logo

иқтисод

РОҲБАРОН ҶАЗО ГИРИФТАНД

БОЗ ДАР БОРАИ МУШКИЛОТИ БОЗОР

Дар шароити имрӯза тарзи корбурди тамоми нуқтаҳои савдо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар асоси қонуну қоидаҳои муқарраргардида роҳандозӣ шуда, талаботи умумии қоидаҳои фаъолияти нуқтаҳои савдо, қабул, нигаҳдошт ва ба фурӯш баровардани молу маҳсулот, ҳамчунин муомилаю муносибат бо мизоҷон, риояи талаботи санитарӣ, тарзи нархгузорӣ, назорати ҳатмӣ ба кори нуқтаҳои савдо, вазифаю уҳдадориҳои асосии роҳбарон ва масъулони бозорҳо мебошанд. Вобаста ба ин, вазифаи асосии нуқтаҳои савдо, пеш аз ҳама, қонеъ намудани талаботи истеъмолкунандагон бо молу маҳсулоти ба меъёрҳои муқарраргардида ҷавобгӯст, ки аз кормандону фурӯшандагон маданияти баланди хизматрасониро пайваста тақозо менамояд. Зеро бозорро оинаи шаҳр меноманд ва  бозорҳо  инчунин макони фазл, ва ҷойи баланд бардоштани сатҳи тарбияи маънавӣ низ ба шумор мераванд.

Айни ҳол дар ҳудуди ҷумҳурӣ 264 бозори доимӣ ва яквақта фаъолият дорад. Масъалаи танзими фаъолияти бозор яке аз вазифаҳои ҷиддӣ мебошад, ки аз масъулони дахлдор пайваста назоратро талаб менамояд.
Мутаассифона, ҳанӯз дар бозорҳои мамлакат камбудиҳои ҷиддие ҷой доранд, ки  ба обрӯи байналмилалии тоҷикон ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддунофар латма мезананд.
 Назрулло Шарифзода, сардори нозироти савдои Агентии Тоҷикстандарт, доир ба бемасъулиятӣ ва қонуншикании бархе аз мутасаддиён чунин иброз дошт:
- Дар фаъолияти нозироти савдо дар қатори корҳои анҷомдодашуда масъалаҳои ҳалталаб бисёранд. Яке аз масъалаҳои асосӣ бо либоси корӣ таъмин намудани фурӯшандагон мебошад. Гарчанде  дар бозорҳо нозирон бо муттасаддиён кор бурда истодаанд, мутаассифона, масъала ҳанӯз пурра ҳалли худро наёфтааст.
Вобаста ба ин масъала ва ҷиҳати ба низом даровардани воситаҳои ченак, қоидаҳои савдо ва амалӣ намудани мониторинги мунтазами нарх дар бозорҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ дар асоси фармони директори агентӣ санҷиш ва мониторинг гузаронда шуд. Дар натиҷа чунин камбудиҳо, аз қабили  савдо дар ҷойҳои муқаррарнашуда, либоси корӣ ва нишони сарисинагӣ надоштани аксарияти фурӯшандагон, начаспондани нархномаҳо дар маҳсулот, риоя нагардидани ҳамсоягии молҳо, низоми фурӯш ва нигоҳдории маҳсулоти тезвайроншаванда, набудани тарозуи назоратӣ барои истеъмолкунандагон ошкор карда шуданд.
Санҷишҳо нишон доданд, ки дар ҳамаи бозорҳои хӯрокворӣ, хусусан, бозорҳои шахсӣ камбудиҳои зиёд бисёранд. Дар баъзе ҳолатҳо маҳсулоти фурӯхташаванда ягон ҳуҷҷати танзимӣ надоранд, як қисм кормандон аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд, дӯконҳо барои фурӯши маҳсулоти тезвайроншаванда бо таҷҳизоти технологӣ таъмин нестанд.
Дар баробари ин, мутасаддиён ва роҳбарони бозорҳо дар иҷрои амрияҳои додашуда саҳлангорӣ  мекунанд. Ҳоло ҳам фурӯшандаҳо дар даромадгоҳҳо, роҳравҳои бозор ва ҷойҳое, ки савдо муқаррар нашудаанд, савдо мекунанд. Ҳолатҳое вомехӯранд, ки  маҳсулоти тезвайроншаванда бе таҷҳизоти хунуккунанда ба фурӯш бароварда мешавад.
Роҳбарон, мутасаддиён, назоратчиёни бозорҳо, аз ҷумла, роҳбарони бозорҳои ҶДММ «Гулистон», ҶДММ «Ҳоҷӣ Абдулазиз» ва ҶДММ «Фартуна» - и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Ҳоҷӣ Сангак» - и ноҳияи Шаҳритуз, «Бозори Ҳамадонӣ» - и ноҳияи Ҳамадонӣ, бозорҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Ашт ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Дар кори савдо вобаста ба талаботи замон ҳамарӯза дигаргунӣ ва пешравӣ ба мушоҳида мерасад. Ин навгониҳо аз кормандону фурӯшандагон ва муассисону тоҷирон сатҳи баланди хизматгузорӣ, аз қабили дараҷаи баланди касбӣ, ахлоқи ҳамидаву намунавӣ, табъу завқи хосаи фурӯшандагӣ, муомилаву гуфтори писандида, забондонӣ, хулқу атвори неку донишу маданияти баланд, ҷаҳонбинии фарох, нуктасанҷӣ ва талаботи дигари заруриро тақозо менамоянд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.02.2016    №: 27    Мутолиа карданд: 311

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед