logo

фарҳанг

САҲЛАНГОРӢ ҲАД ДОШТАГИСТ

Фарзандам, ки дар синфи 10- и мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ мехонад, аз ман пурсид: «Ҳубосо» чӣ маъно дорад?». Бе ин ки бияндешам, ба ӯ посух додам: «Маънои ҳуббулватан» - ро медонӣ. «Ҳуб», яъне дӯстдорӣ. «Вале дар байте, ки бояд онро азёд бикунам, ин маъноро намедиҳад», - гуфт ӯ ва китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» -ро (муаллифон Урватулло Тоиров, Мирзо Солеҳов, Раҷаб Шарифов, дар КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе соли 2014 бо теъдоди 39000 нусха ба табъ расидааст) дар наздам гузошт. Дар саҳифаи 175 –и он ин байти ғазали Мирзосодиқи Муншӣ омадааст:
Дар ин дарё гуҳар шав, қатрае гар обрӯ дорӣ,
Ҳубосо чун сари холӣ чӣ лозим бар ҳаво кардан.
«Осо» -ву «чун» як маъноро доранд. Масалан, «биҳиштосо»-ву «чун биҳишт». Андешидам, ки ин ғалат чӣ гуна ба ин байти шоири классик роҳ ёфтааст. Ин дар сурате аст, ки мисраъ аз лиҳози вазн дуруст мебошад, аммо маъно надорад. Ҳеҷ классик ду адоти ташбеҳро («осо» ва «чун» -ро)  пайи ҳам, ки маъноро халалдор бикунад, намеорад.
Асли мисраъ бояд чунин бошад: «Ҳубобосо сари холӣ чӣ лозим бар ҳаво кардан». Яъне мисли ҳубоби дарё набояд ки сари холиро бар ҳаво баланд бикунӣ.
Азбаски дар навиштан «об» аз «ҳубобосо» афтидааст, муаллифон андешиданд, ки агар «чун» илова гардад, вазн дуруст мешавад. Ҳамин тавр, маъноро қурбони вазн карданд. Аммо наяндешиданд, ки хонандагону омӯзгорон ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Дақиқтараш дар ҳамин шакл онро азёд мекунанд.
Вақте ба фарзандам ин ғалатро ошкор намудаму маънои байтро гуфтам, ризо нашуд. Гуфт, ки «дар китоб, китоби дарсӣ хато роҳ намеёбад. Агар ҳам хато мебуд, омӯзгорамон онро медид ва дастур медод, ки дар шакли дурусташ байтро азёд бикунем». Кош ин гуфтаҳои ӯ ҳақиқат медошт ва ё муаллифони китобу масъулони нашр мефаҳмиданд, ки ба онҳо чӣ гуна эътиқодҳо қавӣ аст. Чун китобро варақ задам, дар саҳифаи 170 - и он боз як байти ғалат ба чашм расид:
Рамзошнои маънӣ ҳар хирасар набошад,
Табъа салими фазлат ирси падар набошад.
Маҳол аст, ки хонандаву омӯзгор маънои мисраи дуюмро бифаҳмад.
Шакли дурусти он аз рӯи мантиқ бояд чунин бошад:
Табъи салим фазл аст, ирси падар набошад.
Пайгирӣ кардам ва ин байтро дар ҳамин шакли дурусташ дар саҳифаи 140 пайдо кардам.
Чунин ғалат дар саҳифаи 182 низ роҳ ёфтааст:
Маънии баланди ман фаҳми кунд мехоҳад,
Сайри фикрам осон нест, кӯҳаму кӯтал дорам.
Ин байт дар шакли дурусташ дар саҳифаи 162 омадааст, ки дар он ҷо ба ҷойи калимаи «кунд» «тунд» мебошад.
Мутаассифона, дар бисёре аз китобҳои дарсӣ чунин хатоҳо роҳ ёфтаанд, ки ислоҳи саривақтии он бисёр зарур мебошад. Ҳамзамон бояд таъкид бикунам, ки саҳлангорӣ ҳам ҳад доштагист.

А. МАНАИМОВ, ш. Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2016    №: 28    Мутолиа карданд: 677

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед