logo

иқтисод

СУҒД. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ ДУ МАРОТИБА АФЗУН ХОҲАД ШУД

Бо итминони комил метавон гуфт, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саноатикунонии иқтисодиёти кишвар, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазиру содиротӣ ва воридотивазкунанда, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат миёни аҳолӣ, аз ҷумла байни кормандони саноати вилояти Суғд, ҳамовозии амиқ пайдо намуд.
Бо ин мақсад интизор меравад, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии вилоят дар охири соли 2016 ба 5,8 млрд сомонӣ баробар гардад ва кормандони соҳаи вилоят бо сарбаландӣ аз иҷрои уҳдадориҳои худ ҷиҳати то 1 январи соли 2017 нисбат ба соли 2013, яъне дар зарфи 3 сол ду маротиба зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят муваффақ шаванд.
Ҳамчунин, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон ҷиҳати таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ тақвият ёфта, то охири соли равон боз 98 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 3,9 ҳазор ҷойи корӣ ба истифода дода мешавад.
Бояд қайд кард, ки айни замон дар вилоят бунёди як қатор корхонаҳои калон, аз ҷумла сохтмони корхонаи сементбарории “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 1000 ҷойи корӣ ва истеҳсоли 1 миллион тонна семент дар як сол, комбинати металлургӣ бо иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ бо 1300 ҷойи корӣ, ҶДММ "Нуқрафом" дар шаҳри Истиқлол, корхонаи коркарди нафти “Нафтрасон” дар шаҳри Конибодом бо иқтидори коркарди 70 ҳазор тонна нафт дар як сол, бо маром идома доранд, ки онҳо ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ мусоидат менамоянд ва маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол мешавад.
Боиси қаноатмандист, ки имрӯзҳо дар вилоят як қатор тадбирҳои самарабахш бобати дастгириву ҳавасмандгардонии ташаббусҳо роҷеъ ба ташкили истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда амалӣ шуда истодаанд, ки онҳо дар навбати худ ба рушди минбаъдаи дигар соҳаҳо таконбахш шуда метавонанд.
Ҳамчунин, дар вилоят силсилаи тадбирҳо оид ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бо роҳи таъсиси марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ андешида шуда истодаанд, ки бешубҳа барои муътадилгардонии вазъи бозори меҳнат мусоидат менамояд.
Бояд илова намуд, ки дар ин самт дар вилоят аллакай 146 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ таъсис шуда, бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ва ин иқдом соли 2016 низ идома ёфта, илова бар ин аз буҷети вилоятӣ грантҳои бебозгашт барои занҳо пешбинӣ шудааст.

Заробиддин ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
муовини раиси вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.02.2016    №: 27    Мутолиа карданд: 402

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед