logo

иқтисод

ҶАЛБИ САРМОЯИ ХОРИҶӢ

Он барои рушд ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ нақши бесобиқа дорад

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ барои ҳарчи бештар ҷалб намудани сармоягузории мустақими хориҷӣ, ҳамоҳангсозии ёрии беруна, суръат  бахшидан ба ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодаи пурсамари моликияти давлатӣ ва ҳамчунин дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.
- Мо кори худро дар самти беҳтар гардондани фазои сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ва созишномаҳои  сармоягузорӣ, ҳамоҳангсозии ёрии беруна ва мониторинги лоиҳаҳои  сармоягузории давлатӣ ба роҳ мондаем, - мегӯяд Сафаралӣ Қурбонов, сардори  Сарраёсати сармоягузорӣ ва  ҳамоҳангсозии кумаки берунаи кумита. – Соли сипаришуда  воридоти умумии сармояи хориҷӣ 977,8 миллион долларро  ташкил дод. Воридоти  сармоягузории  мустақими хориҷӣ нисбат ба соли пешӣ 93,5 миллион доллар афзуд. Дар сархати  сармоягузорон Ҷумҳурии Мардумии  Чин қарор дорад. Аз ҷониби ин мамлакат ба Тоҷикистон 272,6 миллион доллар ворид гардидааст. Британияи Кабир  68,1 миллион  ва Фаронса 36,8 миллион доллар сармоягузорӣ намудаанд.
Бо ширкати «Кока – Кола Ичечек А.С.» оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи  истеҳсоли маҳсулоти  ғайримашруботӣ ва бо ҶДММ «Ширкати байналмилалии Чжунгтсай моҳир семент» доир ба сохтмон ва ба истифода  додани корхонаҳои истеҳсолии семент, гаҷкартон ва халтабарорӣ дар ноҳияи Ёвон созишномаҳо имзо шуданд.
Бо дастгирии  Ҳукумати мамлакат корхонаи  истеҳсоли  маҳсулоти ғайримашруботӣ бо тамғаи «Кока Кола» дар арафаи  ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шуд. Барои  бунёди он бештар аз 50 миллион доллар сармоягузорӣ гардидааст.
Лоиҳаи баланд бардоштани  рақобатнокии бахши хусусӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати байналмилалии машваратии Олмон «FICHTNER»  мавриди омӯзиш қарор дошта, баъд аз баррасии ҳамаҷониба ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод  мешавад.
Соли гузашта дар доираи лоиҳаҳои  сармоягузории давлатӣ  дар маҷмӯъ 100 маросими кушодани дархостҳои тендерӣ барои хариди мол, кор ва хизматрасонӣ баргузор гардид.
Бо ибтикори кумита дар ҳамкорӣ бо идораҳои дигар ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии муштараки Тоҷикистон бо Қазоқистон, Молдова, Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва гурӯҳи кории доимии  байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории  иқтисодӣ ва саноатӣ омода ва гузаронда шуданд. Инчунин, лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ таҳия шуда, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои кишвар тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ барои мувофиқа ба ҷониби Ӯзбекистон манзур гардид.
Дар асоси супориши Ҳукумати мамлакат зимни  сафари кории сарвазири  Ҷопон ба Тоҷикистон кумита Ёддошти  тафоҳум оид ба ҳамкориро бо ширкати ҷопонии «Cokey systems co., LTD» барои васеъкунии истеҳсолот дар заминаи корхонаи  коркарди решаи  ширинбия ба имзо расонд.
- Ҳадафи мо ҳарчӣ зиёдтар ҷалб намудани  сармояи хориҷӣ барои рушд ва рақобатпазирии истеҳсолоти ҷумҳурӣ  ва истеҳсоли моли содиротию роҳандозии хизматрасониҳои муосири ҷавобгӯ ба талаботи  меъёрҳои байналмилалӣ мебошад, - гуфт Сафаралӣ Қурбонов.

У. МУРОД,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2016    №: 28    Мутолиа карданд: 456

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед