logo

сиёсат

МАРЗБОНОНИ ТОҶИК БА САВГАНДИ ҲАРБӢ СОДИҚ ХОҲАНД БУД

Раҷабалӣ РАҲМОНАЛӢ,
муовини аввали раиси КДАМ - и Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ,
генерал-лейтенант


Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссалаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари дигар соҳаҳо фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва  сохторҳои низомӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Дар ин робита, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат доир ба пешгирии хатару таҳдидҳои террористиву экстремистии ҷаҳони муосир дар назди хизматчиёни ҳарбӣ вазифаҳои нав гузоштанд. Аз ин рӯ, роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ бояд дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматиашон доимо ҳушёру зирак бошанд, барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ,  ҳифзи  суботу оромии ҷомеа талош намуда, бар зидди таҳдиду  хатарҳои муосир - терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, гурӯҳҳои ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили  фаромарзӣ қотеона мубориза баранд. Зеро дар Паём ҷойгоҳ ва мавқею манзалати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва дар маҷмӯъ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои  Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амният ва ҳифзи марзу буми кишвар муҳим арзёбӣ гардид.
Сарвари давлат бо таваҷҷуҳ ба он ки аз соли 1994 инҷониб мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Тоҷикистон беш аз 113 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 34 тонна маводи сахттаъсири героинро мусодира намудаанд, аз фаъолияти низомиёни кишвар дар ин самт изҳори қаноат карданд. Ин бовару самимияти Сарфармондеҳи  Олии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон водор месозад, ки тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба дар иҷрои вазифаҳои низомии хеш боз ҳам масъулиятноктар бошанд.
Чуноне ки Пешвои миллат қайд карданд: «Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад».
Дар раванди таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва марзу буми кишвари азизамон саҳми марзбонони тоҷик хело назаррас мебошад. Бояд қайд кард, ки дар баробари дигар сохторҳои мақомотҳои қудратӣ ҳимоятгарони марзу буми кишвар саъй доранд, оромии мардумро таъмин намуда, ҳамагуна кӯшишҳои марзшикании ғайриқонуниро ҷилавгирӣ кунанд.
Марзбонон суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат - «Сарҳад яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва ҳимояи он қарзи шаҳрвандӣ ва фарзандии ҳар як фарди кишвар аст» - ро шиори худ қарор дода, имрӯзҳо бо дарки баланди ватанпарастӣ хизмати худро софдилона адо менамоянд.
Фаъолияти ҳамешагии Қӯшунҳои сарҳадӣ зери таваҷҷуҳи доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта,  шароити хизматӣ ва маданию маишии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ - и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор гирифтааст. Аз ҷониби Сарвари давлат ҳамеша ин нукта таъкид мегардад, ки омодагии баланди ҷангӣ, обу тоби ҷисмониву маънавии сарбозону афсарон дар қисму воҳидҳои низомӣ, таълиму тарбияи онҳо дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулон қарор дода шавад.
Ҳодисаву воқеаҳои сиёсии марбут ба терроризму ифротгароӣ, ки соли 2015 дар дохилу хориҷи мамлакат ба вуқӯъ пайвастанд, бори дигар мо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Муссалаҳ, бахусус марзбонони шуҷои Ватанро водор месозад, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз донишу малакаи баланди касбии хеш амну суботро дар сарҳад ва осоиштагии комилро дар тамомияти  арзии  Тоҷикистон  ҳифз  намоем. Дар ҳамин ҳол, Пешвои миллат дар Паём таъкид карданд, ки “авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва зарурати таъмини амнияту суботи кишвар, баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва маблағгузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангии онҳо тақозо менамояд”.
Вобаста ба талошу заҳматҳо ва таваҷҷуҳи доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони дигар мақомоти қудратӣ, мо - муҳофизони Ватан ваъда медиҳем, ки дар доираи иҷрои савганди ҳарбӣ ба халқу Ватан содиқ монда, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини ҳуқуқу тартибот дар ҷомеа, муҳофизати ҳар як ваҷаб хоки ин сарзамин ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакатро кафолат медиҳем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.02.2016    №: 26    Мутолиа карданд: 313

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед