logo

иқтисод

ПАРВАРИШГОҲ. ШИКОРИ ҲАЙВОНОТИ НОДИР МУШКИЛИ ЯГОНА НЕСТ

Муассисаи давлатии «Парваришгоҳи баҳри Норак» бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати  кишвар аз 2 ноябри соли 2012, № 631 бо мақсади паст намудани  шиддати таъсири антропогенӣ, ҳарчи зудтар барқарор намудани гуногунии биологӣ, ҳифз ва нигоҳубини боғот ва ҷангалзори  навбунёди  соҳилҳои баҳри Норак таъсис ёфт. Директори парваришгоҳ Файзулло Ҷамилов  дар суҳбат бо хабарнигори  «Ҷумҳурият» оид ба бурду бохт ва мушкилоти муассиса чунин гуфт:

-  Ҷангал ганҷинаи бебаҳои  ҳар кишвар маҳсуб меёбад. Он манбаи ҳифзи гиёҳҳои  шифобахш, хазинаи нигоҳдории олами  набототу ҳайвонот мебошад. Ҷангал ба мардум  оби зулол, ҳавои тоза, доруворӣ ва, дар маҷмӯъ, тандурустӣ мебахшад. Сардори давлат, Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барқароркунӣ,  афзун кардани масоҳати ҷангалзорҳои  кишвар,  ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти  нодир таваҷҷуҳи зиёд  доранд.
Ҳадафи асосии таъсис додани  муассисаи давлатӣ, пеш аз ҳама ҳифзу нигоҳдорӣ, барқарор кардани олами набототу ҳайвонот  афзун гардондани  захираҳои обу моҳӣ, истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, нигоҳдорӣ ва барқароркунии захираҳои  генетикии олами мавҷудоти  ҷангал, пешгирии хатари нестшавии  олами ҳайвоноту моҳӣ, ба монанди гӯсфандони кӯҳии бухороӣ, бабри барфӣ, хирси маллаи тёншонӣ, бузҳои кӯҳии сибирӣ, таъмини нигоҳдории рушди устувори гуногунии биологӣ, инчунин муҳайё  намудани шароити зист ва зимистонгузаронии парандагони нодир ва таъмини устувори  рушди туризми экологӣ мебошад.
Масоҳати заминҳои парваришгоҳ аз ҳисоби кӯҳ, об, талу теппа ва заминҳои ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Файзобод ва шаҳри Норак зиёда аз 30 ҳазору 700 гектарро ташкил медиҳад.
Парваришгоҳ бо намудҳои ҳайво-ноти нодир, дарахтону  гиёҳҳои шифобахши худ мақоми махсус дорад.
Аз олами ҳайвонот дар тарафи чапи дарёи Вахш бузи  кӯҳии сибирӣ, хуки ваҳшӣ, гӯсфанди бухорӣ, қашқалдоқ, рӯбоҳ, сағур, сангпушт, морҳои заҳрнок, хирси малла, гург, харгӯш, кабк, бедона, кабӯтар, уқоби кӯҳӣ, калхот, шоҳин, бум, мушхӯрак, бодхӯрак, мурғобӣ,  ва мурғи ҳилол мавҷуданд. Аз гиёҳҳои шифобахш,  сафро, адрасмон, ангури сагак, гандумак, банги девона, бобуна, чилбуғум, барги зуф, гули хайрӣ, мармиҷон, қоқу, мушкбӯяк, мӯрчахор, пудина, кокутӣ, ҷамилак, пиёзи анзур, раҳдавак, сабзии худрӯй, сиёҳҷорӯб, сӯзанак, чой-каҳак, ҷоҷӣ, чукрӣ, ширинбия, ҳазориспанд, замбурӯғ ва даҳҳо дарахтони ҷангалӣ, назири арча, бодом, писта, мурути ёбоӣ, дулона, туғ, ҳирғай, заранг, арғувон, бушол месабзанд.
Мутаассифона, чӯпонҳо дар мавсими  рондани гӯсфандон  мавзеъҳои сарсабзро ба чарогоҳҳо табдил додаанд, ки ин ба нестшавии дарахтону  гиёҳҳо  оварда мерасонад. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон барои чунин амал  ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.  Мо дар ин  хусус ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардем.
Сарфи назар аз огоҳонӣ ва ҷаримабандӣ, мутаассифона, ҳоло ҳам  буриши ғайриқонунии дарахтон, шикори ҳайвоноти нодир ва моҳӣ  идома дорад. Аммо ин мушкилии ягонаи мо нест. Даҳҳо проблемаҳои дигар, ки рӯ ба рӯи мо истодаанд, ҳалли бетаъхири худро  мехоҳанд. Дар баҳри Норак шумораи моҳиҳои гуногун, ба монанди  форели амударёӣ, ширмоҳӣ, хромулияи самарқандӣ, сагмоҳӣ, лаққачаи  туркистонӣ, амури  сафед коҳиш меёбад. Ҳифзи оламу набототу ҳайвоноти  нодири сарзамини бостонии мо вазифаи миллӣ мебошад. Ба танҳоӣ ҳеҷ як  мушкилот ҳалли худро намеёбад. Дастгирии умум зарур аст. Аз тарафи дигар, дар муассиса мутахассисони соҳаи ҷангал ва моҳипарварӣ намерасанд. Моро зарур аст, ки дар ин самт бо олимони соҳаи биология ва ҷангалпарварӣ пайваста ҳамкорӣ намоем. Ба маслиҳату пешниҳодҳои  олимони соҳа низ сахт ниёз дорем. Бақайдгирии (инвентаризатсияи) захираҳои набототу ҷангал ва олами ҳайвоноту моҳӣ, интихоб ва ташкил намудани қитъаҳои алоҳида бо мақсади ҳифзи рустаниҳои нодир, ташкили майдонҳои кишти  рустаниҳои доруворӣ, барқарор кардани ҷангалзорҳо тибқи муқаррароти илмӣ, таҳияи усулҳои нави нигоҳдории фонди  генетикӣ ва гуногунии набототу ҳайвонот ва  моҳӣ, таъмин намудани обанбори Норак бо намуди  моҳиҳои зудинкишофёбанда, ҳифзи ҷангал ва олами наботот аз сӯхтор ва амсоли инҳо аз ҷумлаи мушкилотеанд, ки ҳалли онҳо ба пешрафти кори мо такони ҷиддӣ мебахшад.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2016    №: 28    Мутолиа карданд: 610

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед