logo

фарҳанг

РӮНАМОИИ "БӮЙИ ҶӮЙИ МӮЛИЁН"

Чанде пеш дар дафтари Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон бо ҳузури донишмандон ва адибони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Покистон ва намояндагони кишварҳои дигари узви ин Созмон маросими рӯнамоии тазкираи шеъри муосири тоҷик “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён” (ба ҳуруфи форсӣ, фарогири ашъори шоирони тоҷик шурӯъ аз Садриддин Айнӣ то ҷавонтарин шоирони имрӯз) ва китоби ашъори раиси Анҷумани шоирони Эрон доктор Фотима Рокеӣ “Шикори лаҳзаҳо” (ба ҳуруфи кирилӣ) баргузор гардид.
Профессор Ифтихор Ҳусейн Ориф, раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ, ҷаноби Неъматулло Эмомзода, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, доктор Фотима Рокеӣ, Раиси Анҷумани шоирони Эрон, доктор Қаҳрамон Сулаймонӣ, муовини пажӯҳишӣ ва омӯзишии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар ин нишаст суханронӣ карда, пиромуни аҳамияти китоби мазкур изҳори назар намуданд.
Сафири Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз бунёнгузори шеъру адаби тоҷикиву форсӣ устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ашъори ҳакимонаи ӯ ба ҷойгоҳи волои адабиёт дар таърих ва ҳаёти ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон ишора намуд.
Профессор Ифтихор Ҳусейн Ориф аз ҷумла гуфт: “Ба назари инҷониб таълиф, тарҷума ва таҳияи ҳар китоб пулест дар ҷиҳати пайванди ақвому милал ва дар ин росто метавон гуфт, ки китоби “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён” чунин рисолатеро анҷом хоҳад дод. Бо хондани ин китоб хонандагони форсизабон бо намунаи ашъори шуарои тоҷик аз устод Садриддин Айнӣ, бунёдгузори адабиёти навини тоҷик, то ҷавонтарин шоирони тоҷик ошно хоҳанд шуд».
Доктор Қаҳрамон Сулаймонӣ иброз дошт, ки осори шоирони насли нави тоҷик, ки дар ин тазкира ҷой дода шудааст, баёнгари ин воқеият аст, ки назми муосири тоҷик дар ҳоли рушду шукуфоии бештар аз қабл мебошад.
Доктор Фотима Рокеӣ, муҳаррир ва сарпарасти нашри китоб дар Эрон, таъкид намуд, ки тақозои зиёд нисбат ба ин китоб эҷоб менамояд, ки он бо шуморагони бештар аз тарафи СҲИ барои ҳамаи кишварҳои форсизабони узви ин созмон дубора интишор гардад. Дар суханрониҳои баъдӣ аз ин пешниҳод ҳимоят шуд.

Рустами ВАҲҲОБ,
сардабири «Садои Шарқ»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2016    №: 28    Мутолиа карданд: 524

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед