logo

ҳуқуқ

ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ ОМИЛИ МУҲИМИ ТАҚВИЯТИ ЭЪТИМОДИ МАРДУМ

Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки намояндагони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ мизи мудаввар оид ба ислоҳоти милитсия баргузор гардид.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, зикр кард, ки дигаргуниҳо дар самти мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ зарурияти ислоҳот ва рушди милитсияро ба миён овард. Бо мақсади ислоҳоти милитсия ҳанӯз соли 2011 Президенти кишвар дастур дода буданд, ки санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ таҳия карда шаванд.
То имрӯз бо мақсади амалисозии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти милитсия як қатор тадбирҳо андешида шуданд. Айни замон, таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» идома дорад ва  моҳи марти соли ҷорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад. Ҳамчунин Кодекси этикаи корманди политсия ва дигар санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ таҳия шудаанд. Дар доираи ислоҳоти милитсия маркази тестӣ таъсис дода шуд, ки кормандон ҳангоми аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаштан, ба кор қабул шудан, гирифтани рутбаҳои низомӣ ва пешниҳод ба мукофотҳои давлатӣ аз санҷиш мегузаранд. Дар назди вазорат Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия таъсис дода шуд, ки дар тамоми ҷумҳурӣ фаъолият дорад.
Вазири корҳои дохилӣ ёдовар шуд, ки дар шаҳри Душанбе низоми худкори идоракунӣ дар самти назорат дар роҳ Барномаи «Шаҳри бехатар» амалӣ карда шуд, ки танҳо дар соли гузашта аз ҷониби ин марказ 400 ҳазор қоидавайронкуниҳо ба қайд гирифта шуда, 150 ҷиноят ошкор гардидааст.
Дар ин ҳамоиш Маркус Мюллер, роҳбари Бюрои Дафтари САҲА дар Тоҷикистон,  доир ба ҳамкориҳои дафтари мазкур бо мақомоти корҳои дохилӣ дар самти ислоҳоти милитсия иброз дошт, ки барномаи мазкур ба рушди фаъолияти милитсия дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард, ки аз се принсипи асосӣ иборат мебошад: ҳисоботдиҳӣ, мувофиқат ва тамоюл ба ҷомеа. Натиҷаи амалисозии он таъсиси модели нави политсияи Тоҷикистон хоҳад буд, ки ба таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо  равона карда шудааст.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.02.2016    №: 26    Мутолиа карданд: 655
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед