logo

фарҳанг

САҲИФАИ «ШОМИ ШАНБЕ»

Саъдии ШЕРОЗӢ
ПАНД

Ҳар он сирре, ки дорӣ, бо дӯст дар миён манеҳ, чӣ донӣ, ки вақте душман гардад ва ҳар газанде, ки  тавонӣ, ба душман марасон, ки бошад, ки вақте дӯст шавад!
Розе, ки ниҳон хоҳӣ, бо кас дар миён манеҳ ва агарчи дӯсти мухлис бошад, ки мар он дӯстро дӯстони мухлис бошанд, ҳамчунин мусалсал.
Хомӯшӣ беҳ, ки замири дили хеш
Бо касе гуфтану гуфтан, ки «Магӯй!»
Эй салим, об зи сарчашма бибанд,
Ки чу пур шуд, натавон бастан ҷӯй.

Сухане дар ниҳон набояд гуфт,
Ки бари анҷуман нашояд гуфт.

 

ЛУТФИ ЛАТИФ
Ҷавони ташнаи кор ба ташкилоти хориҷӣ барои суҳбат омад.
Аз ӯ пурсиданд: - Чанд забонро медонед?
- Се  забонро.
- Кадом забонҳоро? 
- Русӣ, англисӣ ва фаронсавӣ.
- Ягон чизе бо англисӣ гӯед?
- Gutten tag.
- Охир ин немисӣ ку! 
- Ин хел бошад, чор забонро, - худро бой надода, мегӯяд ҷавон.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

 

Карим ДАВЛАТ
«МАЙКА ДЛЯ ШАПКА»
Конференсияи ҳизбии ноҳиявӣ идома дошт. Баъди маърӯзаи котиби якуми кумитаи ҳизбӣ музокираҳо оғоз  ёфтанд. Навбат ба Абдӣ Авазов расид.
 Ба минбар  баромада, нав «рафиқон» гуфта буд, ки  намояндаи СК  эрод гирифт:
- Товариш делегат, шапку снимите!
Абдӣ Авазов хиҷолатомез телпакашро аз сар гирифт, вале арақчинаш дар сар монд.
- А это что? – ба арақчин ишора карда пурсид намояндаи СК.
Аз ишораи дар зал нишастагон фаҳмид, ки арақчинаш дар сараш мондааст. Арақчинашро гирифта:
- Это майка для шапка – ҷавоб дод Абдӣ Авазов ва  толор аз ханда ба ларза омад.

 

 

7 САБАҚИ ДЕЙЛ КАРНЕГӢ
(Идома)

6. КОРЕРО КУНЕД, КИ МАЪҚУЛ АСТ
«Одамон муваффақ намешаванд, то даме, ки аз фаъолияти худ лаззат набаранд».
Агар хоҳӣ, ки муваффақ бошӣ, барои пул кор накун. Пул барои бартараф сохтани монеаҳо дар роҳи расидан ба комёбӣ ҳама вақт ҳавасманд намекунад. Агар хоҳед, ки муваффақ бошед, ба коре даст занед, ки лаззат бахшад. Он гоҳ аз пешрафти худ ҳаловат хоҳед бурд.

7. ТАВАККАЛ КУНЕД
«Шахсе, ки тайёр аст аз дигарон пеш равад, чун қоида, нотарс ва далер аст».
Шумо бояд таваккал кунед. Барои ба даст овардани комёбӣ гоҳо таваккал намудан даркор, натарсед, ки чизеро аз даст хоҳед дод ё ба нокомӣ мувоҷеҳ мегардед.
Карнегӣ гуфтааст: «Ҳар яки мо дорои имконе ҳастем, ки дар борааш тасаввуроте надорем. Мо аз иҷрои коре баромада метавонем, ки ҳатто дар орзуяш нестем». Вале шумо ба иҷрои кор тасмим нагиред, ҳеҷ гоҳ аз қобилият ва имкониятҳои худ бохабар намешавед.
Ана ҳамин гуна тавсияҳо медиҳад адиби амрикоӣ. Бо чунин тадбирҳо мусаллаҳ шавед!  

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ 

 


ХОҶА ОБИ ГАРМ – МУЪҶИЗАИ ҲАШТУМИ ОЛАМ
Хоҷа Оби Гарм яке аз беҳтарин осоишгоҳ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки он дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин ягона осоишгоҳ дар дунёст, ки онҷо об ва буғи радонии табииро бе иловаҳои сунъӣ ҳамчун воситаи табобатӣ истифода мебаранд. Таъсири давогии буғ ва оби шифобахши нодири Хоҷа Оби Гарм аз замони кашф шуданаш то имрӯз диққати олимони тиб, муаррихон ва тамоми ниёзмандонро ба худ ҷалб намудааст.
Мувофиқи тадқиқотҳои илмӣ муайян гардидааст, ки буғи Хоҷа Оби Гарм 970С гармӣ дошта, дар таркиби он радон мавҷуд аст, ки мувофиқи омезиши ионӣ ба хлориди гидрокарбонат, омехтаи калсий бо натрий мансуб буда, дорои омехтаи сусти туршӣ мебошад.
Оби шифоии осоишгоҳ бошад, дар таркибаш азоту кремний, сулфат, гидрокарбонат, натрий ва калсий дошта, гармии он ба +65 – +960С баробар аст.
Шояд ҳамин таъсири муъҷизаофари ин неъматҳои табиияш бошад, ки бархе аз олимон онро муъҷизаи ҳаштуми олам унвон додаанд.
Дар бораи пайдоиш ва таъсири табобатии буғ ва оби шифобахши Хоҷа Оби Гарм дар маъхазҳои илмӣ зиёд гуфта шудааст. Аз ҷумла шайхурраис Абуалӣ ибни Сино дар рисолаи «Қонуни тиб», олими форсизабони ҳиндустонии асри XV Баҳва ибни Ҳавас дар китоби «Воситаҳои табобатию минералӣ», олими географи асри XIX-и рус Покатило дар рисолаи илмии худ ва даҳҳо олимони соҳаҳои гуногун дар ин хусус муфассал гуфтаанд.
Ҳарчанд ин буғи тафсону оби гарми шифобахш хеле барвақт ба мардуми Осиёи Миёна маълум буд, аммо аврупоиҳо дар охири асри XIX – ба шарофати географи рус, профессор В. К. Липиский огаҳӣ пайдо карданд. Айнан чунин обу буғ дар Фаронса ҳам мавҷуд будааст, вале он бо сабабҳои номаълум дар солҳои 20-уми асри гузашта мехушкад.
Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм соли 1935 бо ташаббуси нахустин раиси Ҳукумати шӯравии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур таъсис ёфтааст. Дар аввал осоишгоҳ аз чанд биноҳои хурд иборат буд. Аммо бо мурури замон, дар баробари сол то сол рушду нумӯ ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзеъ иморатҳои боҳашамату ҷавобгӯи талаботи замон бунёд гардидаанд.
Хоҷа Оби Гарм дар ҷойи хеле хушманзара воқеъ гардида, нимҷазираеро мемонад. Аз ду тарафи он дарёчаҳои шӯхи кӯҳӣ, ки онҳоро аҳолии таҳҷоӣ Оби Мазор ва Оби Каландӣ меноманд, ҷорӣ шуда, дар поён ба ҳам мепайванданд. Баъди пайвастшавии дарёчаҳо он номи оби Хоҷа Оби Гармро гирифта, бо ҷӯшу хурӯши зиёдтар ба рӯди шодоби Варзоб мерезад.
Биноҳои боҳашамати 8 ошёна, бо қуллаҳои барфпӯши бовиқору бошукӯҳи ин мавзеъ ҳамсон буда, ҳар бинандаро ба ҳайрат меоранд. Аслан, дар инҷо ҳама чиз чун муъҷиза ба назар мерасад. Ҳам буғи шифобахши беҳамтою ҳам оби шифои дорои чандин маъданҳо, ҳам қуллаҳои касногузар ва ҳам қасрҳои боҳашамати осоишгоҳ.

Орифи ШОҲ, «Ҷумҳурият»,
таҳия аз китоби «Хоҷа Оби Гарм»

 


Назари дигар
ОЛИМОН: ХОБИ КАМ БА МАРГ МЕРАСОНАД
Тадқиқотгарони Оксфорд барвақтхезии одамонро барои кор ё таҳсил мушкили ҷаҳонӣ номидаанд, ки саломатиро вайрон мекунад.
Бино ба бовари онҳо, рӯзи кории инсон бояд ба асосҳои биологиаш мутобиқат намояд, ки он ба рӯзи кории муқаррарӣ  рост намеояд, - иттилоъ додааст The Telegraph бо истинод ба натиҷаҳои тадқиқоти олимони британӣ.
Кор барвақтар аз соати 10 дар синни то 55 – сола хавфи бемориҳоро афзун месозад, ба стресс ва асабоният оварда мерасонад. Ғайр аз ин, самаранокии кор, рӯҳия ва ҳавсаларо паст месозад, - гуфтааст профессори Институти Оксфорд Паул Келли.
«Ба коргарон зарур нест, ки рӯзи худро субҳи барвақт оғоз намоянд. Аз ин сабаб, одамон ҳамеша хоболуданд. Ва ин далел ба организми инсон таъсири назаррас мерасонад, зеро ҳолатҳои ҷисмонӣ, эмотсионалӣ ва эмперикӣ бо ҳам алоқаманданд», - гуфтааст ӯ.
Тадқиқоти гурӯҳи олимони бритонӣ нишон дод, ки кӯдакони то 10 – сола то соати 830 бодиққат буда наметавонанд. Ба гуфтаи онҳо наврасони аз 16 – сола боло бояд аз соати 10 дарс омӯзанд ва донишҷӯён аз 11.
Олимон собит сохтаанд, ки хоби камтар аз шаш соат дар давоми ҳафта, ба 711 тағйироти ҷисмонӣ боис мегардад, аз ҷумла ба нуқси омили таъмини ирсият. Инчунин, хоби кам одамонро ба истеъмоли машрубот ва дигар моддаҳои зараровар водор месозад.

Аммо, хоби одамони шинохта ин тавр ҷараён мегирад
• «Хонуми оҳанин» Маргарет Тэтчер танҳо чор соат дар як ҳафта хоб мерафт, вале мунтазам вақти истироҳат ташкил мекард.
•  Наполеон Бонапарт ба суоли он ки одамон бояд чанд вақт хоб раванд, чунин посух медод: «Шаш соат барои мардон ва ҳафт соат барои занҳо кифоя, ҳашт соат ба аблаҳон».
• Президенти ИМА Барак Обама шаш соат дар як шабонарӯз мехобад.
• Миллиардер Доналд Трамп на беш аз чор соат дар як шабонарӯз хобиданро меписандад.
• Уинстон Черчилл дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон чор соат шабона ва ду соат баъди нисфирӯзӣ мехобид.
• Алберт Эйнштейн даҳ соат дар як шабонарӯз мехӯфт, инчунин, вақтҳои истироҳат ташкил мекард.
• Билл Гейтс дар як шабонарӯз танҳо ҳафт соат хоб меравад.
Тарҷумаи Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 


Ғоиб САФАРЗОДА
ГУФТАМ «БА ЧАШМ»
Тазмин бар ғазали Камоли Хуҷандӣ

Гуфт ёр: «Аз кӯчаи ишқам гузар».
Гуфтам: «Ба чашм»,
«Рӯзу шабҳо субҳи матлабро нигар».
Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар захми табар хурдӣ
Ба ҷисмат аз рақиб,
Ёди мо месоз з – ин ҳам бештар».
Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Пеши поят ар резанд дурри бебаҳо,
Соз қатъӣ аз нигоҳи он ҳазар».
Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Гар ҳастӣ харидори висолу ҳусни мо,
Рез дар роҳи вафо хуни ҷигар».
Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар дорӣ ту поси ишқи моро то абад,
Як даме марҳам мабош аз чашми тар».
Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Ғоиб, кашфи асрори маро дорӣ умед,
Чашми худ бо хуни дил кун тозатар».
Гуфтам: «Ба чашм».
Соли 1960

 


ҚУТБ - МИНОР - МАНОРАИ БАЛАНДТАРИНИ  ХИШТӢ
Ҳиндустон сарзамини тамаддунофар аст ва аҷиб нест, ки дар он ёдгориҳои зиёди таърихӣ қомат афрохтаанд. Яке аз ин ёдгориҳо Манораи Қутб - Минор мебошад, ки бо баландии 72,5 метр ва 379 зинаи худ  баландтарин манораи хиштии олам ба шумор меравад.
Ба сохтмони Қутб - Минор аввалин ҳокими мусалмонтабори Ҳинд Қутбуддин Айбак оғоз мебахшад. Боиси қайд аст, ки сабаби бунёди Қутб - Минор Манораи Ҷами Афғонистон буд. Қутбуддин чун аз зебоии Манораи Ҷам шефта гашт, қарор дод, ки манораи аз он ҳам зеботар бунёд намояд. Таҳкурсии Манораи Қутб - Минор соли 1193 гузошта шуд, вале бо сабабҳои гуногун сохтмони  он як муддат қатъ гардид. Баъдан, ҳангоми ҳукмронии вориси Қутбуддин - Илтутмиш, сохтмони Қутб - Минор идома ёфта,  соли 1368 сохтмонаш анҷом ёфт.
Манораи Қутб - Минор панҷқабата буда, дар ҳудуди масҷиди куҳантарини Ҳиндустон - Қувват-ул-ислом қомат афрохтааст. Дар сохтмони он аз регсанги сурх истифода бурда, қабати сеюмашро мармарӣ кардаанд. Замоне манора дорои гунбаз низ буд, вале бар асари заминларзаи соли 1803 он фурӯ рехт. Мутаассифона, гунбазро барқарор накарданд ва то ҳол гирду атрофи манора пур аз қисмҳои порашудаи он мебошад.
Қутри асоси манора 14, 3 метр буда, қисмати болои он бориктар мешавад. Аз ин рӯ, қутри қабати панҷум ҳамагӣ 2, 7 метрро ташкил медиҳад. Девори манора кандакорӣ шуда, бо ояҳои Қуръон оро ёфтааст.
Манораи Қутб - Минор дар шаҳри Деҳлӣ ҷой гирифта, аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун Мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф гаштааст.

Ш. ШОКИР, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ

 

САТРҲОИ ҶОЛИБ
Баъди ифтитоҳи роҳи оҳани Москва - Петербург (соли 1851), барои мардумро ҷалб намудан се рӯз рафту омади мусофирон ройгон буд. Чунки он вақт касе намехост дар ин аробаи даҳшатнок савор шавад.
* * *
 Шоҳзода  Чарлз вақте дар Кембриҷ таҳсил мекард, муҳофизаш ҳам дар дарсҳо иштирок менамуд. Ба муҳофиз иҷозати савол додану баҳс намуданро дода шуд. Охири соли хониш ҳангоми имтиҳонсупорӣ муҳофиз аз шоҳзода зиёдтар бал гирифт.

* * *
 Инсон 20-30 баробар аз гурба зиёд вазн дорад. Агар ба тарафи гурба попӯширо ҳаво диҳем, ин баробари ба тарафи инсон ҳаво додани курсӣ мебошад.
* * *
Дар Корея синну соли инсонро аз рӯзи дар батни модар пайдо шуданаш ҳисоб мекунанд.

Таҳияи Фирӯз НЕМОНОВ, «Ҷумҳурият»

 

МИКРОБҲОИ ПУЛИ КОҒАЗӢ
Олимони Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир барои муайян намудани миқдори микробҳо асъори мамолики Аврупоро мавриди таҳлилу санҷиш қарор доданд. Дар натиҷа маълум гашт, ки дар пулҳои  коғазии аврупоӣ ба ҳисоби миёна беш аз 26000 бактерия  мавҷуд будааст…
Кронаи Дания аз ҳама зиёд, тақрибан 40 000 бактерия доштааст. Франки  Швейтсария   ва рубли Федератсияи Русия мутаносибан дорои 32 000 ва 30 000 бактерия будаанд.
Пулҳои коғазии аз ҳама кам бактериядошта евро (11,7 ҳазор) ва фунт – стерлинги бритонӣ (18 000) маҳсуб ёфтаанд.
Сабаби асосии кам будани микробҳо дар евро он аст, ки ҳини истеҳсол онро бо моддаи махсуси кимиёвӣ коркард менамоянд. Моддаи мазкур ба зиёдшавии микробҳо имкон  намедодааст.
100 юани чинӣ пули аз ҳама сербактерия ба шумор рафта, дар он ба ҳисоби миёна беш аз 180 000 бактерия муайян гаштааст.
Тарҷумаи Умар АЛӢ аз русӣ

 


БОҒЧА БАРОИ МАРДҲО
Дар шаҳри Гамбурги Олмон дар яке аз калонтарин марказҳои савдо «Боғча барои мардҳо» амал мекунад. Ин боғча аслан барои онҳоест, ки тоқати бо ҳамсарашон дар мағоза гаштанро надоранд. Ва ҳам барои бонувонест, ки шавҳаронашон ҳангоми харид ба онҳо халал мерасонанд. Бинобар ин, зан метавонад шавҳари худро ба ивази 10 евро дар боғча гузорад.
Зиёфати асосӣ қадаҳи калони пиво буда, баъдан ҳар гуна бозиҳои шавқовар ва тамошои телевизор мебошад.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»

 

АМАЗОНКАҲО БУДАНД Ё НАБУДАНД?
Аз ривоятҳо ва осори муаллифони давраи қадим дар бораи қабилаҳои занони ҷанговар, ки бо қоидаҳои модаршоҳӣ мезистанд, маълумоти зиёде ҳаст.
Амазонкаҳо - саворазанон - ҷанговаронеанд, ки то имрӯз дар хусуси воқеан арзи ҳастӣ доштани онҳо дар байни пажӯҳишгарон бисёр баҳсҳоро ба миён овардаанд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ бошанд, барои андеша рондан дар ин бобат ғизои нав медиҳанд.
Ҳанӯз дар соли 1928 олимони шӯравӣ ҳангоми ҳафриёт дар харобаҳои Земоахвалаи соҳили баҳри Сиёҳ кашфиёте намуданд, ки дар байни бостоншиносон ғулғулае афканд. Онҳо қабрҳои давраҳои хеле қадимро ёфтанд. Дар яке аз онҳо устухонҳои шахсе мехобид бо тамоми сарулибоси ҷангӣ, дар бараш табари дудама низ меистод. Аз зиреҳҳо маълум мешуданд, ки ӯ дар зиндагиаш соҳиби мақоми олӣ будааст. Аммо баъди омӯзиши дақиқ ошкор гашт, ки скелет ба зан тааллуқ доштааст.
Кӣ будааст вай? Шоҳи амазонкаҳо?
Дар соли 1971, ин дафъа дар Украина, қабрҳои занҳои ба таври шоҳона гӯршуда ёфт шуд. Дар гӯр устухони паҳлавонзане бо тамоми лавозимоти ҷангӣ ва зару зевар пайдо гардид. Дар бараш скелети духтараке низ буд. Яроқҳо ва скелети ду мард низ буданд. Шояд маликаи амазонкаҳо ин ҷо ба хоби абад рафта буду ба шарафаш ду ғуломро кушта буданд?
Солҳои 1993 – 1997 ҳангоми ҳафриёт дар мазори қадимаи маҳаллаи Покровкаи Қазоқистон гӯри ду «ҷанговарзан» пайдо гашт. Дар бари устухонҳо шамшер, тиру пайконҳо низ буданд. Таърихи қабр ба дуним ҳазор сол мерасид. Амазонкаҳоро дар Ҳиндустон, Малайзия ва соҳилҳои баҳри Балтик низ пайдо намудаанд. Ва ба наздикӣ олимони англис исбот карданд, ки амазонкаҳо дар ҳайати артиши римиҳо дар қаламрави имрӯзаи Британияи Кабир низ ҷангидаанд. Боқимондаҳои ҷасади ду амазонкаро дар Бруме, дар мулки графии Камбрия дарёфтанд.
Чунин мепиндоранд, ки занҳо ба ин ҷо аз соҳилҳои дарёи Дунай, аз минтақаи Аврупои Шарқӣ, макони воқеии бонувони ҷанговари даҳшатафкан, омада будаанд. Ба ақидаи олимон амазонкаҳо дар қаламрави имрӯзаи Австрия, Венгрия ва собиқ Югославия зистаанд. Таърихдон Ҳеродот гуфтааст, ки амазонкаҳо аз кӯҳҳои Қафқоз фуромада, ба  ҷанги Троя пайвастаанд ва маънои «амазонка» аз «а» ва «мазон», яъне «бе сина» пайдо шудааст. Ривоятҳои қадимаи скифҳо чунин меоранд, ки скифҳо бо ҳамроҳии амазонкаҳо бар зидди шоҳи Форс Доро ҷангидаанд ва баъдтар аз издивоҷи байни онҳо қабилаи сарматҳо пайдо гаштааст. Дар вақташ Колумб низ дар соҳили ҷазирае занони зиёди мусаллаҳро дида, он ҷойро ҷазираҳои Виргин номида буд, ки маънояш «ҷазираҳои занон» мебошад. Яке аз истилогарони қитъаи Амрико  Франсиско де Орелян дарёи бузургеро кашф намуд ва онро аз ҷойи паҳнотаринаш убур кард ва бо бисёр дастаҳои занони силоҳбадаст рӯ ба рӯ омада ҷангид ва дарёро ба шарафи онҳо Амазонка ном ниҳод.   

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ


ДУНЁИ ВАРЗИШ
Гаронтарин корти бейсбол
Таври маълум нархи ашёи нодир ниҳоят гарон аст. Кортҳои бейсбол низ аз ин ҷумлаанд. Масалан, арзиши корт бо акси бейсболбоз ва навиштаҷоти Т 206 Honus Vagner аз гаронтарин ба ҳисоб меравад. Алҳол нархи он ба 2,8 миллион  доллари ИМА баробар аст. Чаро нархи чунин кортҳо ин қадар гаронанд? Чунки онҳоро дар аввалҳои асри ХХ, замоне ки Ҳонус Вагнер бар зидди сигоркашӣ мубориза мебурд, интишор намудаанд. Пас аз гузашти солҳои тӯлонӣ аз ин кортҳо ҳамагӣ 57 нусха боқӣ мондаасту халос.

Сарватмандтарин варзишгар дар таърих
Тибқи иттилои рӯзномаи лондонии «Дейли телеграф» Питер Страк, профессори Донишгоҳи Чикаго, ҳангоми мутолиа ва таҳқиқ варзишгари сарватмандтаринро дар таърих муайян намуд. Ӯ Гай Аппулей Диокл мебошад, ки дар Руми Қадим, дар асри дуи пеш аз милод, зиндагӣ кардааст. Гай бо варзиши дар он замон маъруф – пойгаи аробаи дучарха машғул буд. Тибқи ҳисобҳои Питер Страк агар маблағи бадастовардаи Гай Аппулей Диоклро ба асъори ҳозира баргардонем он 15 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Деҳаи бодибилдерҳо
Дар яке аз қисматҳои шаҳри Деҳлии Нави Ҳиндустон деҳаи ғайриодие мавҷуд аст, ки хонаҳои пойтахт, идораҳо ва клубҳои дилхушии шабонаро бо посбонҳо таъмин менамояд. Ин деҳа Асола – Фотеҳпур Бери буда, онро чун «Пойтахти бодибилдерҳои ҳиндӣ» ва « Фабрикаи муштзӯрҳо» низ ном мебаранд.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.02.2016    №: 26    Мутолиа карданд: 759

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед