logo

сиёсат

ВМКБ. ҶАШНИ ВАҲДАТ ХОТИРНИШОН ХОҲАД БУД

Масъалаи омодагӣ ба ҷашни 19 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад, дар машварати назди раиси вилоят бо иштироки муовини Сарвазир Азим Иброҳим, гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва аъзои Кумитаи тадорукоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони идораву муассисаҳои марбутаи вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ки Азим Иброҳим иброз дошт, ваҳдати миллӣ ҷашни тақдирсози тоҷикон аст ва ҳамасола он дар минтақаҳои гуногуни кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм аст, ки ваҳдати миллӣ дар ВМКБ ҷашн гирифта мешавад. Ин шаҳодати он аст, ки Президенти кишвар нисбати мардуми меҳмоннавози ин диёр таваҷҷуҳи хоса дорад. 13-солагии Ваҳдати миллӣ соли 2010 дар шаҳру навоҳии вилоят дар сатҳи баланд таҷлил гардид ва боварӣ аст, ки чорабиниҳои имсола дар сатҳи боз ҳам баландтар мегузаранд.
Ба гуфтаи муовини Сарвазири мамлакат, дар доираи нақша - чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба омодагӣ ва таҷлили 19 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузории Фестивали байналмилалии фарҳангӣ-сайёҳии «Боми Ҷаҳон», мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими ваҳдати миллӣ», конференсия дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ», маҳфили адабии «Диёри ваҳдатофаринам - Тоҷикистон», рӯзҳои фарҳанги вилоятҳои Суғду Хатлон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва монанди инҳо дар назар аст.
Дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ бо иштироки меҳмонони воломақоми мамлакат ва хориҷи кишвар намоиши театрикунонидашуда ва барномаи калони консертӣ баргузор мегардад. Ин ҳама, бешубҳа, ба боз ҳам ба боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносии мардум, дар рӯҳияи ватандорию ватанпарастӣ, илмомӯзию донишпарварӣ, садоқат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Воқеаю ҳодисаҳои имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон баамалмеомада маҳз ҳаминро тақозо доранд. Мо сабақҳои талхи ҷанги шаҳрвандии ба сари мардум таҳмилнамудаи душманони дохилию берунии миллатамонро ҳаргиз фаромӯш намекунем. Маҳз сулҳу ваҳдати миллӣ, ки поягузори он Пешвои миллат мебошанд, миллату Ватанро аз нестию парокандагӣ наҷот дод.
Ахиран, Азим Иброҳим, муовини Сарвазири мамлакат, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ба шахсони масъул супориш дод, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд таҳия намудани чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2016    №: 29    Мутолиа карданд: 678

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед