logo

иқтисод

ЗАРГАРӢ. ТАТБИҚИ ЯК БАРНОМА ҲАНӮЗ КОФӢ НЕСТ

Татбиқи «Барномаи рушди заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009 - 2015» ба анҷом расид. Гулрӯ Ҷабборзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикисон, натиҷаҳои татбиқи барномаро ба хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин шарҳ дод:

- Мақсад аз роҳандозии барнома таъмин ва фароҳам овардани шароити мусоид барои васеъ истифода бурдани санг ва металлҳои қиматбаҳо ба сифати манбаи воридоти асъор ба буҷети ҷумҳурӣ, ҳамчунин таъмини рушди неруҳои истеҳсолӣ - иқтисодии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва дар ин замина паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Барои рушди соҳаи заргарӣ ва дастгирии давлатии корхонаҳои ватанӣ ба роҳ мондани механизми самараноки истихроҷ, коркард, истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва фурӯши он зарур аст. Аз ин рӯ, тибқи барнома корхонаҳои собиқ барқарор ва корхонаҳои нав бояд таъсис дода мешуданд. Ҳаҷми хариди тилло ва нуқра зиёд мегардид.
То қабули барнома дар кишвар 7 корхонаи заргарӣ ва коркарди санг фаъолият доштанд ва тибқи он то соли 2015 таъсиси 10 адад чунин корхонаҳо пешбинӣ шуда буд. Дар раванди амалисозии барнома бо дастгирии Корхонаи воҳиди давлатии «Ҷамаст» 4 корхонаи ватанӣ, корхонаҳои «Анори Дарвоз» (ноҳияи Дарвоз), КФ «Фароғат» (шаҳри Хоруғ), ҶСК «Равшан» (шаҳри Хуҷанд) ва ҶДММ «Майрамбибӣ» (шаҳри Қӯрғонтеппа) таъсис ёфтанд. Ҳамзамон 5 корхонаи нави заргарӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, ба мисли КФ «Анҷин» (ноҳияи Роштқалъа), КФ «Асрори санг», ҶДММ «Қиматбаҳо», ҶДММ «Ақиқа» ва ҶДММ «Тоҷиккристалл» (шаҳри Душанбе) ба кор оғоз карданд.
Азбаски КВД «Ҷамаст» дар раванди амалисозии барнома дар таъсиси корхонаҳои заргарӣ нақши созанда гузошт, аз буҷети ҷумҳурӣ соли 2010 барои корҳои иктишофӣ - геологӣ ба корхона 400 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, аммо солҳои минбаъда маблағгузорӣ манъ гардид.
Ба гуфтаи Гулрӯ Ҷабборзода, яке аз сабабҳои қатъи маблағгузорӣ дар назди Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсиси корхонаи дигари ҷустуҷӯӣ бо номи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Экспедитсияи иктишофию геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ» мебошад. Пас аз таъсиси корхонаи мазкур, аз соли 2011 маблағҳои буҷетие, ки тибқи барнома барои корҳои иктишофӣ - геологӣ барои КВД «Ҷамаст» пешбинӣ шуда буданд, минбаъд ҷудо нагардиданд, ки ин ба татбиқи барнома таъсири манфӣ расонд.
Сарфи назар аз ин, бо бурдани корҳои ҷустуҷӯӣ ва иктишофӣ - геологӣ аз тарафи КВД «Ҷамаст» сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, аз қабили лаъли асил, лоҷвард, клиногумит ва рухом истихроҷ ва захираи кони «Снежное» - и ноҳияи Мурғоб пурра ҳисобӣ шуда, ёқути заргарӣ дар ҳаҷми - 1 836 462 карат воҳиди ченак зиёд гардид, дар нишебии қаторкӯҳҳои Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якчанд макони ёқут ёфт шуд. Аз ҷониби корхона дар ҳаҷми 40 адад сабиқа аз тилло, 116 адад нуқра истеҳсол гардид. Дар маҷмӯъ, соли 2009 ба маблағи 2,2 миллион сомонӣ баробар ба 96 дарсади барнома маҳсулоти заргарӣ ва сангҳои қиматбаҳо истеҳсол шуд. Аммо дар рафти татбиқи барнома (солҳои 2010 – 2015) аз ҷониби корхонаҳои заргарӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ нақшаи хариди тиллою нуқра пурра таъмин нашуд. Сабаби кам харид шудани тилло ин арзон будани маҳсулоти аз хориҷа воридшуда мебошад. Алъон дар ҳудуди ҷумҳурӣ корхонаҳои «Рухом», «Асрори санг», «Қиматбаҳо», «Тоҷиккристалл», «Ақиқа», «Зари Кӯлоб», «Заргарӣ», «Майрамбибӣ» ва «Равшан» бо истифода аз сангҳои ороишӣ фаъолияташонро хуб ба роҳ мондаанд, мутахассисони касбӣ бозори саноати кӯҳиро аз худ кардаанд ва шароити хуби таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯён фароҳам аст.
Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳсулоти заргарии воридшуда бояд бо андози аксизӣ ворид гардад. Вале, ба таври қоҷоқ ва бо сарфи назар кардан аз пардохтҳои андози аксизӣ ворид намудани маҳсулоти заргарӣ аз хориҷи кишвар ва ба фурӯш баровардани онҳо ба бозори дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад, ки дар натиҷа корхонаҳои заргарии ватанӣ бо маҳсулоти пастсифату арзони хориҷӣ рақобат карда наметавонанд. 
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷиҳати рушди соҳаи заргарӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, вазорат андешидани чораҳои зеринро зарур мешуморад: бо меъёри сифр муайян намудани андози аксизӣ барои маҳсулоти заргарии истеҳсоли ватанӣ, аз андози арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод намудани таҷҳизоти соҳаи заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, баланд бардоштани боҷи гумрукӣ барои маҳсулоти заргарии воридотӣ, пешгирӣ намудани воридоти ғайриқонунии маҳсулоти заргарӣ ба ҷумҳурӣ, содагардонии гирифтани иҷозатнома барои истихроҷи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ дар конҳои хурд. Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад мешуморад, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳангоми таҳияи нақшаи чорабиниҳои барномаҳои рушди соҳаҳои саноат тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта пешбинӣ намояд.

Оҳистамоҳ ГУЛБЕРДИЕВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.02.2016    №: 27    Мутолиа карданд: 678

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед