се моҳ боздорад. Ҳамчунин зикр гардид, ки фаъолияти воситаҳои ахбори омма сарфи назар аз мавҷудияти баҳисобгирии давлатӣ бо ҳалномаи суд қатъ карда мешаванд. Воситаи ахбори оммаи фаъолияташ қатъкардашуда бо номи дигар сабт шуда наметавонад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.02.2016    №: 25    Мутолиа карданд: 8500
15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед